ҚОНУНИ ТАНЗИМ ФЕНОМЕНИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН ВА ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҶАҲОНИСТ Ба истиқболи 15-солагии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Инак аз замони қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» 15 сол сипарӣ шуд. Ҳарчанде, ки 15-сол барои таърихи беш аз панҷҳазорсолаи фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик чандон ҳам муддати тӯлонӣ нест, вале дар зарфи 15-соли пурбаракати татбиқи Қонуни танзим дар мазмуну муҳтавои анъана ва ҷашну маросими миллии тоҷикон ва тарзи баргузории онҳо тағйироти мусбате ба амал омаданд, ки аз мутобиқшавии ин қисми муҳими мероси фарҳангии ниёгонамон бо раванди куллии рушди ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа шаҳодат медиҳанд. Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – аз ҷумлаи навтарин падидаҳои ҳуқуқи муосир мебошад, ки бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаву якдилонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар таҳия, қабул ва дар амал татбиқ шудааст. Онро ба он сабаб мо «қонуни миллӣ» меномем, ки он маҳсули хирад, заковат ва афкори муосири ҳуқуқӣ-миллии даврони соҳибистқлолии мо мебошад. Албатта, далели асосии манфиатнокии иҷтимоии ҳар як санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ нишондиҳандаҳо ва пайомаду натиҷаҳои воқеии амалкарди он дар ҷомеа маҳсуб мешаванд. Барои аз ин мавқеи назар баҳои дуруст ва арзандаи объективӣ додан ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» натиҷаҳои амалкарди онро дар зарфи 15 сол тибқи ҷадвали тартибдодаи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти ҷашну маъракаҳо дар ҷумҳурӣ аз давраи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» дар соли 2007- то охири семоҳаи 1-уми соли 2022 аз назар мегузаронем.
Дар давраи мазкур дар ҷумҳурӣ 1414042 тӯйи домодию арӯсӣ, 5748 тӯйи домодию арӯсиии хайриявӣ, 222900 хатнасӯр (то охири соли 2017), 96710 хатнасӯри хайриявӣ (аз оғози соли 2018 то охири семоҳаи якуми соли 2022), 212082 маросими чил ва 165809 маросими сол, дар маҷмӯъ 2014830 чунин маъракаҳо баргузор шуда ва ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи умумии чорвои калони барои ин маъракаҳо кушташуда 185270 ва чорвои хурд 1025038 сарро ташкил додааст. Дар тамоми ин давра ҳамагӣ 7058 ҳолатҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудаанд. Маблағи умумии дар ҳамаи ин маъракаҳо харҷшуда 6 908 519 780 сомониро ташкил додааст.
Чӣ тавре ин маълумоти расмии оморӣ равшан далолат мекунад, дар натиҷаи татбиқи ин қонуни пурбаракат сарфи беҳудаи миллиардҳо сомонӣ дар ин маъракаҳо пешгирӣ карда шудааст. Масалан, то қабули Қонуни танзим ягон тӯйи арӯсию домодӣ, ягон маросими чил ё сол, ҳатто аксарияти хатнасурҳо бе забҳи чорвои калон намегузашт. Вале, баъди қабули қонуни мазкур, дар 2014830 маърака – 185270 чорвои калон ва 1025038 чорвои хурд забҳ шудааст. Яъне, дар натиҷаи амалкарди Қонуни танзим, дар зарфи 15-соли гузашта ва се моҳи аввали соли равон забҳи беҳудаи тақрибан 445270 сар чорвои калон пешгирӣ карда шудааст. Ба ҳисоби миёна, дар тӯли 15 соли охир дар натиҷаи танзими маъракаҳои зикршуда 35621 тонна ва 600 кг гӯшт сарфа шудааст, ки нархи имрӯзаи бозории ин миқдор гӯшт 2 493 512 000 сомониро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ имрӯзҳо аз бозорҳои шаҳри Душанбе 7 124 320 қопча (356 206 тонна) орд харидан мумкин аст!!! Агар саршумори чорвои калон ва хурдеро, ки дар маъракаҳои ёдшуда забҳ шудаанд (185279 чорвои калон + 1025038 чорвои хурд = 1210308 чорво) бо шумораи умумии ин маъракаҳо муқоиса кунем (2014 830 маърака), пас шумораи умумии чорвои калони ҳифзшуда қариб ду баробар афзоиш ёфта, ба 804528 сар мерасад. Аз рӯи ин ҳисоб, дар зарфи 15 соли амали Қонуни танзим дар тӯйҳои арӯсию домодӣ, маъракаҳои чил ва сол дар миқёси ҷумҳурӣ сарфи беҳудаи 804528 чорвои калон, ё ба ҳисоби миёна, 64362 тонна ва 240 кг гӯшт пешгирӣ карда шудааст, ки нархи имрӯзаи бозории он аз 4,5 млрд сомонӣ бештар аст. Танҳо дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 1154 хатнасӯри хайриявӣ, 108916 тӯйи домодию арӯсӣ, 96 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ, 8145 маросими 40, 6292 маросими сол, ҳамагӣ 123353 маърака баргузор шуда, дар онҳо 9588 чорвои калон, 52125 чорвои хурд забҳ шудаанд ва маблағи умумии дар онҳо харҷшуда 446060174 сомониро ташкил додааст. Тибқи ин нишондодҳои расмӣ, барои ҳар яки ин маъракаҳо (аниқтараш барои оши ҳар як маърака) ба ҳисоби миёна қариб 3700 сомонӣ, ё нисбат ба давраи то қабули Қонуни танзим як баробар камтар маблағ харҷ шудааст.
