Ҷавонон набояд фирефтаи гуруҳҳои манфиатхоҳ шаванд!

Сулҳу осоиштагӣ, фазои софу беғубор, хандаҳои беғаши кӯдакон, таҳсили бемонеаи наврасону ҷавонон, амнияту оромӣ дар ҷомеа беҳтарин неъмат барои насли башар маҳсуб мегардад. Танҳо ҳамдиливу муросо метавонад миллатро ба сӯи шукуфоӣ раҳнамун намояд.

Ба андешаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Давлат ҳам мисли падару модар аст. Насли калонсоли имрӯз тамоми зиндагӣ ва фаъолияти худро дар талошу мубориза барои рафъи буҳрону мушкилот ва бунёдкориву созандагӣ гузаронида истодааст”.

Ҳар як тоҷик новобаста аз ақидаи сиёсӣ, идеологӣ ва динии худ дар куҷое набошад, хоҳ дар дохили кишвар ва хоҳ дар хориҷи давлат бояд ҳувияти баланди худшиносии миллӣ ва нангу номӯс дошта бошад ва аз арзишҳову муқаддасоти Ватану миллаташ ҳимоя намояд.  
 
Таҳти роҳбарии хирадмандона ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат халқи бофарҳанги тоҷик бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд. Пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардиданд.
 
Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед.
 
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.
 
Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Ин амалкардҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. 
 
Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
 
Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
 
Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад.
 
Созмони “Паймони миллӣ” аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзалати худро аз даст дод, балки пайваста аз номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон бо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос баромад менамояд.
 
Мо кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалҳои бадхоҳонро шадидан маҳкум менамоем ва онҳо ҳеҷ вақт ҳуқуқи маънавии аз номи халқу миллат баромад карданро надоранд!
 

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
  
Яндекс.Метрика