Шарҳи ҳоли Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салома Абӯҷаъфари Таҳовӣ ва таълифоти ў

Бояд қайд намуд, ки яке аз донишмандони шаҳиру маъруфи мазҳаби ҳанафӣ ин Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салома Абӯҷаъфари Таҳовӣ аст, ки соли 231 вафот кардааст. Ҳаёти илмии ӯ бо таълими фиқҳи Шофеъӣ аз тағояш Исмоил ибни Яҳёи Музанӣ шогирди Имом Шофеъӣ оғоз гардидааст. Аммо бештар ба фиқҳи Ироқ таваҷҷӯҳ дошт, ки он сабаби тарк намудани мазҳаби шофиъӣ ва пазируфтани мазҳаби ҳанафӣ аз сӯи ӯ шуд. Ӯ аз зодгоҳ ва макони нашъунамои худ ба Шом рафта, фиқҳи ироқиҳоро аз Абӯҳозим Абдулҳамид қозию- қузоти он диёр, ки шогирди Исо ибни Абон буд, фаро гирифт. 

 

Аз ин рӯ маълум мешавад ки Таҳовӣ дар омӯзиши худ фиқҳи шофиъӣ ва фиқҳи Ироқиро ҷамъ карда, ин амр ӯро нисбат ба дигарон бештар озодии нақд бахшидааст. Аз ҳамин ҷиҳат Таҳовиро фақиҳи муҷтаҳид шуморидаанд. Деҳлавӣ дар ҳаққи ӯ мегӯяд: «Ҳамоно мухтасари Таҳовӣ далолат мекунад, ки ӯ муҷтаҳид буд, на муқалиди маҳз. Зеро ӯ баъзе чизҳое, ки мазҳаби Абӯҳанифаро (р) мухолафат мекунад, ба далелҳои қавӣ ихтиёр кардааст». Ин манҳаҷро олим буданаш ба аҳодис ва ахбор тақвият бахшидааст. 

 

Дар ҳақиқат ӯ ҳадисро аз бисёре аз муҳаддисони Миср ва ғайри онҳо гирифта буд. Бинобар ин ӯ фақиҳе буд, ки илми раъю қиёс ва ахбору осорро ҷамъ карда буд. Китобҳои Таҳовӣ дар мазҳаби ҳанафӣ дар ҳалқаи миёна қарор мегирад. Китобҳои ӯ дониши мутақаддиминро ҷамъ карда, ба мутааххирин тозаву беолоиш пешкаш кардааст.

 

Аз ҷумлаи китобҳои ӯ «Аҳком ал-Қуръон», «Маъонӣ ал- осор», «Мушкил ал-осор», «ал-Мухтасар», «Шарҳ ал- ҷомиъ ас-сағир», «Шарҳ ал-ҷомеъ ал-кабир», «Китоб аш-шурут ал-кабир», «Китоб аш- шурут-ас-сағир», «Китоб-аш-шурут-ал-авсат», «ас-Сиҷиллот», «Васоё», «Фароиз», «Ҳукм арози Макка», «Қасм ал-файъ», «Ғаноим» ва ғайраҳо мебошанд.

 

Инҳо китобҳое ҳастанд, ки шогирдони Абӯҳанифа (р) бо ривоят аз ӯ ва санади мутассилу пайваст барои ӯ китобат, ё ақволи ӯро бе зикри санад ҳикоят кардаанд. Инчунин китобҳои шахсонеанд, ки баъд аз онҳо омада, китобҳояшонро талхис ё шарҳ, ё тафриъ ва ё нақду бознигарӣ намудаанд. Ин китобҳо ҳамчун сарчашмаҳои фиқҳи ҳанафӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Баъд аз онҳо фуқаҳои мутааххирин омада, онҳоро шарҳу тавзеҳ карда, ба муқтазои он фатво додаанд. 

 

Ҳамчунин масъалаҳоеро, ки далилҳояшон зикр нашудааст, истинбот карда, баъд аз он китобҳои мазкурро дар матнҳои мухтасари ҷомиъу зобит ихтисор намудаанд ва ин матнҳоро уламо шарҳ додаанд. Ҳамин тавр, он чи ин китобҳо дар бар гирифтаанд, маводди фиқҳи ҳанафӣ маҳсуб мешаванд, ки мувофиқи шароит онро ба ҳар шакл тағйир додаанд. Гоҳе ҳамчун матн ва гоҳе ҳамчун фатво дар ҳаводис зуҳур ёфтаанд. 

 

Мутахассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                   Исоев Н.

 

 

 

 

Яндекс.Метрика