Агар барои худам рақами "ҳафт"- ро рамзи муҳиме биҳисобам, пас ин ҳафт китоби башарие ҳастанд, ки ба назари ман мебояд, ки дар ҳар хонаи мардуму миллати мо дастрасу зери мутолиаи доимӣ қарор дошта бошанд:
1. Қуръони Карим;
2. Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ;
3. Қонуни шифо-и Шайхурраис Буали Сино;
4. Маснавии маънавии Мавлонои Балхӣ;
5. Куллиёти Шайх Саъдӣ;
6. Девони Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ;
7. "Муқаддима"- и Ибни Халдун.
Маҳз ин китобҳо ва ин андешаҳо метавонанд эҷодгари тафаккури ҳуввияти миллӣ ва созандаи тани солиму руҳи бедор бошанд. Фақат руҳи бедор ва огоҳ метавонад барангезандаву созандаи ҳама василаҳои моддию маънавии мардуми мо бошанд, ки бо он замину кайҳон ва афлокҳоро тавонанд кашф кунанд. Зеро: "Аз шуур аст он чи гуйи назду дур, Чист меъроҷ? Инқилоб андар шуур."
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