ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ИЛМОМӮЗӢ – ОМИЛИ АЗ БАЙН БУРДАНИ СИЁСИСОЗИИ ДИН

Мавзуе, ки ҳоло дар пешорӯи мо қарор дорад, бисёр густурда ва доманадор буда, аз қадимтарин давраҳо зери баҳсу мунозираҳо кашида шудааст. Чун дин эътиқод, пайравӣ, эҳсосот ва падидаи отифӣ дар байни аксари мардуми ҷомеаи ҷаҳон шинохта шудааст, ҳаргиз бо сиёсат, ки падидаи зӯрӣ, маҷбуркунӣ, бадастоварии манфиатҳост, созгор набуд, нест ва нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, омехта кардани ин ду падидаи бо ҳам зид ва олуда кардани кори ин дуро бо якдигар берун аз ақлу тафаккури солим меҳисобем. Масъалаи мазкур ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҷомеашиносону коршиносон қарор гирифта, барои омӯзишу пажӯҳиши ҷанбаҳои мухталифи ин масъала дар саросари ҷаҳон мактабҳову институтҳои зиёд рӯи кор баромадаанд. Агар ба таърихи тамаддуни башарӣ назар кунем, худ шоҳиди азбайнравиҳову аздастдиҳиҳои империяҳо ва салтанатҳои бузурги олам мегардем, ки дар аксар маврид сабаби ин нокомиҳо олудашавии дин бо сиёсат ва ё сиёсисозии дин гардидааст.
Чунин паёмади ногуворро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии асрҳои миёнаи ҷомеаи Аврупо мушоҳида кардан мумкин аст, ки пайравони дини масеҳӣ ба равияҳои протестантиву католикӣ тақсим шуда, тамоми умури давлатдорӣ ва ҳокимияти сиёсиро дар даст доштанд. Чун сиёсат падидаи маҷбуркунӣ ва зӯроварист, рӯҳониён низ аз он истифода карда, аз номи Худо ва расулони ӯ баъзе ғаразҳои нопоки худро пиёда мекарданд. Масалан, дар асрҳои миёна ҷамъияти Аврупо бо мушкилиҳое дучор шуд, ки олимонро ба бӯҳтону туҳматҳо ба қатл мерасонданд. Дар чунин вазъияти мудҳиш олимону файлусуфон, ба монанди Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей ва дигарон ба омӯзишу кашфиёти ҳодисаҳои табиии олам шурӯъ карданд ва барои аз карахтӣ ва бебунёдии таассуби динӣ берун кардани ҷомеа замина гузоштанд, ки оқибат рӯҳониёни масеҳӣ онҳоро бо азобҳои вазнин ба қатл расонданд.
Ин гуна ҳолат дар таърихи халқи тоҷик низ мушоҳида мегардад. Агар чанде мардуми форсу тоҷик империяҳои бузургро сарварӣ мекарданду дар саргаҳи давлатдорӣ барои дигар халқҳо намуна буданд, марҳилаҳои догматизми динӣ ва таассубгароию хурофотпарастиро борҳо паси сар намудаанд. Барои мисол метавон аз империяи Сосонӣ, ки пайрави дини зардуштӣ буданд, аз сиёсисозиҳои масъалаҳои марбут ба динро ёдрас кард. Ҳамчунин, ин масъаларо дар таърихи навини давлатдории худамон возеҳу равшан мушоҳида кардаем, ки то ба ҳол бархе аз қисматҳои ҷомеа ва самти фаъолияти умури давлатӣ ба мушкилиҳо дучоранд. Ҳарчанд миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ озодиву соҳибихтиёриро ноил гаштанд, вале он догматизми динӣ ва ё хурофоту ҷаҳолати баъзе аз ашхоси ҷомеа баҳри ба даст овардани ҳадафҳои нопоки худ ғаразу идеяҳои худро пиёда кардаанд. Натиҷаи чунин худхоҳию мардумфиребӣ ба ҳамагон маълум аст. Вобаста ба масъалаи мазкур, аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ борҳо таҳлилҳои коршиносон рӯи кор баромада, собит сохтанд, ки дар нооромию бетартибиҳои сарзадаи солҳои 1990-ум маҳз, сиёсисозии дин ва бегонапарастию ҷаҳолати баъзе аз ашхос сабаб шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омехта кардани сиёсат бо дин дар замони муосир ба проблемаҳои глобалӣ табдил ёфта, сабаби нооромию ноадолатиҳои зиёд гаштааст. Дин ҳамчун нигоҳдорандаи меъёрҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ қабул гардида, дар таҳким бахшидани муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳамияти бузург дорад. Нақш ва аҳамияти тарбиявию ахлоқии дин аст, ки инсон дар аксар ҳолат аз бетартибию бадрафториҳо даст мекашад. Аммо, мутаассифона, худ шоҳиди онем, ки дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон дин ҳамчун василаи бадастории манфиати абарқудратҳо ба кор бурда мешавад.
