ГУЛШАНИ АДАБ

ЯК_ҒАЗАЛ !

Чун ба гетӣ ҳар чи меояд, равон хоҳад гузашт,
Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт.
Новаки гардун ки ояд, аз ҳама наззора кун,
К-аз каён бигзашт, то низ аз каён хоҳад гузашт.
Ҷуз зи як кас нагзарад як тир, бин дар кеши чарх,
К-аш яке тир аст, лек аз ҳамгинон хоҳад гузашт.
Он ки мегӯяд, ки хоҳам дид поёни ҷаҳон,
Баски бар болои мо пиру ҷавон хоҳад гузашт.
Гар ҷавон гар пир, чун мо бигзарем аз ин ҷаҳон,
Гар бихоҳӣ дид, гӯ то бар чи сон хоҳад гузашт.
Чун гурезам аз ҷафои осмон, чун оқибат

Рӯбоҳ ба шери гурусна гуфт:

Рӯбоҳ ба шери гурусна гуфт:
- Ту харро бикуш, ман ҳам саҳме бармедорам,
Шер гуфт:
- Чи тавр?
- Ба хар бигӯ: “Мо ниёз ба интихоби султон дорем”

Қатъан ту интихоб мешавӣ ва баъд дастур бидеҳ то харро бикушам.

Шер қабул кард ва харро садо зад.

Шер шаҷараномаашро хонд ва гуфт:
- Ҷадд андар ҷадди ман султон буданд.
Рӯбоҳ гуфт:
- Ман ҳам ҷадд андар ҷаддам хидматкори султон будаем.
Хар гуфт ман савод надорам ва шаҷараномаам зери суми ақибам навишта шуда аст!!!

Шарҳи мунтахаби «Гулистони»-и Саъдии Шерозӣ

«Гулистон»-и безаволи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз муҳимтарин, нафистарин ва пурмазмунтарин осори фикриву адабӣ ва ахлоқии тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меояд.

Дар ин маҷмӯа мунтахаби ҳикоёту ҳикматҳо аз ин асари безавол шарҳу тафсир шудаанд.

Ҳар миллати бедор ва худогоҳ фарҳанги худро ҳифз мекунад, меомӯзад ва бо он зиндагӣ мекунад, то фарҳанги дигар бар фарҳанги вай мусаллат набошад.

Умед дорем аз ҷавонон, ки меросбари ин фарҳанги бузург ҳастанд, онро соҳибӣ кунанду омӯзанд ва сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Султони ишқ

Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ҷон, бе ман марав,
Эй ҳаёти дӯстон, дар бӯстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй қамар, бе ман матоб,
Эй замин, бе ман марую эй замон, бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй аён, бе ман мадону эй забон, бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон, бе ман марав.
Шаб зи нури моҳ рӯйи хешро бинад сапед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав
Хор эмин гашт з-оташ дар паноҳи лутфи гул,

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод.
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод
✍️Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

Ибодат - хидмат кардан ба халқ аст...

Аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ пурсиданд:
Ибодат чист?
Фармуд:
Ибодат-хидмат кардан ба халқ аст...
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест
Саъдӣ
Пурсиданд: Чи гуна?!
Гуфт: Агар ҳар пешае, ки ба он иштиғол дорӣ, ризойи Худо ва мардумро дар назар дошта бошӣ, ин номаш ибодат аст.
Пурсиданд: Пас намозу рузаву хумс...??
Гуфт: Инҳо итоъат ҳастанд, ки бояд банда баройи наздик шудан ба Худо анҷом диҳад то анвори Ҳақ бигирад..!

КУЛЛИЁТИ ҒАЗАЛИЁТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Китоб аз куллиёти ғазалиёти фасеҳу малеҳи яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти тоҷикӣ Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (1184-1292) фароҳам омада, шуморо вориди ҷаҳони андешаҳои волояш мегардонад ва машоми ҷонатонро муаттар медорад.

Ҳафт кишвар намекунанд имрӯз
Бе мақолоти Саъдӣ анҷумане.

Китоби мазкур ба алоқамандони ғазалҳои фасеҳу малеҳи Саъдии Шерозӣ пешниҳод мегардад.

Аз хазинаи маърифат

ХАБАРИ МАРГИ НОБЕЛ

Алфред Бернҳард Нобел аз зумраи шинохтатарин олимони ҷаҳон аст, ки пеш аз вафоташ хабари фавти худро дар рӯзнома хондааст.

Вақте бародараш Людовик вафот мекунад, рӯзномаҳо иштибоҳан фикр мекунанд, ки ихтироъгари динамит Алфред Нобел даргузаштааст.

Страницы

Яндекс.Метрика