Қавмро андешаҳо бояд яке! (Ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Ваҳдат - сарҷамъию якдилӣ, итиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагист, ки оромию осудагии халқ аз он вобастааст. Воқеан ваҳдат неъмат аст. Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагист, ки пояҳои давлати миллӣ устувор мешаванд ва миллат ба пешравию тараққиёт ноил мегардад.
Ваҳдати миллӣ аз мавзӯҳоест, ки ҳамеша зери назари ҷомеашиносон қарор гирифтааст. Ин падидаи гаронарзиши инсонӣ аз асоситарин унсури ҳамбастагию иттифоқи ҷомеаҳост, ки дар баъзе кишварҳои олам ҳанӯз чун ормони таърихӣ боқист. Аз кашмакашию ноадолатиҳо, воқеаҳои дигари мудҳише, ки дар саҳифаҳои таърих сабт шудаанд, аён мегардад, ки халқи тоҷик давраҳои пурҳассостарин ва бераҳмтарини таърихиро пасӣ сар карда, баъд аз гузашти қарнҳо озодию мустақилӣ, иттиҳоду ягонагиро ба даст овардааст. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, баъд аз шикасту рехти ҳазорсолаҳо ба мо тоҷикон муяссар гашт, ки давлати миллӣ ва ормонии худро бунёд кунем. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ диёри тоҷикро фаро гирифта, миллат марҳилаи хонумонсӯз ва ниҳоят даҳшатборро пасӣ сар кард. Ин марҳилаи пурҳассоси таърихӣ як миллати решабатаърихро ба гурӯҳу дастаҳо ҷудо кард, ки боиси кашмакашиҳо, хунрезиҳо, нобаробариҳо, ноадолатиҳои бисёр гашт. Аз нифоқу ваҳшату даҳшат раҳо кардану ба сулҳу ваҳдати миллӣ ноил щудан кори басо душвор ва азиме буд. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тавонист оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ва ободкориву созандагиро барқарор созад. Авроқи сабткардаи таърих худ далели заҳмату талошҳо ва ҷонисориҳои дастаҷамъонаи ин халқи куҳанбунёд аст. Устод Ҷомӣ бисёр хуб ба қалам додаанд:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Воқеан, таърихи тамаддуни башарӣ исбот кардааст, ки ба ҳамагуна зулму ноадолатӣ, маҳз парокандагию бегонапарастӣ даст додааст. Албатта, барои пароканда кардану нобуд сохтани як қавм, як миллат кофист дар байни он тухми нифоқу душманӣ кошта шавад, вале барои иттифоқу иттиҳод, ҳамбастагию сарҷамъӣ солҳо мекушӣ, то дар диле тухми гуле корида бошӣ. Яқин аст, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи арзишманди инсонӣ дар қалбҳо ҷо гирифта, дар амалҳо рӯи кор баромадааст. Бояд гуфт, ки ваҳдат аст, ки давлат аст, ваҳдат аст, ки миллат аст. Устод Мӯъмин Қаноат нисбат ба ин ҷузъи таркибии фарҳанги таҳаммулгароӣ ба қаҳрамони лирикии хеш чунин руҷӯъ кардаанд:
Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз,
Намуди ростӣ з-ойина омӯз!
Чун сухан аз ваҳдату ҳамбастагӣ рафт, бояд гуфт, ки дар таъмин ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо муносибати таҳаммулпарваронаи мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилии имрӯзаи тоҷик низ нақш дорад. Ба ин маънӣ, зикри таъкиди аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бисёр ба маврид аст:
Қавмро андешаҳо бояд яке,
Дар замираш муддаъо бояд яке!
Ин ҷо ба ҷои охирсухан мехостам, таъкидоти Пешвои миллатро, ки ҳамеша аз меваи ширини ин падидаи нодир сухан мекунанд, иқтибос орам: "Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад".
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи ҳамватанони азизро ба муносибати рӯзи мубораки Ваҳдати миллӣ табрик мегӯям, барои Ватани маҳбубамон пирӯзиҳо ва дастовардҳои нав ба навро дар шоҳроҳи рушди ҷамъиятиву иқтисодӣ таманно мекунам.
Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика