Имоми Аъзам дар ҳозирҷавобӣ, дар истидлол ва эҳтиҷоҷ шахси беназир ва фавқулодда буд. Сахттарин масоил ва душвортарин қазияҳоро зуд ва ба осонӣ ҳаллу фасл мекард. Ба касоне, ки бо қасди мулзам кардан бо ӯ мунозира мекарданд посухҳои дандоншикан медод. Ин аст, ки Имоми Молик мефармояд: “Агар Имом Абӯҳанифа ин сутуни чӯбинро заррин гӯяд далелашро меорад.”
Ибни Шибрама мегўяд: “Ман нисбат ба Абӯҳанифа зиёд бадгўй мекардам. Як соле дар мавсими ҳаҷ ба ҳаҷ рафтам ва дар Макка Абӯҳанифаро дидам, ки дар атрофаш мардуми зиёд гирд омада буданд ва аз ӯ масъала мепурсиданд. Ман дар миёни онҳо нишасатам ва ба ҳарфҳояшон гӯш додам. Аз миёни онҳо як нафар ба Ӯ гуфт: “Эй Абӯҳанифа, ба сари ман коре афтодааст, ки дар ғами он гирифтор шудаам ва эҳсоси азият мекунам.” Абӯҳанифа гуфт: “Бигӯ он чист?” Мард гуфт: “Ман як писар дорам ва ғайр аз ӯ фарзанди дигар надорам. Ҳар гоҳ ба ӯ зан додам, талоқ ва каниз додам озод кард. Ман дар чораи ин кор бечора шудам.” Имоми Аъзам ҳамон замон бидуни таваққуф ба он мард гуфт: “Ту як канизи зебое, ки мавриди ризояташ бошад бихар ва ба никоҳаш даровар. Агар талоқ кард каниз дар мулки ту боқӣ мемонад ва агар озод кард, озод намешавад, чунки молики каниз ту ҳастӣ, на ӯ.”
Ибни Шибрама гуфт: “Инак ман донистам, ки ин мард фақеҳ аст ва аз ҳамон рўз дар ҳаққи ў ба ҷуз хубӣ чизи дигар нагуфтам!”
Яке аз ҳазор намуна ҳозирҷавобии Имоми Аъзам, ки далолат бар маҳорати эъҷозбарангези ишон дорад посух ба дархости халифаи аббосӣ Абӯҷаъфар Мансур аст. Халифа мегўяд: “Чаро мансаби қозиюлқузотро намепазирӣ?”
Имом мегӯяд: “Лаёқаташро надорам.” Халифа мегӯяд: “Дурӯғ мегӯӣ.” Имом мегўяд: “Ин ҳарфи шумо собит кард, ки ман лоиқи ин мансаб нестам, чунки дуруғгӯ лоиқи ин мансаб нест. Ва агар рост бошад пас ҳамин аст, ки гуфтам.”
Яке аз шогирдони Имоми Аъзам Ҳасан ибни Зиёд чунин ҳикоят мекунад, ки шахсе молашро дар як ҷо дафн ва пас аз гузашти замон ҷои дафнро фаромўш мекунад ва ҳар чй мегардад пайдо намекунад ва ба Имом Аъзам мурочиат мекунад. Имом мефармояд: “Ман фақеҳ ҳастам, фолбин нестам вале метавонам роҳнамой кунам, ки ба хонаат баргард ва имшабро бо намоз сипарӣ кун.” Он мард тибқи фармоишоти Имом меравад ва машғули намоз хондан мешавад ва камтар аз чаҳоряки шаб намегузарад, ки ҷои дафина ба ёдаш меояд ва онро пайдо мекунад. Сипас назди Имом меояд ва қиссаро нақл мекунад, Имом мегӯяд: “Донистам, ки Шайтон нахост, ки ту тамоми шабро бо намоз сипарӣ кунӣ, бинобар ин ба ёдат овард. Чаро ба хотири шукрона тамоми шабро бо намоз сипарй накардӣ?”
Имом Абӯюсуф мегӯяд: “Рӯзе халифа Абӯҷаъфар Мансури Имомро ба наздаш хонд. Дар назди халифа рафиқаш Рабеъ нишаста буд ва нисбат ба Имом адоват дошт. Ў ба халифа гуфт: Абӯҷаъфар ин Абӯҳанифа мухолифи ҷадди шумо Абдуллоҳ ибни Аббос аст, ки мефармояд: “Агар як нафар савганд хӯрд ва пас аз як ё ду рӯз “Иншоаллоҳ” гуфт, ҳонис мешавад вале мард мегӯяд, ки “Иншоаллоҳ” бояд бевосита гуфта шавад. Имоми Аъзам ҳамон замон дар посухи ин мард мегӯяд: “Эй амиралмӯъминин ин Рабеъ мехоҳад бигӯяд, ки бар гардани артиши шумо ҳеҷ байъате вуҷуд надорад.” Халифа гуфт: “Чӣ тавр?” Имом гуфт: “Онҳо бо савганд бо шумо байъат мекунанд ва ҳангоме, ки ба манзилашон рафтанд “Иншоаллоҳ” мегӯянд ва савгандашон ботил мешавад.” Халифа аз ин ҳозирҷавобӣ тааҷҷуб кард ва бо ханда ба Рабеъ гуфт: “Ба Абӯҳанифа кордор нашав.” Вақте ки аз назди Халифа берун омаданд, Рабеъ ба Имом гуфт: “Хостӣ маро ба хунам оғушта кунӣ!?” Имом гуфт: “Ҳаргиз! Балки ту мехостӣ маро ба хунам оғушта кунӣ, аммо ман ҳам туро ва ҳам худамро наҷот додам”.
Албатта аз чунин намунаҳо дар маноқиби Имом Аъзам метавонем бисёр пайдо кунем ва намешавад ҳамаи онҳоро дар ҳаҷми як мақола ҷой дод, вале омӯзиши таърихи ин марди бузург барои ҳамагон пандомез аст.
Рустам Азизӣ - муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон