ГУЛШАНИ АДАБ

ОМӮЗГОР ВА МОҲИДОРӢ

Рӯзе як шогирд ба омӯзгори худ шикоят кард:

– Шумо ба мо ҳамеша саволҳо медиҳед ва аз мо интизор ҳастед, ки худ ҷавобҳоро ёбем. Чаро ба мо мустақиман ҳеҷ чизро намегӯед?

Омӯзгор шогирдро ба назди дарё бурд ва гуфт:

– Агар ман ба ту моҳӣ диҳам, ту як бор сер хоҳӣ шуд. Аммо агар туро моҳидорӣ омӯзам, ту ҳамеша худро таъмин хоҳӣ кард. Ҳамин тавр, агар ман ба ту ҷавобҳоро диҳам, ту танҳо як бор меомӯзӣ. Аммо агар ман туро маҷбур кунам, ки худ фикр кунӣ, ту тамоми умр донистан хоҳӣ гирифт.

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Чораи мард ва зани бечора

Як бор шахсе аз суханони хонумаш ранҷида шуд ва савганд ёд кард: «То замоне, ки ту бо ман сухан нагӯӣ, ман бо ту сухан нахоҳам гуфт».

Аз Ибни Рушд пурсиданд:

Аз Ибни Рушд пурсиданд:

Дар тамоми умрат чанд ҷилд китоб мутолеъа кардайӣ?

Ҷавоб доду гуфт:

Дар зиндагиям фақат ду шаб мутолеъа накардам;
Яке шаби арусиам,
ва дигар шаби вафоти падарам.

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Ҳиммат ва кӯшиш

Рӯзе ҳазрати Сулаймон мӯрчаеро дар таги кӯҳе дид, ки машғули ҷо ба ҷо кардани хокҳои пойини кӯҳ буд.

 

Аз ӯ пурсид: Чаро ин ҳама сахтиро таҳаммул мекунӣ?

 

Мӯрча сарашро боло овард ва посух дод: Маъшуқаам ба ман гуфтааст, ки агар ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунӣ, ба висоли ман хоҳӣ расид ва ман ба ишқи висоли ӯ мехоҳам ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунам.

 

Сулаймони набӣ фармуд: Ту агар умри ҳазрати Нуҳро ҳам дошта бошӣ наметавонӣ ин корро анҷом диҳӣ.

 

Мӯрча гуфт: тамоми кӯшишамро мекунам…

 

ОЗОДАНДЕШӢ ВА ДУНЁМАДОРӢ ДАР РУБОИЁТИ АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

То мадрасаву манора вайрон нашавад,
Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.
То имон куфру куфр имон нашавад,
Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.

Биё ҳоҷӣ зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун

Биё ҳоҷӣ зи ҳаҷ рафтан ҳазар кун,
Мазори ҳазрати дилро гузар кун.
Худо дар Макка зери сахраҳо нест,
Ҳамеша бо туву аз ту ҷудо нест.
Худоеро, ки бо ӯ мешавӣ маст,
Зи гардан ҳам ба ту наздиктар ҳаст.
Туро ин бинишу андеша танг аст,
Ки пиндорӣ, Худоят зери санг аст.
Худованде, ки Раҳмону Раҳим аст,
Маконаш дар дилу чашми ятим аст...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

ҚИССАИ ЗАНИ ПОКСИРИШТ ВА МӮСО(А)

Гӯянд зани зебо ва поксириште назди ҳазрати Мӯсо (а) омад ва ба ӯ гуфт:
- Эй Паёмбари Худо барои ман дуъо кун ва аз Худо бихоҳ, ки ба ман фарзанди солеҳе ато намояд, то қалбамро шод кунад.
Ҳазрати Мӯсо дуъо кард, ки Худо ба ӯ фарзанде ато кунад.
Нидо омад аз ҷониби Худованд: "Эй Мӯсо ман он занро ақим ва нозо офаридаам".
Ҳазрати Мӯсо ба зан гуфт, ки Худованд туро ақим офаридааст.
Зан рафт ва як сол баъд баргашт ва боз гуфт:
- Эй Мӯсо дуъо кун, ки Худованд ба ман фарзанде ато кунад.

ҚИССАИ БАҚҚОЛ ВА ТӮТӢ

Буд баққолеву вайро тӯтие,
Хушнавое, сабз, гуё, тӯтие.
Бар дӯкон будӣ нигаҳбони дӯкон,
Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.
Баққол (фурушандаи озуқа) дар дӯкони хеш тӯтии шаккаршикане дошт. Тӯтӣ бо гуфтаҳои ширину намакини худ муштариёнро ба дӯкони баққол мехонд ва баққол низ ба навое мерасид. Рӯзгор бар ин ҳол мегузашт, то ин ки рӯзе гурбае дар дӯкони баққол мушеро дунбол кард ва тӯтӣ, ки сахт тарсида буд, аз тарси ҷони худ:
Ҷаст, аз сӯи дӯкон, сӯе гурехт,
Шишаҳои равғани гулро бирехт.

Страницы

Яндекс.Метрика