Ҷаҳони муосир, ки ба он таҳавуллоти ҳамаҷонибаи равандҳои сиёсӣ хос мебошад, бо дарназардошти рушди имкониятҳои техникию технологӣ ва захираҳои инсонӣ зери таъсири падидаи ҷаҳонишавӣ дар баробари пешрафт, ба мушкилиҳои зиёде низ рўбарў гашта истодааст. Яке аз чунин падидаҳои манфии олами муосир, ки вазъи геополитикиро миёни кишварҳо мураккабтар мегардонад, ин густариши экстремизму терроризм аст. Дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Зеро даҳшатафкании ин равияҳо агар дар давраҳои пешин ба муқобили шахсиятҳои алоҳида нигаронида шуда бошад, пас, айни ҳол ин раванд таҳдид ба ҳастии инсоният ва сулҳу суботи кишварҳо дорад. Бояд гуфт, ки хатари ҷиддӣ ва таҳлукаовари равияҳои ифротӣ дар он аст, он марзҳои кишварҳоро паси сар карда, ба як зуҳуроти трансмиллӣ ва транссарҳадӣ табдил ёфтаанд.
Дарвоқеъ, терроризм ва экстремизм имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда дошта, равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошанд, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар тақозо менамояд. Воқеияти сиёсии муосир нишон дода истодааст, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад ин хатарро решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷаҳони имрўза терроризму ифротгароиро ҳамчун хатари умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили он мувофиқи мақсад мешуморад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир баъзе ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ ҷанги иттилоотиро пешаи кории худ намудаанд, ки ин ҳам ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида метавонад. Агар ба гурўҳҳои экстремистӣ назар андозем, онҳо шабакаҳои телевизиониву радиоии худро доранд, ки тавассути чунин воситаҳо ба сохтори сиёсии ҳар давлат дахолат менамоянд.
Раванди сиёсии ҷаҳони муосир собит месозад, ки давлатҳои муайян барои манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологии худ, бо ҳар роҳу восита ва шиору ваъдаҳои дурӯғ мехоҳанд ба мардуми кишварҳои дигар ҳукумат намоянд. Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди воқеаҳои дашатноку фоҷеаовар дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари рақобатҳои шаддид қурбони манфиатҳои геополитикӣ гаштаанд. Хусусан, дар ин кишварҳо гурўҳҳои экстремистию террористӣ тавассути иттиллоот ба мафкураи мардум такя намуда, онҳоро бар зидди давлати худ омодаи ҷанг менамоянд.
Махсусан, дар шароити кунунӣ иттилоот ва ҷанги иттилоотӣ хеле маъмул гардида, гурўҳҳои манфиатдор тавассути он ҳадафҳои худро амалӣ мегардонанд. Солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мешавем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва истифода бурдан аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан, гурўҳҳои алоҳидаи ҷавонон равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ба як ҳолати харобиовар оварда расониданд.
Тактикаи омода намудани ҷомеаҳо барои тағйири қудрат дар кишварҳои гуногун, ки зери рамзи «инқилобҳои ранга» дар онҳо инқилобҳо ба вуқуъ пайвастаанд, нишон медиҳад, ки воқеан ҳам марҳилаи нахустин ин дар мардуми азиятдида мустаҳкам намудани боварӣ ба худ, ҷасорат ва қобилият ба муқовимат мебошад, ки он тавассути пешбурди фаъолияти густурдаи идеологӣ ва таъсиррасониҳои психологӣ бо иттилоот амалӣ карда мешаванд. Чунин таъсиррасониҳо тавассути таҳияи муайяни стратегия асосан аз берун ба амал бароварда мешавад. Ин раванд тақозо мекунад, ки инсон барои дарку фаҳмиши ҳар як маълумот бояд таҳлили амиқи худро дошта бошад. Яъне, яке аз роҳҳои таҳким бахшидан ин баланд бардоштани маърифати сиёсии мардум аст.
Айни замон олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф моҳияти падидаи мазкурро ба воситаи мафҳумҳои гуногун ифода менамоянд. Аз ҷумла, «кибертерроризм», “киберэкстремизм», «терроризми иттилоотӣ», «терроризми компютерӣ», «терроризми виртуалӣ», «ҳуҷумҳои иттилоотӣ», «ҳуҷумҳои кибертеррористӣ», «амалҳои кибертеррористӣ» ва ғ. ба онҳо мисол шуда метавонанд.
Таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки кибертерроризм аз киберэкстремизм низ тафовут дорад. Киберэкстремизм бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ намудан ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созад. Киберэкстремистон ба воситаи паҳн намудани иттилооти иғвоангез ва бардурӯғ дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оварда, пояҳои ҳокимияти давлатиро ноустувор мегардонанд. Аз ин рӯ, мубориза бо киберэкстремизм бештар характери иҷтимоию сиёсӣ дошта, ба воситаи тарғиботу ташвиқот, корҳои маърифатию идеологӣ ва аз ҳама муҳим, бо роҳи ба вуҷуд овардани шароити арзандаи кору фаъолият амалӣ карда мешавад.
Дарвоқеъ, экстремизми иттилоотӣ яке аз таҳдидҳои асосии ҷаҳони муосир буда, бештар ба қишри фаъоли ҷомеа - ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Барои пешгирии ин падидаи номатлуб бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба роҳ монда шуда, ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии афроди ҷомеа ба назар гирифта шаванд.
Яке аз роҳҳои истодагарӣ бар зидди ҷанги иттилоотӣ ин нигоҳдории ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Маҳз ҳувияти миллӣ метавонад барои истодагарӣ алайҳи ҳама гуна таҳдидҳо дар шароити глобализатсионӣ бошад. Зеро Тоҷикистон аз нигоҳи геополитикӣ ва ҷуғрофӣ дар чорсӯӣ манфиатҳо қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарини ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷавонон ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботу оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аст.
Қурбоншоев Илҳом
Ҷумаъхонович н.и.фалсафа