Дар низоми сиёсии имрӯзаи ба ном «ҷаҳони ислом» гурӯҳҳои бо ном исломӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ тавассути ҷорӣ кардани аҳкоми гӯё динӣ мардумонро тарс дода, таҳти таъсири хеш дароварда, худро чунон вонамуд месозанд, ки онҳо айни ҳақиқатанд. Онҳо худро ворису пайрави паёмбари ислом ва иҷрокунандаи аҳкоми осмонӣ муаррифӣ намуда, барои пайравони дин дастурот медиҳанд. Аммо, агар ба амали худи онҳо нигарӣ, он ҷиноятҳо ва зиёнкориҳое, ки содир мекунанд, паси парда қарор мегиранд.
Ин ҷо зикри баъзе аз аҳодиси набавӣ, ки ба илмомӯзиву фановарӣ ҳидоят мекунанд, айни муддаост: «Фоидаи илм зиёдтар аст аз фоидаи парҳезгорӣ», «Омӯхтани илм ҳам бар марди мусулмон ва ҳам бар зани мусулмон фарз аст», «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ!» ва ғ. Аз ин гуфтаҳои паёмбари ислом бар меояд, ки мақоми илм ва олимро дини ислом арзиши баланд додааст. Вобаста ба ин, муҳаққиқону коршиносони ватанӣ ибрози андеша кардаанд, ки баъзе аз мусулмонону ғайримусулмонон, қисме аз рӯи ҷаҳл, қисме аз рӯи ғараз илми дар Қуръону суннат баён гардидаро танҳо илми дин арзёбӣ намуда, онро аз улуми дунёӣ ҷудо медонистанд, ки ин комилан ғалат аст. Масалан, дар ҳадиси машҳуре аз паёмбари ислом омадааст: «Талаб кунед илмро, ҳатто агар дар Чин бошад». Ин ҳадис далели комил аст, ки мурод аз «илм» дар ин ҳадис илмест ғайри илми дин. Ҳол он ки 1400 сол пеш дар кишвари Чини он замон, ҳанӯз аз ислом нишоне набуд, омӯхтани илми дин номумкин буд, яъне сухан дар бораи илми ғайридинӣ, илмҳои дунявӣ меравад. Ин ҷо мақсад аз баёни ҳадисҳо ба ошкор сохтани баъзе аз афкори носолиму зулмпарасти гурӯҳҳои тундрав, ки гӯё аз дин ва аҳкоми шаръӣ сухан мекарда бошанд, пайвастагӣ дорад. Чунин вазъияти ногуворро имрӯз возеҳу равшан дар амалкарди ҳаракати «Толибон» метавон мушоҳида кард, ки ҳуқуқу озодиҳои зан ва умуман арзишҳои умумибашариро нақз ва поймол мекунанд.
