ГУЛШАНИ АДАБ

Рӯзу шаб аз дилу ҷон толиби дидори туам

Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт,
В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт.

Хокро аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт.

Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?...

Туғрали зораму умрест ҳаводори туам,
Ҳамчу Мансури аналҳақ ба сари дори туам.

Рӯзу шаб аз дилу ҷон толиби дидори туам,
Гар парешонаму ошуфта, вале ёри туам.

Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?

ДЕВОНИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

Китоби мазкур ашъори орифонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дарбар мегирад, ки бо тахаллусҳои Хомӯш ва Шамси Табрезӣ сурудааст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин гулчини атрогин машоми хонандагони гиромӣ ва ҳаводорони каломи сеҳрофарин ва ишқу ирфонро тарзову муаттар месозад.

Асари мазкур аз ҷониби Иброҳими Наққош омода гардида бо теъдоди хеле кам ба нашр расидааст.

Бознашр аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Шӯъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Шахсе гурусна буд ва наздаш карам овараданд...

Шахсе гурусна буд ва наздаш карам овараданд. Ӯ бори аввал буд, ки карам медид.
Бо худ гуфт: Ҳатман мевае даруни ин баргҳо қарор дорад.
Аввалин баргро канд то ба мева расад, аммо боз барги дигаре падид омад ва зери он барг, баги дигаре...
Боз бо худ гуфт: Ҳатман меваи арзишмандест, ки даруни ин қадар баргҳо пинҳон аст.
Гуруснагиаш бештар шуд ва бо суръати бештар баргҳоро меканад ва канор мегузошт.
Вақте баргҳо тамом шуданд, мутаваҷҷеҳ шуд, ки мевае мавҷуд нест. Он гоҳ донист, ки карам, маҷмуае аз ҳамин баргҳост.
--------------

ТОЗАНАШР

Китоби 'Ҳафт девони рубоӣ" (728 саҳ), ки фарогири рубоиёти ҳафт нафар шоирони асрҳои гуногуни классики тоҷику форс аст, тавассути нашриёти "Дониш" аз чоп баромад.

Китоби мазкур рубоиёти Абӯсаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Аттори Нишопурӣ, Афзали Кошонӣ, Маҷди Ҳамгар, Абулвафои Хоразмӣ ва Сармади Кошониро дарбар гирифтааст.

Мураттиб ва таҳиягари китоб Иброҳими Наққош ва муҳаррир Равшани Ҳамроҳ мебошанд.

Манбаъ: Аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

ЗАБОНИ ПОРСӢ

Лаҳни поки модарӣ бошад, забони порсӣ,
Рашки Моҳу Муштарӣ бошад, забони порсӣ.

Накҳате аз "Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён" дорад ба худ,
Гавҳари кони дарӣ бошад, забони порсӣ.

Ёдгор аз родмардони Хуросони бузург -
Рӯдакиву Анварӣ бошад, забони порсӣ.

Шаҳкитоби ормонашро навишта Пири Тӯс,
Ғояти донишварӣ бошад, забони порсӣ.

Қудсиён дар арш байни худ такаллум мекунанд,
Миллати ҳуру парӣ бошад, забони порсӣ.

Шоху барги сабз дорад ин чанори пирсол,
Дӯстдорӣ, дилбарӣ бошад, забони порсӣ.

Аз китоби Абӯлайси Самарқандӣ, ривоят аз Акрама

Рӯзе як мард, аз назди хонае мегузашт, ки он ҷо дарахтеро дид. Он дарахт қариб, ки пурра латтапеч буд, зеро мардуми он маҳалла ба навдаҳои он латтаеро мебастанд ва аз ӯ талаби хоҳишҳои худро мекарданд. Муттаассифона ингуна дарахтон ва мазорҳо дар баъзе аз маҳаллаҳои мо низ вуҷуд доранд.
Он мард, ки хело марди боимону баномус буд, баъд аз он ки дарахтро дид ният кард, ки ҳозир ба хона меравам ва табарро гирифта ин дарахтро решакан мекунам, зеро вай мардумро гумроҳ карда истодааст.

Ҳикояте аз "Маснавии Маънавӣ"

Шахсе иддаъои пайғамбарӣ кард. Ӯро гирифтанд ва назди шоҳ бурданд. Аз шоҳ тақозо карданд, ки шахси муддаъиро муҷозот кунад то мояи ибрати ҳамагон гардад.

Шоҳ дид, ки он муддаъӣ марде лоғарандом ва мурданӣ аст ва ҳатто тоқати як силӣ ро ҳам надорад.
Пас бо худ гуфт: чора дар ин аст, ки бо вай ба нармӣ гуфтугӯ кунам то рози иддаъои ӯ ошкор шавад.
Шоҳ бад-ӯ гуфт: падарҷон; имрӯз субҳ чи хӯрдаӣ, ки иддаъои худойӣ ба сарат задааст?
Он шахс ҷавоб дод: агар луқмаи ноне меёфтам ва мехӯрдам ҳаргиз чунин иддаъое намекардам.

Макаш миннат ба ҳар номарду марде!

Ба қавли Соиби Табрезӣ

Макаш миннат ба ҳар номарду марде,
Мадеҳ дилро ба зиллат дасти фарде.

Агар ӯро ба ту меҳру вафо нест,
Агар ӯ бар ҷароҳотат даво нест,

Раҳояш кун маранҷон хештанро,
Мабар ҳаргиз зи ёдат ин суханро.

مکش منت به هر نامرد و مردی
مده دل را به ذلت دست فردی

اگر او را به تو مهر و وفا نیست
اگر او بر جراحاتت دوا نیست

رهایش کن مرنجان خویشتن را
مبر هرگز ز یادت این سخن را

Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика