❗Шомгоҳе дар раҳе будам равон,
Тан равону дил ба фикри обу нон.
Ман намедонам чунон шуд ё чунин,
Поям лағзид хӯрдам бар замин.
Раҳнаварде меҳрубон суям давид,
Дасти ӯ то зери бозуям расид.
Бехи гӯшам гуфт лангӣ, ё ки маст,
Ворасӣ кун бин куҷоҳоят шикаст.
Гуфтамаш на мастаму не алил,
Афтодам худ намедонам далил.
Ё гунаҳ аз кафш ё ки тақсир зи пой,
Дасти ман баргир то ки бархезам зи ҷой.
Дасти ман бигрифт бо дасти дигар,
Кисаам меҷуст то ёбад магар.
Ман дар ин фикрам, ки ӯ марди Худост,
Ӯ дар ин савдо, ки ҷайбам дар куҷост.
Эй дареғ аз фикри хоми одамӣ,
Гиря кардам бар мақоми одамӣ!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ
Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