ҲИКМАТИ ЯКУМ.Афридун (Фаридун, яке аз подшоҳони асотирии «Шоҳнома»), ки дар замини шафқат ҷуз тухми насиҳат накишт, ба фарзандони худ ин тавқеъ (фармон) навишт, ки сафаҳоти айём сафҳаи эъмор (бино кардан, эҷод намудан) аст, дар он манависед ҷуз он чӣ беҳтарини аъмол ва осор аст.
Қитъа
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошгт [1, С. 47].
ҲИКМАТИ ДУВУМ.Яке аз ҳукамо гуфтааст: «Чиҳил дафтар дар ҳикмат навиштам ва ба он мунтафеъ (баҳраёб) нагаштам; чиҳил калима азон ихтиёр кардам, аз он низ баҳра ба даст наёвардам; чаҳор калима аз он баргузидам, дар он ёфтам, он чӣ металабидам:
«Аввал, он ки занонро чун мардон маҳали эътимод нагардон, зеро ки зан агарчӣ аз қабилаи мӯътамадон (мӯътамид – шахси боэътимод, шахси боваринок) ояд, аз он қабил нест, ки мӯътамаде рошид».
Қитъа
Ақли зан ноқис асту динаш низ,
Ҳаргизаш комилэътимод макун.
Гар бадаст аз вай эътибор магир,
В-ар накӯ бар вай эътимод макун.
«Дуюм, он ки ба мол мағрур машав, агарчӣ бисёр бувад, зеро ки оқибат поймоли ҳаводиси рӯзгор шавад».
Қитъа
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро, ки бувад мол чу абри гузарон.
Абри гузарон агарчӣ гавҳар борад,
Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.
«Сеюм, он ки асрори ниҳон доштании худро ба ҳеҷ дӯст дар миён манеҳ, зеро ки бисёр бошад, ки дар дӯстӣ халал афтад ва ба душманӣ бадал гардад».
Қитъа
Ай писар, сирре, к-аш аз душман нуҳуфтан лозим аст,
Беҳ, ки аз ифшои он бо дӯстон кам дам занӣ.
Дидаам бисёр, к-аз сайри сипеҳри каҷниҳод,
Дӯстон душман шаванду дӯстиҳо – душманӣ.
«Чаҳорум, он ки ҷуз илмеро фаро нагирӣ, ки ба тарки он бозаҳманд (маломатпазир, шарманда) мирӣ. Аз фузулӣ (пургӯӣ, лаққигӣ) бигурез ва он чӣ зарурист, дар он овез».
Қитъа
Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гирой (майлу рағбат кун),
В-онро, к-азон гузир бувад, ҷустуҷӯ макун.
В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир,
Ғайр аз амал ба мӯҷиби он орзу макун!» [1, С. 47-49].
ҲИКМАТИ САВУМ.Ибни Муқаффаъ (нависанда ва тарҷумонимашҳури асри VIII, ки аслан эронинажод буда, бисёр асарҳо, аз ҷумла «Калила ва Димна»-ро аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кардааст) гӯяд: «Кутубхонаи ҳукамои Ҳиндро бар сад шутур мекашиданд. Малики эшон истидъои (талаби, хоњиши) ихтисор кард, ба ду шутур бозоварданд ва ба такрори истидъо ба чаҳор калима қарор гирифт: калимаи нахустин дар далолати подшоҳон ба адолат.
Маснавӣ
Чу гардад шоҳи олам адлпеша,
Шавад осоиши гаҳ-гаҳ ҳамеша.
Чу нолад бедиле аз синарешӣ,
Бувад яксар зи неши зулмкеше.
Халосиро зи даҳри печ ва печ,
Зи шоҳон адл мебояд, дигар ҳеҷ.
Калимаи дуюм дар васияти раият ба некӯкорӣ ва фармонбардорӣ.
Шеър
Тухми зулми шоҳ нофармонии мардум бувад,
Ҷав чу корӣ, ҳосили он кишта кай гандум бувад?
Калимаи сеюм дар муҳофизати сиҳҳати абдон (ҷ. бадан), ки то гурусна нашаванд, даст ба таом наёваранд ва чун бихуранд, пеш аз он ки сер шаванд, даст аз таом бидоранд.
Рубоӣ
Он беҳ, ки зи асбоби мараз (касалӣ) парҳезӣ,
В-аз нанги табибони дағал бигрезӣ.
Ногашта тиҳӣ меъда,ба хон наншинӣ,
З-он пеш, ки меъда пур кунӣ, бархезӣ.
Калимаи чаҳорум дар насиҳати занон, чашм аз рӯи бегонагон дур доранд ва рӯй аз чашми номаҳрамон мастур (пӯшида).
Қитъа
Зан он бувад, ки ба ҳар кас, ки нест маҳрами ӯ,
Агарчӣ мардуми чашм аст, рӯй нанмояд.
Ба рӯи ҳар кӣ на ҷуфти вай аст, агарчӣ ба ҳусн,
Бувад чу моҳи фалак тоқ, чашм накшояд [1, С. 49-50].
ҲИКМАТИ ЧАҲОРУМ.Ҳакимеро пурсиданд, ки одамизод кай ба хӯрдан шитобад? Гуфт: «Тавонгар ҳар гоҳ гурусна шавад ва дарвеш ҳар гоҳ, ки биёбад».
