Таҳаммулпазирӣ дар таълимоти Абӯҳанифа

Қобили зикр аст, ки афкору ақоид ва аъмоли таҳаммулпазирона на танҳо дар сарчашмаҳои  асосии таълимоти исломӣ, балки дар таълимоти донишмандони муътабари исломӣ низ равшан ба чашм мерасанд. Дар ин самт  пешвои ҳанафимазҳабон Имом Абӯҳанифа сатҳи олии таҳаммулпазириро нишон додааст. 

Баъд аз сурат гирифтани ихтилоф дар байни баъзе  аз хулафои рошидин олами ислом  ба таври воқеӣ ва ҷиддӣ ба ду гурӯҳи мухолиф ҷудо шуда буд. Зиддият дар байни онҳо тезутунд гардида, дар ҳолати нерӯгирӣ қарор дошт. Муайян намудани мавқеъи солим ва оқилона дар нисбати хулафои рошидин, махсусан Усмон ва Алӣ барои олами ислом ҳам аҳамияти бузурги амалӣ ва ҳам назариявӣ дошт. Мавқеи  солим,  оқилона, дурандешона, муросокорона ва таҳаммулпазирона имконият медод, ки пеши роҳи тезутундшавии минбаъдаи қазияи  мазкур гирифта шавад. Маҳз бо мақсади мазкур ва ҳамзамон заиф сохтани ихтилоф дар байни ду равияи як дин ва гирифтани пеши роҳи нерӯ гирифтани адовату тафриқаи минбаъда дар дохили онҳо Абӯҳанифа ба ҳар яке аз хулафои рошидин баҳои  муносиби таърихӣ дод[Ниг.6, 84-87]. 

Ақидаи Таҳовия  сухани Абӯҳанифаро бештар шарҳ дода менависад: “Мо эътиқод  дорем, ки  Абубакр беҳтарини мардумон пас аз расули Худо (с) аст.  Мо ҳаққи ӯро бар хилофат муқаддам бар дигарон медонем; пас аз ӯ ҳаққи Умар; пас аз ӯ Усмон ва саранҷом ҳаққи Алиро – ва онҳо хулафои рошидин ва пешвоёни дурусткирдор ҳастанд”[Ниг. 2,403-416]. Бешак чунин мавқеъгирии Имоми Аъзам ба хотири ҳифзи фазои солим дар олами ислом ва гирифтани пеши роҳи хушунату бадбинӣ дар байни мусулмонон роҳандозӣ шудааст. 

Яке аз  шаклҳои зуҳури хусусияти таҳаммулпазиронаи таълимоти Абӯҳанифа аз имон ҷудо ҳисобидани амал аст. Чунин мавқеъро интихоб намудани Имоми Аъзам аҳамияти  бузурги методологӣ дошта, аз дурандешии оқилона ва ҳикмати болиғаи ӯ дарак медиҳад. Бегумон маҳз  чунин мавқеъ яке аз сабабҳои воқеии интишори васеи таълимоти Абӯҳанифа маҳсуб ёфта,  муҷиби пойдорию устувории таълимоти ӯ гардид ва дурустии таълимоти ӯро амалан собит намуд. Гурӯҳҳое, ки амалро ҷузъи имон донистанд, ба мушкилоти амиқи ақидавӣ дучор гардиданд. Ба таври мисол равияи хавориҷ, ки ба сабаби мавқеи ифротӣ зимни ҳалли масоили мухталифи динию сиёсӣ дер напоид ва зуд аз байн рафт. Он гурӯҳҳое, ки баръакси Абӯҳанифа амалро ҷузъи имон ҳисобиданд ва ё имрӯз чунин меҳисобанд,  бояд ба сабаби хурдтарин амали ғайриисломӣ пайрави худро хориҷ аз дин ё муртад маҳсуб донанд.  Чун тағйиротҳои  охирини ҷомеа ва нақши мумтози арзишҳои дунявӣ дар он  дар шароити “исломи ибтидоӣ” зиндагӣ намуданро  ғайриимкон гардонидааст, мантиқан тамоми пайравони ақидаи мазкур бояд торикимон маҳсуб дониста шаванд. Ва баръакс ҷудо донистани амал аз имон  маънои ба инобат гирифтани гуногунпаҳлӯии ҳаёти дунявӣ, ногузирии аъмоли дунёпарастона ва тағйирпазирии  арзишҳои зиндагиро ифода менамояд.  Огоҳӣ аз таълимоти Абӯҳанифа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай тамоми паҳлӯҳои масъалаи мазкурро ба инобат гирифтааст ва ақидаи хулосавии “як муъмин  мумкин аст, ки хатокор бошад, бе он ки кофир бошад”[Ниг.6,84-87] ё “гунаҳгорон дар миёни пайравони Муҳаммад  (с) ҳама муъминанд, на кофир”[7,6]. Ҷои шакке нест, ки Абӯҳанифа ба чунин таълимоти қуръонӣ, ки “ҳар нафаре, ки тавҳид ва нубувватро пазирад ва қалбан ба он эътиқод дошта бошад,мусулмон аст”, такя намудааст[11,49]. Бо такя ба далели мазкур Абӯҳанифа муътазила, қадария, ҷаҳмия ва ғайраро кофир намедонад ва ҳамчунин он ҳадисеро, ки тибқи он дар миёни ҳафтоду ду фирқа сирф яке аз онҳо  мустаҳиққи биҳишт аст ва дигарон дӯзахианд, беэътибор меҳисобад. Мутаассифона, чуноне ки муҳаққиқи таълимоти Абӯҳанифа – Шиблии Нуъмонӣ менависад, “мутааххирини ҳанафиҳо ба ин усули Имом амал нанамуда, садҳо, балки ҳазорҳо масоили куфрро эҷод намудаанд, ки китоби фиқҳ аз онҳо мамлуъ аст”[1,234.].  

