Хусусиятҳои зоҳиршавии ифротгароии динӣ - сиёсӣ дар ҷомеаи имрӯза

Халқи боору номуси мамлакат лаззати соҳибдавлатиро баъди садсолаҳо бори дигар чашиданд. Амонию осоиштагӣ дар асоси ободии ҳар кишвар ва сарчашмаи хушбахтии ҳар як фарди ҷомеа аст. Илму ҳунар барои ҳар як шахс мояи фазлу камол буда, инсонро ботаҷриба ва комил мегардонад. Дар аксари ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки ҷавонон аз рӯзҳои таътил истифода намуда, ба ҳар гуна кору амалҳои беҳуда ва ё зараровар машғул мешаванд. Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ  нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Нуқсону камбудии сар задани ингуна амалҳои ношоиста, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни чавонони  кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки нақши фарҳанг, тарғиботу ташвиқоти таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин ҳолат масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин хатарҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ  бояд эмин нигоҳ дошт.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти  миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.
Дар партави ин гуфтаҳои сарвари давлат ҷавононро лозим аст, ки бо дарки баланди бовари масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ роҳнамо сохта, истиқлолияти  кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Барои пешгирӣ ва бартараф  кардани хусусиятҳои зоҳиршавии ифротгароии динӣ - сиёсӣ дар ҷомеаи имрӯза, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани як қатор  сабабу омилҳо зарур мебошад. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини маънавию ҷисмони, таҷовуз ба ҳаёти ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Боиси ташвиш аст, ки терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 9 марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд, қайд каданд, ки “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям.
Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки дар арафаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин мулоқот кунем ва масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, муайян намоем”.
Дар партави ин гуфтаҳои роҳбари давлат, сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарави террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ ИсоевН.

Яндекс.Метрика