Бояд дар назар дошт, ки ҷомеаи муосирро аз тариқи хурофоту таассуб идора намудан ғайри имкон буда, барои аз мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ берун кардани ҷомеа тавассути догматизми динию таассубкорӣ ҳаргиз даст намедиҳад. Таҷриба нишон додааст, ки гурӯҳҳои исломгаро аввалин коре, ки анҷом медиҳанд, ба воситаи тарғиби арзишҳои динӣ ба боварии мардум даромада, гӯё ба онҳо озодиҳои эътиқодӣ дода, дар анҷом додани амалҳои шаръӣ монеъ намешаванд. Аммо, мутаассифона вақти ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ озодиҳои нисбии мардумро саркуб карда, арзишҳои умумиинсониро аз байн мебаранд. Ин гуна амалкард дар ҳаёти мардуми одӣ борҳо мушоҳида мешавад. Тавре, ки коршиносон исбот кардаанд, «ҳатто ба умури зиндагии мардум, тарзи зисту зиндагонии онҳо, то тарзи пӯшишу умури хонаводагиро мавриди таваҷҷуҳ ва зери дастуроти хеш қарор медиҳанд. Яъне, оддитарин озодиҳои инсониро барои онҳо дастнорас мекунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ба камтарин озодиҳои инсонӣ арҷ намегузоранд, баръакс муносибати онҳо бо мардум бар пояи зулм, таҳдид ва тааддӣ қарор мегирад. Онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд адолати иҷтимоиро ба вуҷуд оваранд ва даъвои адолати иҷтимоӣ низ, танҳо як ҳарфи фазлфурӯшии онҳо хоҳад буд. Маънавиётро низ ба чорчӯбаҳои бовармандию шариатӣ маҳдуд менамоянд ва тамоми дастовардҳои илмию тамаддуниро нодида гирифта, онҳоро дар маҳдудиятҳои ҷаҳонбинии хеш қарор медиҳанд» [4]. Пас, бо боварӣ метавон гуфт, ки динзудоён худ аз меъёрҳои динӣ ва аҳкоми шариатӣ фарсахҳо дуранд ва ё он дастуроти диние, ки ҳадафҳои нопоки онҳоро монеъ мешаванд, таҳриф мекунанд.
Маҳз, таблиғгарони гурӯҳҳои иртиҷоӣ-ифротӣ сабаби ба Сурияву Ироқ ва ба сафи ДОИШ пайвастани баъзе аз ҷавонони Осиёи Марказӣ гардиданд. Ин равандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида кардаем. Дар аввали кор пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротии Сурияву Ироқ авҷ гирифта, боиси аз байн рафтани оилаҳо, мотамзадагии волидон ва ятим гаштани фарзандон гардид. Хушбахтона сиёсати имрўзаи кишвар барои гирифтани пеши роҳи ин вазъияти мураккаб ҳама талошҳои худро кард ва натиҷаи мусбат низ ба даст оварда истодааст.
Аз он ҷост, ки масъалаи пешгирии сиёсисозии дин ва пешгирии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ яке аз проблемаҳои халалдоркунадаи ҷомеаи муосир гардидааст. Донишманди ватанӣ Г.Н. Зокиров чунин ибрози андеша кардаанд: «Дар шароити Тоҷикистон эҳтимолияти таҳдидҳои дохилӣ низ вуҷуд доранд. Бахусус, васеъ гаштани таъсиру нуфузи ҷараёнҳои экстремистӣ, ки бештар дар ниқоби динию мазҳабӣ, этникӣ, маҳалгароӣ ва ғ. амал менамоянд, Ҳукумати Тоҷикистон бояд илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ пайдо намояд. ... Фаъолият дар ду самти асосӣ қувват бигирад: дар сиёсати дихилӣ: пешгирӣ намудани ҳар гуна амалҳо ва ҳаракатҳое, ки эҳтимолияти халалдор намудани амнияти давлатиро доранд; дар амалияи ҷамъиятӣ бартараф намудани ҳар гуна навъ ва шаклҳои экстремизми сиёсӣ ва ғ. ... Дар сиёсати хориҷӣ: ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар, созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ ба хотири таҳкими амнияти давлатӣ» [2, с. 207-210]. Чунин пешниҳодот, ки бештар аз ҷониби олимону коршиносон сурат мегирад, бояд қабул ва дар амал татбиқ гарданд ва ҷои зикр аст, ки Ҳукумати кишвар вобаста ба масъалаи зикршуда тамоми роҳу усулҳо ва саъю талошҳои худро карда истодааст.
