Мақола

ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ

Инак мо дар моҳи Раҷаб қарор дорем. Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои муқаддас аст, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меъроҷ рафта буданд. Ин моҳест, ки дар он барои мусулмонон намоз фарз шуд, моҳест, ки шахси мусулмон бояд барои моҳи мубораки Рамазон омода шавад, рўза дорад ва аз тамоми амалҳои нописанд иҷтиноб варзад.

Аз давраҳои пеш аз Ислом бо фаро расидани моҳи Раҷаб душманон бо ҳам мусолиҳа мекарданд, қатлу куштор, бадиву бадбинӣ як сў гузошта мешуд. Тамоми қабилаҳои араб ҳурмати моҳи Раҷабро риоя мекарданд.

Дурнамои илм ва маориф дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)

Паём – илҳомбахши иқдомҳои нав

Бидуни шак Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ хеле муассир ва илҳомбахш буд.  Новобаста аз он, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар соли сипаригашта дар буҳрони азими иқтисодию сиёсӣ қарор дошт, мардуми шарафманди кишвар дар зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи сарвари худ ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб шуданд.

ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ СЎФӢ АЛЛОҲЁР (РҲ)

Сўфӣ Аллоҳёр (рҳ) дар нимаи дуюми асри 17 ва аввали асри 18 дар хонии Бухоро умр ба сар бурда, ҳамчун олими фақеҳ ва шоири мутасаввифи зуллисонайн (яъне тоҷикӣ ва ўзбекӣ) дар тарғибу ташвиқи дини мубини Ислом ва ахлоқӣ ҳамидаи муҳаммадӣ дар таърихи мардуми Осиёи Миёна нақши босазое гузоштааст. Дар бораи соли таваллуди Сўфӣ Аллоҳёр афкори мухталиф мавҷуд аст. Ў тахминан дар байни солҳои 1630 -1650 ва мувофиқи таҳқиқоти охирин соли 1663 дар деҳаи Минглари Каттақурғон ба дунё омадааст.

ПАЁМ — ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА. РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАД

Дар сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия ҳамчун давлати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини сатҳи зиндагии арзандаи шаҳрвандон ва инкишофи озодонаи онҳо таваҷҷуҳи бештарро ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона месозад.

ТАЪРИХИ СОЛИ НАВ

Мавқеи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рушди фарҳангӣ тоҷику форс

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи он мутафаккирони бузургест, ки осори ӯ дар маърифат ва рушди ҷомеа нақши бузурге доштааст. Фаъолияти мутафаккирони бузурги гузашта, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавқеи хосаеро ишғол менамояд, зеро андешаҳои илмӣ ва маърифатии онҳо барои рушди ақлу фарҳанг хидмат мекунад. Идеяҳои ӯ аз идеалҳои олӣ, зебоии ахлоқӣ ва адолат фаро гирифта шудаанд. Андешаҳои тарбиявии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар замони мо арзиши худро гум накарда, хоҳиши воқеан инсониро ба ростиву адолат ва некӣ баён мекунанд.
 

ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ ИТТИЛООТИИ ТЭТ НАҲЗАТ ВА ГУРӮҲИ 24 ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ БА ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН

Дар замони муосир ҳузур надоштан дар фазои маҷозӣ дар шароити феълӣ барои насли наврас ва бавижа, насли ҷавон номумкин аст, зеро ки ҷаҳони мутамаддини инсонӣ бо ин тарзи иртиботи гурӯҳию ҷамъӣ зиндагӣ мекунад ва дур будан аз ин гуна муҳити иттилоотӣ ва расонаӣ дур будан аз воқеият ҳисобида мешавад.

Страницы

Яндекс.Метрика