Қитъа
Бихӯр чандон, ки нанҳад хонаи тан,
Зи бешию камӣ рӯ дар харобӣ.
Агар дорандайӣ, ҳар гоҳ хоҳӣ,
В-агар нодор, ҳар гоҳе, ки ёбӣ [1, С. 54-55].
ҲИКМАТИ ПАНҶУМ.Ҳакиме бо писари худ гуфт: «Бояд, ки бомдод аз хона берун наёӣ, то нахуст ба таоме лаб накушоӣ, зеро ки серӣ тухми ҳилму бурдборист ва гуруснагӣ мояйи хушкмағзию сабуксорӣ.
Қитъа
Хӯи худро зи рӯза тира макун,
К-аз ҳама ҳилму бурдборӣ беҳ.
Чун шавад рӯза мояйи озор,
Рузахорӣ зи рӯзадорӣ беҳ.
Чун гурусна бошӣ, ҳар ош ё нон, ки бинӣ, аз табиати ту шаҳвати он хезад ва ба ошноён, ки нишинӣ, томеаи (ҳисси тамаъ) ту дар эшон овезад.
Қитъа
Ҳар чӣ ёбӣ ба хона аз тару хушк,
Беҳ, к-аз он то ҳади шабаъ (серӣ) бихурӣ.
То таоми касон ҳавас накунӣ,
В-аз атои хасон тамаъ бибурӣ» [1, С. 55].
ҲИКМАТИ ШАШУМ.Чун мизбон бар канори хон нишинад ва худро дар миён бинад, тӯъма аз ҷигари худ хӯрӣ беҳ, ки аз нони ӯ ва шарбат аз хуни ҷигар ошомӣ беҳ, ки аз хони ӯ.
Қитъа
Ҳар кӣ гӯяд хону нонии ман, бикаш,
Пойи хеш аз хону даст аз нони ӯ.
Таррае, к-аз бӯстони худ хӯрӣ,
Хуштар аст аз барраи бирёни ӯ [1, С. 55-56].
ҲИКМАТИ ҲАФТУМ.Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас, ки доданд, зимоми зиндагонии хуш дар дасти ӯ ниҳоданд: аввал сиҳати бадан, дуюм аминӣ, сеюм вусъати ризқ, чаҳорум рафиқи шафиқ, панҷум фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рӯйи вай бароварданд.
Қитъа
Ба панҷ мерасад асбоби зиндагонии хуш,
Ба иттифоқи ҳакимони шӯҳра дар офоқ:
Фароғу эминию сиҳҳату кифофи маош,
Рафиқи хубсияр-ҳамдами накӯахлоқ [1, С. 56].
ҲИКМАТ ҲАШТУМ.Ҳар неъмат, ки бар марг завол пазирад, онро хирадманд дар ҳисоби неъмат нагирад. Умр агарчӣ дароз бувад, чун марг рӯй намуд., аз он дарози чӣ суд. Нӯҳ (пайғамбарест, ки гӯё тӯфон дар замони ӯ бавуҷуд омадааст), алайҳи-с-салом (дуруд бод бар ӯ), ҳазор сол дар ҷаҳон умр ба сар бурдааст. Имрӯз панҷ ҳазор соласт, ки мурдааст. Қадр неъматеро бувад, ки ҷовидона бошад ва аз офати завол бар карона.
Қитъа
Ба назди марди доно неъмат он аст,
К-аз ӯ ҷонат бувад ҷовид масрур.
На симу зар, ки чун гӯрат шавад ҷой,
Бимонад ҳамчу сангат бар сари гӯр [1, 56-57].
ҲИКМАТИ НУҲУМ.Бузургмеҳрро пурсиданд, ки кадом подшоҳ покизатар?
Гуфт: «Он, ки покизагон аз вай эмин бошанд ва гунаҳгорон аз вай битарсанд».
Байт
Шоҳ он бошад, ки равшанхотиру бихрад бувад,
Некувонро ҳол аз ӯ некӯ, бадонро бад бувад [1, С. 57].
ҲИКМАТИ ДАҲУМ.Се кор аз се гурӯҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.
Қитъа
Ин се кор аст, к-иш нигорад зишт,
Аз се кас хомаи нигоранда:
Тундхӯйийи подшоҳи қавӣ,
Ҳирси донову бухли доранда [1, С. 59].
ЊИКМАТИ ЁЗДАЊУМ.Ҳакимон гуфтаанд, ки ҳамчунон ки ба адл ҷаҳон ободон гардад, ба ҷавр вайрон шавад. Адл аз ноҳияти хеш ба ҳазор фарсанг рӯшнойӣ бахшад ва ҷавр аз ҷойи худ ба ҳазор фарсанг торикӣ диҳад.
Қитъа
Ба адл кӯш, ки чун субҳи он тулӯъ кунад,
Фурӯғи ӯ биравад то ҳазор фарсангӣ.
Заломи зулм чу зоҳир шавад, барояд бар,
Ҷаҳон зи тирагию талхайшию тангӣ [1, С. 59].
Адабиёт:
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Таҳияи матн, муаллифи сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе: «Маориф», 2012. – 204 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент