Чӣ тавр ҷаҳолати исломиро бояд бартараф намуд? (Бетарафӣ нисбат ба ояндаи кӯдак худ гуноҳ аст!)

Моҳи Рамазон фаро мерасаду мушкилии мардуми ҷоҳили мусалмон дучанд мегардад. Ин мушкил аз дуруст надонистани моҳияти динии рӯза ва таъиноти иҷтимоии он иборат мебошад. Ҳатмӣ будани гирифтани рӯза дар Қуръон зикр шудааст, аммо ҳамзамон иддае аз мусалмонон бо матни сареҳи қуръонӣ аз  гирифтани рӯза озод ҳисобида шудаанд, ки ба ҷумлаи онҳо бемор, мусофир ва нотавон дохил мешаванд. Асли таъиноти иҷтимоии рӯза дар дур нигоҳ доштани фарди мусалмон аз аъмоли хабиса ва аз нигоҳи ҷисмонӣ тобовар сохтани ӯ ба мушкилоти зиндагӣ ифода меёбад. Аз ин нуқтаи назар, рӯза ва амсоли он дар байни халқиятҳои мухталиф бо шаклҳои гуногун пештар низ вуҷуд дошт. 

Мутаассифона, имрӯз гирифтани рӯза ба «шарофат»-и таблиғу тарғиби яктарафаи пешвоёни манфиатҷӯи дин то ба ҳамон андоза қудсият пайдо намудааст, ки бо нагирифтани рӯза гӯё замин бо осмон мечаспида бошад. Дар натиҷа баъзе аз мусалмонон бидуни андеша дар бораи оқибатҳои манфии он барои иддае аз қишрҳои ҷомеа ба таври маҷбурӣ рӯза медоранд.  Имрӯз маҳз ҳамин тасаввуроти нодуруст сабаби мушкилоти зиндагӣ ва бадбахтии баъзе фардҳо дар зиндагӣ гардида истодааст. 

Яке аз ҳамкоронам ҳодисаеро нақл намуд, ки сабаби рӯи коғаз овардани сатрҳои мазкур гардид. Ӯ нақл намуд, ки яке аз шиносҳояш ба сабаби таассуби сахти динӣ ҳамсари худро, ки тифли 4-моҳаи ширхӯр доштааст, ба гирифтани рӯза водор сохтааст. Дар натиҷа кӯдак ба бемории «Рахит» гирифтор шудааст. Беморӣ, мутаассифона, аллакай дар пойҳои кудак  таҷассуми худро ёфтааст. Падари кӯдак имрӯз ба беморхонаҳо давида, кӯдаки худро табобат карда истодааст. Ӯ мегӯяд, ки ба кӯдакаш калсий намерасидааст. Аммо ӯ пештар боре фикр накард,  ки вақте модар ғизои дуруст намехӯрад, кӯдаки вай аз куҷо калсий мегираду дуруст инкишоф меёбад? Ғизои нокомили модар магар ба инкишофи ақлонӣ ва ҷисмонии кӯдак таъсири манфӣ намерасонад? Ӯ боре наандешид, ки вай дидаю дониста ҳам худ ва ҳам кӯдаки худро бадбахт карда истодааст? Магар чунин рафтори ӯ аз таълимоти ислом бармеояд? Агар исломро ҳамин тавр фаҳмем, магар он омили асосии бадбахтии инсон ба шумор намеравад?

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо чунин мусалмонҳои ҷоҳил хеле зиёданд. Онҳо  дар хусуси ҳатмияти рӯза ҳамчун унсури асосии динӣ андеша мекунанд, лекин боре дар бораи дигар таълимотҳои дин тафаккур намекунанд. Ин навъи мусалмонон чунин таълим гирифтаанд,  ки чун кӯдакро Худо дод, ризқашро низ Худо медиҳад. Агар чунин бошад, пас, барои чӣ ба беморхона муроҷиат мекунанд? Онҳо боре андеша намекунанд, ки ба сабаби ҷаҳолати хеш ҳам ба буҷаи оила зарари даҳчанд зиёдтар мерасонанд ва ҳам эҳтимол бо тарбияи нодуруст кӯдакро як умр бадбахт мегардонанд. Дар чунин ҳолат кӯдаки дуруст тарбия наёфта баъд аз балоғат расидан магар барои нуқси ҷисмонии худ магар падару модари худро гунаҳгор наменамояд. Магар дидаю дониста кӯдакро аз лиҳози ҷисмонию ақлонӣ ноқис гардонидан ва дар мавҷи зиндагии пурошуби имруза уро муҳтоҷ гардонидан гуноҳ нест? Мутаассифона, ин ҷанбаи таълимоти исломӣ аз доираи таблиғу тарғиби пешвоёни дини ҷомеа хеле дар канор мондааст! Албатта, вақте манфиати онҳоро чунин масоил ифода накунанд, чаро ба онҳо даст зананд!

Хотиррасон менамоем, ки дар сураи «Бақара», ояти 183 гуфта шудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад, ки парҳезгорӣ кунед». Аз маънии оят ба осонӣ пай бурда мешавад, ки вай пеш аз ислом низ вуҷуд доштааст. Сониян, дар охири оят ҳадаф аз рӯза ба таври равшан  баён ёфтааст:  «то бошад, ки парҳезгорӣ кунед». Ин ҷо мақсад аз парҳезгорӣ дурӣ ҷустан аз гуфтору рафтору кирдори бад аст. Дар ояти 184-и сураи мазкур боз гуфта мешавад: «Ва ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас (яъне руза доштан) аз рӯзҳои дигар лозим аст…». Аз маънии оят дарк кардан мумкин аст,  ки Қуръон бо зикри «бемор» ё «мусофир» ба мусалмон сабукӣ фармудааст. Яъне, чун шахси бемор ё мусофир дар гирифтани руза азоб мекашад, пас онро метавонад дар рӯзҳои дигар гирад. Аз нигоҳи мо ҳолати модари ширдеҳ аз  ҳолати мусофиру бемор ҳеҷ тафовуте надорад. Баръакс, рӯза хӯрдани модари кӯдаки ширдеҳ заруртар аст, зеро рузагирӣ ҳам ба саломатии модари заиф ва муҳтоҷи ғизои солим ва ҳам ба саломатии кӯдаки нотавону дастнигар бештар зарар мерасонад. Дар ояти 185 аз сураи мазкур маънои зикршуда равшантар баён ёфтааст: «Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад». Ҳамзамон барои тақвияти андешаҳои хеш зикри ҳадиси зеринро низ зарур мешуморем: «Муъмини неруманд аз муъмини заиф назди Худо хуб ва маҳбубтар  аст…». 

Акнун саволи мавриди матраҳ аз он иборат аст, ки чаро мо ба таълимоти ислом оқилона назар намеандозем? Чаро ҷанбаҳои муфид ва тарбиявии онро сарфи назар намуда, ба моҳият ва асли талаботи таълимоти он бо диди имрӯза баҳогуорӣ намекунем? Чаро дар мавъизаҳои пешвоёни дини кишвари мо ҷанбаҳои сабукбахшии таълимоти ислом қариб ки ҷой надоранд? Вақте тибқи ҳадис муъмини неруманд (чун мафҳум умумӣ аст, пас ҳам нерӯи зеҳнӣ ва ҳам ҷисмонӣ дар назар дошта мешавад) назди Худо маҳбуб аст, магар вақти он нарасидааст, ки пешвоёни дин низ дар мавъизаҳои хеш барои инкишофи зеҳнию ҷисмонии ҳар фарди ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 

Абдухалилзода К.    

Яндекс.Метрика