Унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикон

Рӯзи 1-уми марти соли 2022 сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон дар семинари илмии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони «Унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикон», суханронӣ намуд. 

Дар суханронии худ С. Муллоҷон аз лиҳози илмӣ, моҳияти истилоҳи ҳувиятро шарҳ дода, инчунин перомуни ҳувияти миллӣ, заминаҳои таҳкимбахши ҳувияти миллӣ дар замони гузашта ва ҳозира гузориш намуд. Дар гузориш чаҳор марҳилаи ҳувиятсозии миллати тоҷик баён шуд. Ба андешаи ин муҳаққиқи тоҷик чор марҳила «Таърихи бостонӣ», «Таърихи асрҳои миёна», «Замони ҳамзистӣ бо Россияи подшоҳӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ва махсусан марҳилаи сарнавиштсозу муҳимми «Тоҷикистони соҳибистиқлол» мебошад. 

С. Муллоҷон таъкид намуд, ки танҳо дар партави давлати мустақиду ягонаву дунявӣ ва қонунсолору пешрафта имкони таҳаққуқ ёфтану ҳамзистии осоишта кардани ин чаҳор унсури муҳим вуҷуд дорад.

Дар охир ба суолҳои пешниҳодшуда ҷавоб дода шуд. 

Яндекс.Метрика