Ҳикмат. Саид ибни Ҷубайр (яке аз бузургони аҳли тасаввуф) гўяд: ҳаргиз либосе надидаам некўтар аз хирад, ки мардум дарпўшад, то агар шикаста шавад, дуруст кунадаш ва агар биафтад бардорадаш ва агар хорӣ расад, азиз кунадаш ва агар ба чоҳе дарафтад, баркашадаш ва агар дарвеш шавад, тавонгар кунадаш [1, С. 119].
Ва аммо ҳунармандро нахустин чизе дониш аст бо хирад омехта, чунон ки ба рўзгори Маъмун буд:
Ҳикоят. Чунин ки аз хулафои банӣ Аббос, ҳеҷ кас аз Маъмун донотар набуд андар ҳама илмҳо ва ҳар ҳафта ду рўз мунозира кардӣ ва фуқаҳову мутакаллимин гирд омадандӣ. Пас рўзе марде ғариб бо ҷомаҳои халиқ (кўҳна, фарсуда) пеши Маъмун шуду андар паси мардумон ба ҷои маҷҳул (ноаён, номаълум) нишаст.
Чун масъала оғоз кардандӣ, расм чунон будӣ, ки ҳар масъала, ки бигуфтандӣ, гирди маҷлис бигардонидандӣ, то ҳар ки зиёда донистӣ, бигуфтӣ. Ва масъала мегардониданд, то ҳар ки зиёда донистӣ, бигуфтӣ. Ва масъала мегардониданд, то бад-он марди ғариб расид. Ў ҷавоб дод некўтар аз он ки дигарон дода буданд. Маъмунро хуш омад, бифармуд, то ўро аз он ҷойгоҳ, ки буд бартар нишонданд. Чун масъалаи дигар расид, ҳамчунон ҷавоб аз ҳама некўтар, ва баваҷҳтар дод. Маъмун бифармуд, то бартар нишондандаш. Ва дар сеи дигар масъала ҳамчунон ҷавоб дод некўтар ва Маъмун ўро бартар менишонид, то ба Маъмун наздик шуд.
Чун мунозира ба охир омад, об оварданду даст бишустанд ва нон бихўрданд ва фуқаҳову аҳли илм бипароканданд. Маъмун мардро бинавохт ва маҷлис биоростанду шароб бигардониданд. Чун шароб бад-он мард расид, бархрст ва гуфт: «Агар амир-ул-мўъминин дастуре диҳад, ки як сухан бигўям». Гуфт: «Бигўй». Гуфт: «Маълуми рои олист: ки ман имрўз дар ин маҷлис аз ҳама кас маҷҳултару фурўтар будам. Амир-ул-мўъминин маро бо сабаби андак мояи хирад маъруф карду бартар нишонд ва ба дараҷаи тамом бирасонид. Акнун мефармояд, ки мояи хирадро, ким ан бад-он азиз гаштам, аз ман бо шароб хўрдан, ҷудо кунад, фармон ўрост ва ҳошо ва калло (мабодо, ки) амир-ул-мўъминин бад ин мояи хирад, ки марост, бар ман ҳасад кунад ва агар ман ин шароб бихўрам, хирад аз ман дур шавад ва беадабӣ ояд ва ба ҳамон дараҷа дун боз шавам ва дар маҷлис хор гардам ва ба чашми мардум ҳақир шавам. Агар савоб бинад, ин гавҳари шариф аз ман боз наситонад, ба фазлу караму худовандии хеш».
Маъмун чун ин сухан бишунид, биписандид ва ўро бинишонд ва бифармуд, то сад ҳазор дирам бидодандаш ва асбу ҷома ва таҷаммул. Ба ҳар маҷлисе ўро бартар бинишондӣ, то аз ҳама бартар гашт [1, С. 119-120].
Ва ин ҳикоят аз баҳри хирад овардаем, аз он ки хирад мардумро ба пойгоҳи баланд расонад ва мардуми бехирадро аз пойгоҳ фуруд оварад [1, С. 120].
Адабиёт:
1.Имом Абўҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломии
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент