Ҳиммат ва кӯшиш

Рӯзе ҳазрати Сулаймон мӯрчаеро дар таги кӯҳе дид, ки машғули ҷо ба ҷо кардани хокҳои пойини кӯҳ буд.

 

Аз ӯ пурсид: Чаро ин ҳама сахтиро таҳаммул мекунӣ?

 

Мӯрча сарашро боло овард ва посух дод: Маъшуқаам ба ман гуфтааст, ки агар ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунӣ, ба висоли ман хоҳӣ расид ва ман ба ишқи висоли ӯ мехоҳам ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунам.

 

Сулаймони набӣ фармуд: Ту агар умри ҳазрати Нуҳро ҳам дошта бошӣ наметавонӣ ин корро анҷом диҳӣ.

 

Мӯрча гуфт: тамоми кӯшишамро мекунам…

 

Ҳазрати Сулаймон, ки бисёр аз ҳиммат ва пуштикори мӯрча хушаш омада буд, барои ӯ кӯҳро ҷо ба ҷо кард.

 

Мӯрча рӯ ба осмон карду гуфт: Шукр мекунам Худоеро, ки дар роҳи ишқ, пайғамбареро ба хидмати мӯрчае дармеоварад.

 

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ 

Яндекс.Метрика