Шарҳи ҳолӣ Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Мулло Алӣ

Хотимаи фақиҳон ва қориёни Қуръон, баргузидаи муҳаддисон ва муҳаққиқони Ислом Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Мулло Алӣ Қорӣ раҳмати Худо бар ӯ бод, яке аз шахсиятҳои барҷастаи илмӣ дар мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Агарчи соли таваллуди ишон дақиқан барои тазкиранависон маълум набудааст вале қадри мусаллам он аст, ки ишон дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳироти Хуросон (Афғонистони кунунӣ) ба дунё омада ва ба таърихи 1014 ҳиҷрӣ дар Маккаи Мукаррама аз дори фонӣ риҳлат намудаанд. Ихтилофот ва даргириҳои шадид байни шиъа ва суннӣ боиси ҳиҷрат кардани Алӣ Қорӣ аз ватан ва сабаби иқомат гузидани ишон дар Ҳарами Шариф гардидааст.

Шахсияти илмии Алӣ Қорӣ то ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз уламо ӯро муҷаддиди (тозакунандаи) қарни 11 ҳиҷрӣ эълон кардаанд.

Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ дар фатовои худ навиштааст: «Ҳар шахсе китоби «Хулосат-ул-асар фӣ аъён-ил-қарн-ил-ҳодӣ ашар»-ро мутолаъа кунад, ба хубӣ барояш равшан мешавад, ки шайх Шиҳобуддини Рамлӣ ва Мулло Алӣ Қорӣ аз ҷумлаи муҷаддидони замони худ будаанд». Ва низ мавлоно Абдулҳай дар китоби «Аттаълиқот-ус-санийя» менависад: «Мусаннафоти ӯро аз назар гузаронидам.

Навиштаҳояш хеле арзишманд ва дар мавзӯи худ беназир аст. Барои ишон ғайр аз муаллафоте,ки банда мутолаа фармудааст, рисолаҳои муфид ва бешуморе ҳаст, ки мақоми эшонро ба дараҷаи муҷаддиди алфи сонӣ (ҳазораи дуввум) расонидаанд».

Аломмаи Шомӣ ибни Обидин – муаллифи «Радд-ул-муҳтор» дар рисолаи 15-ум аз маҷмӯаи рисолаҳои хеш суханони зайлро аз Алӣ Қорӣ нақл мекунад: «Бо ривояти саҳеҳ аз Паёмбари акрам (с) собит шудааст, ки Худованд барои тоза кардани дини ислом аз хурофот ва бидъатҳо дар сари ҳар сад сол олими муҷаддиде мефиристад». Сипас Алӣ Қорӣ изофа мекунад: «Қасам ба Худои бузург, агар касеро дар илми Қуръон ва Ҳадис – чӣ аз назари лафз ва чӣ аз назари маъно – аз худ олимтар медонистам, албатта ба ҳар василае худро ба ҳузури ӯ мерасонидам, агарчи хазида бошад ҳам. Банда ин ҳарфҳоро аз рӯи ноз ва ифтихор намегӯяд, балки ба мақсади зикр кардан ва шукр гуфтан аз неъмати илоҳӣ мегӯяд».

Ибни Обидин дар дунболи суханони Алӣ Қорӣ менависад: «Дар ин суханони Алӣ Қорӣ ишорат аст ба ин, ки ишон муҷаддиди асри худ будаанд ва чӣ қадар ин мақом ба ишон лоиқу арзанда аст, ҳеҷ касе, ҷуз мутаассиби ҳалокшуда, ин дараҷаи муҷаддидиро бар ӯ айб ва инкор намекунад».

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                   Исоев Н.

Яндекс.Метрика