ГУЛШАНИ АДАБ

Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона – баҳона

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати мадҳи ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ, ту,
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона – баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона...

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

АЗ ҶОН ГУЗАР КАРД

На ҳар марде чу ӯ аз ҷон гузар кард,
Тани худро ба халқи худ сипар кард.

Хатар меомад ҳар ҷо пеши рӯяш,
Валекин боз ҳам азми сафар кард.

Ба ҳар ҷое сухан аз сулҳ мегуфт,
Дар ин ҷода ба бадхоҳон зафар кард.

Барои модари гумкардафарзанд,
Ҳазорон бор чашми хеш тар кард.

Бувад ӯ Пешвои миллати мо,
Ки бар мо чун падар умре назар кард.

Намуд ӯ Парчами моро парафшон,
Ба юмнаш роҳи миллат пур зи зар кард.

Парешонгаштагонро ҷамъ овард,
Ба тифлони сағир кори падар кард.

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои у,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайхун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Мох сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Рӯзи Рӯдакӣ муборак!

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй...

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён - устод Абӯ Абдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Номи устод Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва Одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.

Ҳикояи Дарвеш аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ

Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд, сангро нигоҳ ҳамедошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омаду дарчоҳ кард. Дарвеш андар хашм омаду санг дар сараш кўфт.

Гуфто:

Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ?

Гуфт:

-Ман фалонам ва ин ҳамон санг аст, ки дар фалон таърих бар сари ман задӣ.

Гуфт:

-Чандин рўзгор куҷо будӣ?

Гуфт:

Аз ҷоҳат меандешидам, акнун, ки дар чоҳат дидам,
фурсат ғанимат донистам.

Носазоеро, ки бинӣ бахтиёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.

ҲИКОЯИ ДУЗД

Дузде ба хонаи подшоҳе нақб зад ва ҷавоҳири гаронбаҳо бардошт. Назараш ба резае афтод, ки мисли алмос медурахшид. Дузд дар он шаби тор онро гавҳари шабчироғ тасаввур карда ҷиҳати имтиҳон бар даҳон гузошт. Маълум шуд, ки намак аст. Филҳол молро ҳамон ҷо бигзошт ва бо як биниву ду гўш роҳи хонаро гирифт.

Субҳ хизоначиён омаданд ва ба ҳузури подшоҳ зоҳир
карданд, ки дар хизона дуздон омада буданд ва молу
ҷавоҳир бардошта, аммо бозгузорида тиҳидаст рафтаанд.

Подшоҳро аҷаб омад ва гуфт

“Оё одам тилло мехӯрад?”

Вақте Искандари Мақдунӣ тамоми ҷаҳонро ба тасарруфи худ даровард ва ба Чин расид, императори Чин ҳангоми маросими қабул ба ҷойи ғизо лаълии пур аз тилло ва ҷавоҳирот овард. Искандар дар ҳайрат монд ва пурсид: “Оё одам тилло мехӯрад?” Император ба ӯ посух дод: “Агар ту бо ғизо қаноат мекардӣ, василаи мавҷудияти худро ба осонӣ дар кишвари худ меёфтӣ. Ин лашкаркашиҳо, забткориҳо ва кушторҳо барои ту чӣ лозим аст?
Чӣ қадар одам барои аз тилло пур кардани хазинаи ту сару ҷон бохтаанд?”

Аз "Таърихи табарӣ "

Страницы

Яндекс.Метрика