ГУЛШАНИ АДАБ

Замоне, ки Афлотун дар Юнон мактаб сохт...

Замоне, ки Афлотун дар Юнон мактаб сохт, мардум савол карданд, ки духтаронро ба мактаб бифристем ё писаронро?
Афлотун гуфт:
Агар писаронро ба мактаб бифиристед, аз ҳар хонавода як нафар босавод хоҳанд шуд ва агар духтаронро ба мактаб бифиристед, тамоми юнониҳо бо савод мешаванд...

Манбаъ: Донишнома

Абдуллоҳи Қодирӣ

Суханони Лев Толстой

Суханони мондагори Лев Толстой романнависи рус дархӯри ситоиш аст, ки ҳар бор арзиши хонданро дорад.

Башар то замоне, ки зиндагӣ ро ба унвони чизе муқаддас бовар надошта бошад ва ба ҳамнавъони худ ба чашми бародар нигоҳ накунад, зиндагии дигаронро табоҳ хоҳад кард.

Аз саҳифаи Донишнома

‼️ВАҚТЕ КИ ТАНҲО МЕШАВӢ...‼️

❗Вақте ки танҳо мешавӣ, ойина ёдат мерасад,
Ҳамсуҳбати беминнату бекина ёдат мерасад.
Вакте, ки танҳо мешавӣ, рӯ мениҳӣ бар хотира,
Ғамгинтарин афсонаи дерина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, як лаҳзаи гумкардаат,
Монанди як ҳангомаи нақдина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, овоз мехонад сукут,
Фарёди хомӯши диле дар сина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, чун Рустами ҷонсӯхта,
Суҳроб ёдат мерасад, Таҳмина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, дар орзуи як баҳор,
Гулхандаи як дилбари сабзина ёдат мерасад.

Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?

❗Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.
Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки чунин хуб чароӣ?
Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хубони замона,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?
Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон,
Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ.
Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад,
Ту бузургию дар оинаи кӯчак нанамоӣ.
Ҳалқа бар дар натавонам задан аз бими рақибон,

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад...!

❗Он кас, ки бидонаду бидонад, ки бидонад,
Пайваста тавозуъ кунаду кибр бимонад .
Он кас, ки надонаду бидонад, ки надонад,
Ў зуд зи худ занги ҷахолат бираҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бедор кунаш зуд, ки дар хоб намонад.
Он кас, ки надонаду бидонад, ки бидонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддахр бимонад.
Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад,
Аз мурда шумораш, ки касе зинда нахонад!
✍️Абӯали ибни Сино.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

УҚЛИДУС (ЕВКЛИД)

Уқлидус ҳудуди 300 сол пеш аз мелоди Масеҳ зиндагӣ мекардааст ва ӯро падари илми ҳандаса (геометрия) медонанд. Ӯ юнонӣ ва нависандаи муваффақтарин китоби дарсии таърихи "Усул" (Elements) аст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ

Дар бораи Розӣ низ омадааст ӯ нахустин касе аст, ки моддаи химиявии H₂SO₄ -ро, ки имрӯза онро "асиди сулфурик" (Се́рная кислота́ H₂SO₄) мегӯянд ва дар арабӣ "аз-зоҷул ахзар" номида мешавад ва бештар онро "зайт-ур-Розӣ" номиданд, кашф кард.

‼️ИМОРАТ ДАР ВАЙРОНӢ АСТ‼️

❗Он яке омад заминро мешикофт,
Аблаҳе фарьёд карду барнатофт,
К-ин заминро аз чū вайрон мекунū,
Мешикофию парешон мекунū?
Гуфт: Эй аблаҳ, бирав, бар ман махон!
Ту иморат аз харобū боз дон.
Кай шавад гулзору гандумзор ин,
То нагардад зишту вайрон ин замин.
Кай шавад бӯстону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар.
То набишкофū ба наштар пеши чағз,
Кай шавад некӯи кай гардид нағз .
Пора-пора карда дарзū чомаро,
Кас занад он дарзии алломаро?
Ки чаро ин атласи бигзидаро ,

Страницы

Яндекс.Метрика