
Тайи ним қарни гузашта таҳқиқоти зиёд ва гуногунабъоде аз сӯи марказҳои беҳдоштӣ ва клиникии баъзе кишварҳо дар бораи таъсири рӯза ва имсок ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон сурат гирифта ва баъзе донишмандони ғарбӣ онро ҳам ба ҳайси тибби беҳдоштӣ тавсия ва ҳам ба унвони усули дармонӣ барои анвое аз бемориҳо ба кор бурдаанд. Дар кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низ натавонистаанд аз осор ва фавоиди беҳдоштӣ ва равонии имсок ва гуруснагӣ сарфи назар намоянд, балки Вазорати тандурустии СССР соли 1952 ба таври расмӣ онро ба унвони яке аз усулҳои дармонӣ таъйид намуд. Профессорони советӣ Николаев ва Нилов соли 1967 дар моҳномаи “Маводи ғизоӣ” (Пищевые продукты) дар мақолае ба унвони “Гуруснагӣ баҳри тандурустӣ” (Голод для здоровья) навишта буданд: “Ба сабаби бад шудани вазъи экологӣ дар шаҳрҳо одамиро барои ҳифзи саломатӣ ва покиза шудан аз русуботи пасмонда ва чарбиҳои зиёдатии баданаш зарур аст, ки ҳар сол на камтар аз се ҳафта ва на бештар аз чор ҳафта имсок ва гуруснагӣ бикашад. Доктори тиб Роберт Бартлов ба тариқи озмоишӣ собит намуд, ки рӯза қудрати ҳайратангезе дар тасфияи бадан дорад ва ҳатто метавонад омос (опухол)-ро дар марҳалаҳои оғозинаш аз байн бибарад. Вай аз ҷумла менависад: Бешак, рӯза таъсири ҷиддие дар поксозии бадан аз микробҳо дорад.
Аз сӯи донишмандони амрикоӣ низ ба тариқи озмоишӣ собит гардида, ки рӯза муҳтавои холестерини хунро хеле коҳиш медиҳад ва дар натиҷа хатари бемории тангшавии рагҳои дилро дар инсон камтар месозад. Он ҳамчунин дар таъдили мизони қанднокии хун ва туршиҳои зери меъда таъсири хубе мегузорад ва онҳоро бе истифода аз дору ба меъёри муқаррарӣ дармеоварад. Аллан Котт соли 1975 дар китоби “Пост как образ жизнь” (Рӯза-равиши зиндагӣ) овардааст, ки рӯза заминаи истироҳати физиологиро барои дастгоҳи гувориш ва системаи марказии асаб фароҳам ва фаъолияти таҷдидии ҳуҷайраҳо-металозимро дар бадан ба эътидол меоварад.
Девид Синклейр ва ҳамкоронаш исбот кардаанд, ки дар замони имсок ва гуруснагӣ генҳои SIRT3 ва SIRT4, ки идомаи ҳаёти ҳуҷайраҳоро ба танзим меоваранд, хеле фаъол мегарданд. Фаъол будани табодули маводро дар ҳуҷайра митохондрия ба уҳда дорад ва идомаи ҳаёт дар бадан ба коршоямии он бастагӣ дорад. Вақте митохондрия зарфияти корӣ ва захираҳои ҳаётии худро аз даст медиҳад, марҳалаи апоптоз- азбайнравӣ ва ё марг дар он оғоз мегардад.
Таҳияи шуъбаи ҳуқуқи исломӣ