Модар! Чи калимаи бузург ва зебост, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон меорем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.
Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксории модар ниҳон аст. Дар ҷаҳон муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирем. Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои ӯро бо ҳеч чиз наметавон баробар кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он нафаре, ки аллаи модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он дарҷ меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба воярасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддун мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу буми ватан тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯйи олам аст. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсони рӯйи олам аст. Hавозиши дастони модар беҳтарин ҳиссиёт аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.
Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст, онҳо хеле бузурганд!
Дар мавриди мақому манзалати модар ва ҳурмату эҳтироми ӯ Паёмбар (с) фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».
Абӯҳурайра (раз) мегӯяд: «Шахсе назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт:
- Ё Расулуллоҳ (с), сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам кист? Фармуданд: - Модар, сипас модар, боз модар, баъд аз он падар. (Муттафақун алайҳ).
Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар (с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ, фарзанд бояд шафқатро нисбати ӯ бештар кунад.
Давлати фарзандон модар аст. Ҳаёт худ шеъре аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Бояд ҳар фарзанд ба қадри модари худ бирасад.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Ин ҳама бузургиву қимати модарро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром гузошта, иброз доштанд, ки меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин Иди модарон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургии модарону бонувон арҷгузорӣ намоем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт намуда, ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.
Дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва фароҳам овардани ҳамаи имкониятҳо ба бонувони тоҷик бо мақсади баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаашон нишонаи волои арҷгузорӣ ба занону модарон мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо ин рӯзи баҳорӣ ҳамаи модарону хоҳаронро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди модарон табрику муборакбод намуда, барои ҳамаи бонувон азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар ҳар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад!
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.