Соҳибони маъракаҳо ин маблағҳои пасандозшудро барои ҳалли мушкилоти дигари зиндагии худ (беҳтар кардани вазъи моддию маишии оила, таъмини шароити хуб барои таълиму тарбияи фарзандон, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, сохтмони роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, варзишгоҳҳо, иншоотҳои гуногуни ҷамъиятӣ, таъсиси корхонаҳои гуногун …) ва мақсадҳои дигари неку созанда харҷ карда истодаанд. Осону камхарҷ шудани тӯйҳои домодию арӯсӣ имкон дод, ки синни хонадоршавии ҷавонписарон на танҳо «де юре» (расман), балки «де факто» (воқеан) низ ҷавонтар шуда, тӯйҳои домодию арӯсӣ ва, мутаносибан, шумораи оилаҳои ҷавон қариб ду баробар афзоиш ёбад.
Умуман, дар зарфи 15 соли пурфайзу баракати амали Қонуни танзим аксари анъанаҳои дорои хусусияти хурофотӣ, ки дар тӯли садсолаҳо арзи вуҷуд намуда, боиси қашшоқӣ, муфлисӣ, бебизоатӣ, қарздорӣ ва мушкилиҳои дигари моддию молиявии мардум мешуданд, аз байн рафтанд. Дар натиҷа, мо шоҳиди он ҳастем, ки баргузории маросимҳои миллӣ ва динӣ дар чаҳорчӯбаи муайян сурат гирифта, воқеан ҳам сол то сол сатҳи камбизоатӣ дар кишвар коҳиш ёфта ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд шуда истодааст.
Дар партави амали Қонуни танзим, конференсияҳо ва семинарҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ, сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинони деҳоту ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, татбиқи чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, ки ҳар сол аз ҷониби Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои маҳаллии он ба таври мунтазам баргузор карда мешуданд, дар ҷомеа фарҳанги сарфакорӣ таҳаввул намуда, мардум аз тақлидкорию ҳангомаҷуӣ, ҳар гуна исрофкориҳои беҳудаю бешуурона зимни баргузории маъракаҳо даст кашидаанд ва маблагҳои пасандозкардаашонро оқилона барои беҳтар кардани таъминоти моддию молиявии оилаҳо, фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия барои фарзандони худ, дастгирии моддии муҳтоҷон ва дигар мақсадҳои неку барои ҷомеа муфид истифода мебаранд.
Мушкилоти иҷтимоие, ки Қонуни Чӯмҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мақсади бартараф кардани онҳо қабул гардида, бомуваффақият дар амал татбиқ шуда истодааст, аз қабили исрофкориҳои зиёд дар тӯйҳо ва ҷашну маросимҳои динӣ, мушкилоте мебошанд, ки хусусияти глобалӣ дошта, дар ҳамаи ҷомеаҳои динию миллии ҷаҳон, алалхусус, мусулмонон, ҷой доранд ва барои рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо монеъ мешаванд. Аз ин рӯ, имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки Қонуни танзим, ин таҷрибаи нодири тоҷикистонӣ, дар баъзе кишварҳои дуру наздик, тадриҷан мавриди таваҷҷуҳи амиқ ва пайравӣ қарор гирифта, дар қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҳамчун дастуруламали намунавӣ хизмат расонида истодааст. Азҷумла, дар Ӯзбекистон, Доғистон, Афғонистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қатар, Арабистони Саудӣ ва як қатор кишварҳои дигар, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ ва равобити фарҳангӣ доранд, дар пайравӣ аз ин таҷрибаи феноменалии ҳуқуқофаринӣ ва қонунгузории милли муосири тоҷикон, барои танзими анъанаҳои динӣ ва миллии худ иқдом намуда, ҷиҳати танзими маъракаҳои хонадоршавӣ ва пешгирии хароҷоти зиёд дар ин гуна маъракаҳо ба қабул ва амаликунонии санадҳои меъёрӣ-хуқуқии ба мақсад мувофиқ шурӯъ намудаанд. Дар асоси он чи зикр гардид, бо боварӣ метавон гуфт, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар оянда барои соири кишварҳое, ки ба мушкилоти исрофкорӣ гирифторанд, ҷиҳати коркарди воситаҳои ҳуқуқии бартараф кардани ин мушкилот ва танзими ҷашну маросимҳои динию миллӣ ҳамчун дастуруламали намунавӣ хизмат хоҳад кард.
Шоев Зиёвиддин, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ.

Яндекс.Метрика