Қонуни танзим эҳёгари анъанаҳои миллӣ (Ба истиқболи 16-мин солгарди қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”)

8 - уми июни соли 2023 аз қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 сол пур мегардад. Андешаи аҳли ҷомеа доир ба амалкарди қонуни мазкур мухталифанд, аксар онро ҷонибдорӣ ва бархе аз он интиқод мегиранд. Қарор додем,  бо истифода аз маълумотҳои боэътимоди пешниҳоднамудаи ваколатдори соҳа Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи дастовардҳои он ибрози андеша намоем, боқи қазоват ба хонандаҳост.

 

Саволи матраҳ чунин аст, ки дар воқеъ қонун ба мардум чӣ дод:

 

1.Қонун баргузории маъракаҳои хурсандиро ба танзим дароварда шароит ба вуҷуд овард, ки шумораи тўйҳои домодию арўсӣ ду маротиба афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон оила барпо намоянд. Агар то давраи қабули қонун солона 40-45 ҳазор туйи домодиву арўсӣ ба қайд гирифта мешуд, пас аз қабули он ин шумора ба  80-90 ҳазор расид.

 

2.Пайвастагии назорати баргузории маъракаҳои тўйи домодию арўсӣ, гузаштан аз қайди никоҳи давлатиро таъмин намуда, ба татбиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонид.

 

3.Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ манфиати мардуми кишвар то андозае ҳимоя шуда, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат намуд. Дар ин замина тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои пулии мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфта, анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тўю маросимҳо қариб аз байн рафт. 

 

4.Аз ҳисоби сарфаи маблағҳои маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ  шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, ободу зебо намудани манзилҳои истиқоматӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандон, тақвияти неруи зеҳнии инсонӣ диққати бештар диҳанд. 

 

5.Ҳамзамон дар афзоиши музди муҳнат, нафақа, пасандозҳо ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81 дарсади соли 1999 то ба  22.5  дарсади соли 2022 нақши Қонун эҳсос мешавад.  

 

6.Қонун барои озод намудани шаҳрвандон аз маъракаҳои иловагию хурофотӣ хизмат намуда, қисми зиёди маъракаҳои нолозими оши саритахта, себегоҳина, бист, шашмоҳагӣ аз байн рафта, маъракаҳои ҳафт, чил ва сол ба низоми муайян дароварда шуд. Маъракаҳои фотиҳатўй, сандуқба¬рон, раисталбон, чойгаштак ба пуррагӣ аз байн рафта, маъракаҳои домодталбон, фотиҳатўй ба низоми муайян даровада шуд. 

 

7.Сарфаю сариштакорӣ ва ҳимояи дороии мардум самараи Қонуни мазкур маҳсуб меёбад. То қабули Қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 85391 нафар шахси фавтида беш аз беш аз 2 миллиарду 175 миллион 762 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 490 сомонӣ ё 100 доллари ИМА) зарур меомад. Ҳоло бошад, Қонун шаҳрвандонро аз ин хароҷот озод намудааст. Агар ба ин маблағҳои сарфашуда ҷашни зодрўзро илова намоем, тақрибан барои 4 миллион нафар аҳолие, ки зодрўз таҷлил мекунанд, соле ба ҳисоби камтарин тахминан 490 сомонӣ сарф мегардид, ки дар маҷмўъ, беш аз 1 миллиарду 960 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз байн рафтани танҳо маросими ҷумъагӣ ва ба низом овардани зодрўз 4 миллиарду 135 миллиону 762 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарфа намудааст.

 

8.Бо қабули қонуни мазкур имкон пайдо гардид, ки маъракаву маросимҳо ба ҳисоби оморӣ ворид гардида, динамикаи афзоиш ва пастшавии онҳоро зери назорат қарор дода шуда, таъмини дурнамои вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор ёбад.

 

9.Татбиқи Қонун забҳи чороворо ба муносибати ҷашну маросимҳо ба маротиб кам намуда, ба нигоҳ доштани саршумори чорвои калони ширдеҳ мусоидат намудааст. 

 

10.Қонун ба татбиқи Кодекси андози ҷумҳурӣ дар масъалаи рўёнидани андоз аз ҳофизон, тарабхонаҳо ва наворбардорон баҳри ғанӣ гардондани буҷаи давлат,  мусоидат намуда истодааст.

 

11.Хизмати умдатарини Қонуни мазкур дар он зуҳур меёбад, ки қонун пеш аз ҳама мафкураи мардумро дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дигар намуд. Аксарияти сокинони кишвар имрўзҳо бо қаноатмандӣ дар доираи талаботи қонун маъракаороӣ намуда, маблағҳои пасандозшударо ҳадафмандона ба манфиати оила ва фарзандон сарф намуда истодаанд. 

 

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат (4 июли соли 2013) изҳор доштанд: «Вақт ҳамчун ҳаками бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонуни бунёдӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд, манфиатҳои мардуми кишварро дар шароити ҷаҳонишавии фарогир ва буҳронҳои пайдарпайи молиявию иқтисодӣ, гармшавии иқлими сайёра ва хушксоливу камобӣ, болоравии мунтазами нархҳои маводи озуқа дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва умумибашарӣ ҳифз кард”. Мо низ ба ин андешаи Роҳбари давлат ҳамовози намуда, итминон мекунем, ки минбаъд низ қонуни мазкур баҳри пешрафту шукуфоии кишвар ва некуаҳволии сокинони он хизмат хоҳад кард.

 

Азизулло Мирзозода - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Яндекс.Метрика