Яке аз масъалаҳои дигари ин самт, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи адолати иҷтимоӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ буда, дар шароити кунунӣ ба мушкилоти ҷомеаи имрӯза табдил гардида, мубориза бар зидди зуҳуроти мухталифи экстремизм ва терроризм басо мушкил гардидааст. Аксари коршиносон терроризмро ҳамчун падидаи зишт ва таҳдидкунандаву хатарноки давлати муосир эътироф намудаанд. Аз таърихи гузаштаи инсоният маълум аст, ки аз таҳдиди терроризм ҳеҷ кас давлати бузурги худро эмин дошта натавонистааст. Аз ин рӯ, давлатҳои ҷаҳонро зарур аст, дар муборизаи зидди терроризм якҷоя фаъолият намоянд. Таҳлилҳои коршиносон нишон дод, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум зарбаи сахт зада, дар мафкураи ҷавонон динро ҳамчун абзори муқовиматкунанда бо сиёсати давлат ҷо додаанд. Ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо метавон «Салафия», «Ҳизбу-таҳрир», «Ихвонул-муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайраҳоро шомил намуд, ки дар сиёсисозии дин ва тараққии андешаҳои ифротӣ нақши бориз гузоштаанд. Ба хусус, пайравони ҷараёни «Салафия» дар кишвар баъди солҳои 2000-ум зиёд гашта, дар пиёда кардани ғаразҳои худ ва барои зимоми давлатдориро ба даст гирифтан аз таълимоти динӣ истифода мекарданд. Дар чунин ҳолат баъзе ҷавонони аз меъёрҳои дини ислом бехабар ба гумроҳию залолат дучор шуданд. К.А. Абдухалилзода дар мавриди ҷараёни ифротии «Салафия» андешаҳои бамаврид иброз кардааст: «...ҷараёни васеъ паҳнгардидаи «Салафия» агарчанде он дар зоҳир гӯё баҳри ислоҳи ақоиди динӣ сафарбар шудааст, аммо дар асл дар зери пардаи «ислоҳ» ё «таълимоти салафи солеҳ» ҳадафҳои мушаххаси геополитикии минтақавӣ дунболагирӣ карда мешавад» [1, с. 49].
Дар робита ба масъалаи тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нигоштаанд: «Дин ва диёнатро парчам ва ё шиори муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардан ё васила ва роҳи дунёпарастӣ қарор дода муташанниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ хоҳад шуд. Зеро, ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад». [3, с. 27-28].
Дар роҳи расидан ба озодиҳои эътиқодӣ, пайравӣ кардан аз дин ва ё накардан зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ!» ба миён омад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро таъмин менамояд. Қонуни мазкур ҳуқуқи ҳар як шахсро дар мавриди ба таври ихтиёрӣ пайравӣ кардан ё накардан ба дин ва озодона интихоб кардан ва ё тағйир додани эътиқоди диниро кафолат медиҳад.
Дар воқеъ, падидаи сиёсисозии дин мушкилоти нигаронкунанда буда, ба тозагии дин таъсири манфӣ расонида, боиси аз байн рафтани арзишҳои умумиинсонӣ мегардад. Омӯзиши масъалаи мазкур имконият фароҳам овард, ки чунин натиҷагирӣ намоем:
1. Коршиносонро зарур аст, ки ҳарчи бештар мазмуни зишту иғвоангези ҳарзагӯӣ ва ҳарфҳои публитсистонаи гурӯҳҳои исломгароро, ки бештар тариқи шабакаҳои интернетӣ паҳн мегарданд, ошкор карда, хилофи арзишҳои динӣ, умумибашарӣ ва умумифарҳангӣ будани онҳоро бо далелҳои қотеъ собит намоянд;
2. Коршиносонро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии таъсири мафкураи тундгарое, ки аз номи дини ислом пешниҳод мешаваду ба он ҳеҷ рабте надорад, хулосаҳои худро баён созанд;
3. Бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор кардани суҳбату вохӯриҳо дар доираи барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки арзишҳои миллиро нодида мегиранд, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд;
4. Дар байни ҷомеа ташвиқи илмомӯзӣ бояд ба тарзи густурда ба роҳ монда шавад.
Адабиёт:
1. Абдухалилзода К.А. Башардӯстӣ дар таълимоти ислом // Маҷмуаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо» (ш. Бохтар, 25 апрели соли 2018). – Бохтар, 2018. – С. 49-61.
2. Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ.– Душанбе: Эр-граф, 2010. – 524 с.
3. Раҳмон Э. Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2009. – 36 с.
4. Шарифзода И. Сиёсисозии дин ва таҳрифи арзишҳои башарӣ // http://www.ravshanfikr.tj

Садуллоев Аҳмадҷон Саидазамович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика