ҶАҲОНБИНИИ МАВАЛОНО ҶОМӢ

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар миёни аҳли қалам ва дониш ба ҳайси олим, мутафакир,адиб ва орифи барҷаста шуҳрат дорад ва таҳқиқи ақоиду ҷаҳонбинии ӯ ин нуқтаро таъйид менамоянд. Ба назари шарқшиноси маъруфи англис Эдвор Броун “вай яке аз он бузургон устодони номист,ки хоки Эрон парваронида” зеро вай  шоири бузург, муҳаққиқи бузург ва ҳам орифи бузург аст”.

Фаъолияти густурдаи иҷтимоӣ, адабӣ ва ирфонии Мавлоно Ҷомӣ дар таҳавули мактабҳои фикри ва адабии замон таъсири бузург расонидааст. Андеша ва орои Мавлоно Ҷомӣ  дар заминаи мазҳаб ва усули ақоид, равишҳои каломи, ва тасаввуфу ирфон шомили нукоти муҳим ва омӯзанда аст ва ба омӯзиши ҷаҳонбини Ҷомӣ метавон бо вазъи эътиқодоти мазҳабӣ ва равишҳои фикрии замони ӯ ошноӣ пайдо кард.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, эътиқодоти мазҳабии ӯ бар пояи ҳамин шуъбаи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат асос ёфтааст. Муаллифони маноқиби Ҷомӣ  ўро аз авлоди яке аз шогирдони маъруфи Имоми Аъзам Абуҳанифа – Имом Муҳаммади Шайбонӣ қайд кардаанд. Чунончи, Фахриддин Алии сафӣ дар “Рашаҳод” менависад:  “Пӯшида намонд , ки нисбат шарифи  ҳазрати Маҳмуд  ба шайхи олам, имом-ул-муҷтаҳид ,  вориси улум-ул-анбиё ва-л-мурсалин Имом Муҳаммади Шайбонӣ(р) мерасад, ки яке аз бузургони муҷтаҳидон  дар мазҳаби  Иоми  Аъзам Абуҳанифаи Куфӣ будааст. Дар ҷадвали эшон мавлоно Шамсиддин Муҳаммади  Даштӣ аз машњуртарини  аҳли илму тақво будаанд ва мансуб  ба маҳаллаи Дашт  аз маҳрусаи исфаҳон, ки  ба воситаи  баъзе ҳаводиси замон  аз ватани маъруф  ба вилояти Ҷом омаданд  ва амри қазову фатво ишғол намуда ва модару падари эшон аз фарзандони Имом Муҳаммади Шайбонӣ аст”.

Мавлоно Ҷомӣ, ки дар улуми шаръӣ табаҳҳури комил дошт, чанд рисолае роҷеъ ба масъалаҳои шаръӣ навиштааст. Ба монанди “Тафсир”-и нотамом, ки то ояти 40-и сураи “Бақара”- ро дар бар мегирифт,  “Шавоҳид-ун-нубуват”- дар шарҳи зиндагонии Паёмбари акрам (с), чанд рисолаи хурду бузург дар шарҳи аҳодиси Пайғамбар (с), маносики ҳаҷ ва ғайра. Дар поёни дафтари аввали  “Силсилат-аз-заҳаб” Мавлоно Ҷомӣ манзумае дорад бо унвони “Эътиқоднома”, ки тибқи ишорати шоир бо хоҳиши писар Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор-суфӣ ва орифи замони худ навиштааст. Ин манзума, ки мубтанӣ ба усули ақоиди исломист, муҳимтарин масоили эътиқодии мусулмониро бар асоси мазҳаби ҳанафӣ дар бар мегирад. Худи шоир ба ин ишора карда мегӯяд:

Номае буд бас азим-уш-шон,                                                                                           

Қуръат-ул- айни Хоҷа мурсали он.                                                           

Ҳосили номаи он, ки мебояд,                                                                     

Чанд байте равон ба назм ояд.                                                                                     

Дар байни ақоиди ислом,                                                                                               

Кофӣ андар баёни ону тамом.                                                                                       

Онақоид, ки забдаш осон аст,                                                                                                       

В-андар он хосу ом яксон аст.                                                                                                                  Ҳарки ҳаст аҳли суннату диндор,                                                                                                            Бошад ӯро зи ҳифзи он ночор.

Дар байти охир шоир сареҳан ишорат мекунад, ки “Эътиқоднома”-ро бар мабнои мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат навиштааст ва хоҳиши фарзанди Хоҷа Аҳрор низ ҳамин будааст.

Дар ин манзума Ҷомӣ роҷеъ ба вуҷуди Ҳақ, ваҳдату сифоту афъоли Худо, вуҷуди малоика, имом, мақоми Пайғамбарӣ, хотам-ул-анбиё, шариати муҳаммадӣ, меъроҷи Паёмар (с), китобҳои Аллоҳ, фазилати уммат ва олу асҳоби Муҳаммад (с), азоби қабр, дузаху ҷаннат ва аҳли онҳо ва ғайра аз назари аҳли суннат баҳс мекунад, ки хеле омӯзандааанд ва барои имрӯзиён омӯхтани ин фасл хеле муфид аст. 

Агар манзумаи “Эътиқоднома”-и  Ҷомӣ бо маъхазњои  муътабари мазҳаби ҳанафӣ, махсусан  “Фиқҳи акбар”-и  Имом Абуҳанифа муқоиса карда шавад, онро метавон назми мухтасари асари Имоми Аъзам ба ҳисоб овард. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки Мавлоно Ҷомӣ, дар баробари баёни ақоиди каломиӣ дар хилоли осори бадеӣ, хусусан маснавиҳои “Ҳафт авранг” рисолаи алоҳидае бо унвони “Дуррат-ул-фохира” навиштааст, ки бахше аз онро мабоҳисаи каломӣ ташкил мекунад. Аз муқаддимаи он бармеояд, ки Мавлоно Ҷомӣ дар замони худ яке аз марҷаъҳои илми калом ба ҳисоб меомадааст. Рисолаи номбурда ба хоҳиши Султон Муҳаммади дувуми Усмонӣ навишта шудааст.

Мавлоно Ҷомӣ пайрави тариқаи Нақшбандия буд ва кулли осори худро бар вифқи орои ин силсила навиштааст. Бояд қайд кард, ки муассисону пешвоёни силсилаи Нақшбандия ташаббусеро,ки Ғаззолӣ дар амри наздик кардани тасаввуф ва ирфон бо шариат анҷом дода буд, идома доданд. Дар амри робитаи ин силсила бо ҷомеа аввалан хидмати Абдухолиқи Ғиждувоӣ бузург аст ва баъдан Хоҷа Баҳводдини Нақшбанд низ иқдомро пайгирӣ ва устувор кард.   

Усул ва таълимоти Нақшбандия бар ҳашт поя бунёд ёфтааст, ки бо таъбироти зайл ифода ёфтаанд: ҳуш дар дам, хилват дар анҷуман, сафар дар ватан, назар дар қадам, ёд кардан, бозгашт, нигаҳдошт, ёддошт. 

Дар садаи  XV  бузургони силсилаи Нақшбандия ҳама пайрави мактаби “ваҳдати вуҷуд”-и Ибни Арабӣ буданд ва Ҷомӣ низ ба пайрави ба эшон тадриҷан муътақид ба мактаби Ибни Арабӣ гардид. Мавлоно Ҷомӣ як силсила рисола ва шарњњо бар осори Ибни Арабӣ, пайравони ӯ ва дигар осори адабию ирфони навиштааст, ки ҳама ба шеваи мактаби ваҳдати вуҷуд аст. Шарҳи аввалини Ҷомӣ бар осори Ибни Арабӣ “Нақд ан-нусус фи шарҳи Нақш-ил-фусус”-и  ӯст, ки шарҳест ба талхиси “ Фусус-ул-ҳикам” мавсум ба »Нақш-ул-фусус« .

Мавлоно Ҷомӣ дар миёни аҳли адаби замони зуд ва асрҳои баъдӣ ҳамвазни Ибни Арабӣ ва баъзан аз вай беҳтар маҳсуб мешудааст.  Абдуннабии Фахруззамонӣ дар “Тазкираи Майхона” дар ин бора навиштааст: “Дар ҳар илме он баҳри донишро қудрати тамоме буда. Чунончи таснифоти дилпазиру таълифоти беназир дар ҳар боб аз эшон ёдгор ба саҳифаи рӯзгор монда, ба тахсис дар илми тасаввуф, ки аҳли тамйиз эшонро қаринаи Уҳйиддини Арабӣ мехонанд ва уламои Мовароуннаҳр ӯро дар ин илм аз шайхи мазкур беҳтар медонанд.    “Шарҳи “Фусус” ва “Нақд-ун-нусус” ва  “Лавоеҳ “-ро дар он илм навиштаанд. 

Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷомӣ адибу ориф ва мутафаккири бузургест, ки бо баёни маҷмӯи афкор ва ақоиди мазҳабию каломӣ, андешаҳои ирфонӣ дар осори худ, вазъи ҷараёнҳои фикрии замонро инъикос намудааст.

 

Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ                           Наботов М.А.

Яндекс.Метрика