Як чанд ҳадисе дар бораи моҳи шарифи Рамазон

Бастем дари дўзах, яъне тамаъи хўрдан,

Бикшой дари ҷаннат, яъне ки дили рўшан.

То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ,

Рав ҷону ҷаҳон ҷўй, эй ҷону ҷаҳони ман!

Мавлоно

 

Якум. Аз Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбари (с) фармудаанд: ”Ислом бар панҷ чиз бунёд ёфтааст: шаҳодат додан бар ин гуна ки “нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ ва Муҳаммад Пайғамбари Худост”; барпо (доштан) - и намоз; додани закот; ҳаҷҷи Хонаи Худо ва рўза доштани моҳи Рамазон”. (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

 

Пас аз ин ҳадис маълум мешавад, ки сутуни аввали Ислом шаҳодат додан бар он аст, ки ; “Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ ва Муҳаммад пайғамбари Худост”. Дуюм намозро бо ихлосу муҳаббат гузоридан, сеюм закоти молро чун ба нисоб (ченаки муайяннамудаи шариат) бирасад, ҳар сол пардохтан; чаҳорум дар тамоми умр як маротиба ҳаҷҷи Хонаи Худо намудан (касе, ки қудрату тавони рафтан дошта бошад) ва панҷум рўзаи моҳи рамазонро доштан аст.

 

Дуюм. Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари (с) фармудаанд: “Вақто, ки моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои ҷаннат кушода ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд ва шайтонҳо бо занҷир баста мешаванд.”(ривояти Бухорӣ ва Муслим).

 

Бояд қайд намуд, ки вақте моҳи рамазон фаро мерасад, ба изни Худованд дарҳои ҷаннат боз ва дарҳои дўзах баста мешаванд. Аз баракати моҳи Рамазон шайтонҳо аз озоди маҳрум гашта, занҷирбанд карда мешаванд. Он нофармонравоие, ки банда дар моҳи Рамазон анҷом медиҳад, аз беаҳмиятию танбалии ўст. Раҳмати Худованд аст, ки дар моҳи Рамазон бандагонашро аз васвасаи шайтон нигаҳ медорад. Пас мусулмононро зарур аст, ки аз амалҳои номашрўъ дурӣ ҷўянд.

 

Саввум. Аз Абдураҳмон ибни Авф (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: “Офаридгор рўзаи Рамазонро бар шумо фарз гардонидаст ва Ман шабзиндадории онро бар шумо суннат намудаам. Пас, шахсе, ки аз рўйи имону умеди савобу боварӣ рўза гирад ва шабзиндадорӣ намояд, сабаби мағфирати гуноҳони гузаштааш мешавад”.(ривояти Насоӣ ва Байҳақӣ).

 

Рӯза доштани моҳи Рамазон фарз ва шабҳои онро бо ибодат гузаронидан суннат аст. Ҳар касе, ки аз рўи имону муҳаббат ва ба умеди савоб моҳи Рамазонро рӯза дорад, Худованд гуноҳони гузаштаи ӯро мебахшад.

 

Чорум. Аз Восила (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: “Саҳифаҳои Иброҳим (а) дар аввали моҳи Рамазон фурўд оварда шуд.Тавроти Мўсо (а) шашуми моҳи Рамазон фурўд оварда шуд. Инҷили Исо (а) сенздаҳуми моҳи Рамазон фурўд оварда шуд. Забури Довуд (а) ҳаждаҳуми моҳи рамазон фурўд оварда шуд ва Қуръон бисту чоруми Рамазон фурўд оварда шуд”.(ривояти Табаронӣ).

 

Аз матни ин ҳадис чунин хулоса бароварда мешавд, ки аст, ки Тамоми китобҳои осмонӣ, аз ҷумла Қуръони карим ҳам дар моҳи Рамазон фуруд омадааст. Баракати моҳи Рамазон Хам аз баракати Қуръони карим мебошад. Рамазон баҳори Қуръон ва наҷоти мўъминон аст. Мусалмонони арҷманд бояд дар ин моҳи гуноҳсўз бештар ба тиловати Қуръони карим машғул бошем.

 

Панҷум. Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари (с) фармудаанд: “Аввали моҳи Рамазон раҳмат, мобайни он мағфират ва охири он озод шудан аз оташи дӯзах мебошад”.(ривояти Абўдунё ва Ибни Асокир).

 

Аз ҳадиси шариф бар меояд, ки моҳи Рамазон аз се қисмат иборат аст, ки ҳар давра дорои хусусиятҳои ҳоси худро дорад. Худованд дар аввали моҳи Рамазон раҳмат, дар миёнаи он мағфират ва дар охири он озод намудани бандаҳоро зиёд менамояд. Яке аз сабабҳои наҷот ёфтан аз оташи дўзах Рамазон аст.

 

Шер чун бошӣ, ки ту аз рӯбаҳе ларзон шавӣ,

Чира гардонад туро бар бешаи шерон сиём.

Басшикамхорӣ кунад, он к-ӯ шикамхорӣ кунад,

Нест андар толеи ҷамъи шикамхорон сиём.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                     Исоев Н.

 

 

Яндекс.Метрика