Мақола

Иштироки Нурулҳақов Қамар дар Конфренсияи байналмилалиии “Ислом ва провославие (отродоксӣ) – таҷрибаи ҳамкорӣ ва алоқамандӣ"

КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БИШКЕК

Сайфулло Мулоҷонов: «Парчам таҷассуми ҳувияти миллӣ ва пайванди сарзамину мардуми он аст»

22 ноябр дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, оид ба таърихи пайдоиш ва паҳлӯҳои гуногуни ин рамзи муҳими давлатӣ табодули назар намуданд.

Дар зер андешаҳои сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷоновро манзури хонандагон мегардонем.

Муносибати устоду шогирд дар симои Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ

Имоми Аъзам ба ҷуз он ки дар офоқи улуми исломӣ ба қуллаҳои баланд расида буд ва таълиму тадриси ӯ ҳама қаламрави ҷаҳонро фаро гирифт, инчунин дар тарбия низ хеле мақоми боло дорад ва аз боризтарин мураббиёни ислом маҳсуб меёбад. Шогирдон ва дастпарварони ӯ ба маҳфили илмии ӯ меомаданду аз он бо баробари даст ёфтан ба хирад, аз ахлоқу инсонигарӣ низ хеле баҳраи фаровон мебурданд.
Ӯ худ намунаи барҷастаи хоксорон ва парҳезгорон аст, ҳатто ба файзи як суҳбати муаддабонаи ӯ ашаддитарин душманонаш ба зумраи мухлистарин шогирдонаш мепайвастанд.

ДАРДО, КИ РОЗИ ПИНҲОН ХОҲАД ШУД ОШКОРО

...дар марҳилаи тақвият ёфтани равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа зуҳуроти номатлуби хатару таҳдидҳои ифротгароӣ эҳтимол дорад. ҳодисае, ки рӯзи 6 ноябри соли 2019 дар минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст, намунаи кӯшиши тағйири шеваи мубориза аз ҷониби созмонҳои террористӣ ҳамчун аксуламал ба устувор шудани роҳандозии чораҳои зиддитеррористӣ ва зиддиифротӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақа аст. Инро метавон ба ҳамлаи вопасин ва навмедонаи даррандаи захмишуда ташбеҳ дод.

Семинари илмӣ-назаривӣ ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ИСТИҚЛОЛИЯТ, КОНСТИТУТСИЯ ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

 

 

4 ноябри соли 2019 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявиро ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар оѓози семинар директори муассиса ҳамаи кормандонро ба муносибати ҷашни фархундаи қабули Қонуни сарнавиштсози миллат табрику муборакбод намуда, дар мавзўи "Истиқлолият, Конститутсия ва озодии виҷдон" гузориши таҳлилии илмӣ пешниҳод кард. Матни пурраи гузориш чунин аст:

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ, КОНСТИТУТСИЯ 

ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

 

Конститутсия – кафили ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон

 

Дар асоси моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Конститутсияи ҶТ дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавқеи аввал истода, қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад.

ПЕШГИРӢ АЗ МУБОРИЗА ОСОНТАР АСТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки асри XXI асри технологияю иттилоот аст. Мо дар замоне қарор дорем, ки дар зиндагии ҳаррӯза бо технологияҳои гуногуни муосир сару кор мегирем. Технологияҳои муосир аз як тараф зиндагию кору фаъолияти одамизотро сабук гардонад, аз тарафи дигар ҷонибҳои манфӣ низ дорад. 

БАЪЗЕ ОМИЛҲОИ ПОЙДОРИИ ТААССУБИ ДИНӢ

Дар даврони истиқлолият муносибати давлат ба дин комилан дигаргун шуд ва албатта, давраи гузариш дар ин самт баъзе тағйироти ҷиддиро тақозо менамояд. Геополитикаи сиёсии ҷаҳон ғояҳои идеологии нав-ро дар ниқоби динӣ дар байни мусулмонон пайваста истифода бурда истодааст. Мубориза бар зидди терроризм, ифротгароию таассуби динӣ ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ ва тафриқаандозӣ табдил ёфтааст. 

Страницы

Яндекс.Метрика