Ҳар табиби тоҷик бояд "Қонуни тибб"-и Шайхур-раис Синоро хонад

Ин китоб ба унвони санги аслии бинои табибони ҷаҳон аст.

Буалӣ Сино, Шайхур-раис ривоят шуда, ки вақте дар пайи бемории Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ подшоҳи Бухоро табибони дарбор аз дармонаш оҷиз монданд, ба Абуалӣ Сино-и ҷавон рӯ оварданд ва ӯ амирро ба шакле муъҷизаосо дармон кард. Ин муҷиби ҷалби таваҷҷуҳи амир ба Сино шуд.

Подоши Сино дар дармони султон дастрасӣ ба китобхонаи салтанатии бузург ва арзишманди дарбори Сомониён буд. Худи ӯ дар ривояташ аз зиндагӣ мегӯяд китобҳое дар ин китобхонаи салтанатӣ дида, ки ҳеч кас ва ҳатто худаш аз вуҷудшон бохабар набудааст.

Бархе аз муаррихон рози муваффақият ва пешрафти Абуалӣ Сино-ро дар дастрасии ӯ ба ин манобеъи илмӣ шумурдаанд.

Абуалӣ Сино беш аз 400 рисолаи илмӣ аз худ бар ҷой гузошт, ки шоҳкори онҳо китоби "Қонуни тибб" аст. Ин китоб ба унвони санги бинои пизишкии имрӯзи ҷаҳон шинохта шуда ва ба 19 забон тарҷума шудааст.

Китоби "Қонун" рӯйкарде куллӣ нигар ба саломати бадани инсон дорад ва ба замони хӯрдан ва ошомидан ва он чи бояд хӯрду нӯшид пардохтааст то варзишҳои муфид барои саломати бадан ва ҳамин тавр аз тамринҳое барои фаъъол нигаҳ доштани мағз то шарҳи амроз дар ин китоб омадааст.

Яндекс.Метрика