На ҳар марде чу ӯ аз ҷон гузар кард,
Тани худро ба халқи худ сипар кард.
Хатар меомад ҳар ҷо пеши рӯяш,
Валекин боз ҳам азми сафар кард.
Ба ҳар ҷое сухан аз сулҳ мегуфт,
Дар ин ҷода ба бадхоҳон зафар кард.
Барои модари гумкардафарзанд,
Ҳазорон бор чашми хеш тар кард.
Бувад ӯ Пешвои миллати мо,
Ки бар мо чун падар умре назар кард.
Намуд ӯ Парчами моро парафшон,
Ба юмнаш роҳи миллат пур зи зар кард.
Парешонгаштагонро ҷамъ овард,
Ба тифлони сағир кори падар кард.
Қадам монад ба ҳар ҷо гул бирӯяд,
Ҳама боғоти моро пурсамар кард.
Ба ҳар ҷо душманонаш хору зоранд,
Шаби зулмонии моро саҳар кард.
Эмоми тоҷикони рӯи дунёст,
Қудумаш Тоҷикистонро дигар кард.