❗Он яке омад заминро мешикофт,
Аблаҳе фарьёд карду барнатофт,
К-ин заминро аз чū вайрон мекунū,
Мешикофию парешон мекунū?
Гуфт: Эй аблаҳ, бирав, бар ман махон!
Ту иморат аз харобū боз дон.
Кай шавад гулзору гандумзор ин,
То нагардад зишту вайрон ин замин.
Кай шавад бӯстону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар.
То набишкофū ба наштар пеши чағз,
Кай шавад некӯи кай гардид нағз .
Пора-пора карда дарзū чомаро,
Кас занад он дарзии алломаро?
Ки чаро ин атласи бигзидаро ,
Бардаридū, чū кунам бидридаро ?
Ҳар бинои кӯҳна ободон кунанд,
Не ки аввал кӯҳнаро вайрон кунанд?
Ҳамчунин наччору ҳаддоду қасоб,
Ҳасташон пеш аз иморатҳо хароб
То накӯбū гандум андар осиё,
Кай шавад ороста з-он хони мо!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ.