Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ҷон, бе ман марав,
Эй ҳаёти дӯстон, дар бӯстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй қамар, бе ман матоб,
Эй замин, бе ман марую эй замон, бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй аён, бе ман мадону эй забон, бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон, бе ман марав.
Шаб зи нури моҳ рӯйи хешро бинад сапед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав
Хор эмин гашт з-оташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав.
Дар хами чавгон-т менозам, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман манӯш.
Чун ба боми шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав,
Войи он кас, к-ӯ дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ман туӣ, эй бенишон, бе ман марав.
Войи он, к-ӯ андар ин раҳ меравад бе донише,
Дониши роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони ишқ,
Эй ту болотар зи ваҳми ину он, бе ман марав.
Шамси Табрезӣ
Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