  Қобили зикр аст, ки хусусиятҳои таҳаммулпазирии таълимоти Абӯҳанифа дар масоили ҷузъӣ низ равшан ба чашм мерасанд. Вобаста ба ин бояд ёдовар шуд, ки тибқи ақидаи муҳаққиқон дар мавриди аҳкоми шаръӣ дар ислом аз рӯзи аввал  ду ақида вуҷуд доштааст. Тибқи ақидаи аввал аҳком ҳама аҳкоми тааббудиянд, яъне дар он ҳеҷ гунна асрор ва маслиҳат(ба маънои манфиат) вуҷуд надорад. Масалан, шаробхӯрӣ ва фисқу фуҷур ба хотири он амали нописандида ҳисобида мешаванд, ки шариат онҳоро мамнуъ эълом доштааст ва хайру закон ба хотири он амали нек ҳисобида мешаванд,  ки шариат онҳоро таъкид намудааст, варна ин аъмол дар табиати худ нек ё бад намебошанд. Имом Шофеӣ маҳз ҳамин ақидаро дастгирӣ менамояд. Дар баробари ин боз ақидае вуҷуд дорад, ки тамоми аҳкоми шариат дар заминаи масолеҳ(манфиатҳо) бунёд ёфтаанд. Маслиҳат ва ғоят(ба маънои ҳадаф, мақсад)-и тамоми масъалаҳои муҳим дар Қуръон  зикр шудаанд ва Қуръон низ ба муқобили кофирон чунин тарзи далеловариро истифода мебарад. Аз ҷумла, дар бораи маслиҳати намоз дар Қуръон гуфта мешавад: Танҳо ан-ил-фаҳшои ва-л –мункар», дар бораи манфиати рӯза мегӯяд: «лааллакум таттақун», дар бораи манфиати ҷиҳод мегӯяд: «ҳатто  ло такуна фитна»[1,259]. Муҳаққиқи таълимоти Абӯҳанифа Шиблии Нуъмонӣ менависад,  ки «мазҳаби Имом Абӯҳанифа ҳам ҳамин аст ва ин усул дар масоили фиқҳии ӯ риоят гардидааст ва дар асари ҳамин аст, ки фиқҳи ҳанафӣ комилан бо ақл ва мантиқ  мутобиқат дорад»[1,259]. Ба ақидаи муҳаққиқи мазкур « ин иддаоро, ки мазҳаби Имом Абӯҳанифа бо ақл мувофиқат дорад, пайравони мазҳаби шофеӣ ва дигарон ҳам мункири он нестанд. Зеро дар назди онҳо аҳкоми шаръӣ, хусусан ибодат ҳар қадар аз ақл  ба дур бошад, ба ҳамон андоза далолат бар сиҳҳат ва хубии он дорад. Имом Розӣ дар баҳси закот навиштааст, ки «Мазҳаби Имом Шофеӣ нисбат ба мазҳаби Имом Абӯҳанифа саҳеҳтар аст ва иллати он ин аст, ки мазҳаби Имом Шофеӣ  аз ақл ва қиёс ба дур аст»[1,259].  

Аз маълумотҳои боло бидуни шак на танҳо ақлгароию таҳаммулпазирии таълимоти Абӯҳанифа собит мегардад, балки ҷанбаи дунявии ӯ низ ба зоҳир мерасад. Вақте Имом Абӯҳанифа дар ҳар як аҳкоми шаръӣ асрор ва маслиҳатеро мебинад, пас ин амал аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай омили дунявиро сарчашмаи аҳкоми шаръӣ маҳсуб медонад. Яъне,  ҳар як амал вобаста ба нафънокӣ ва зарарнокии худ бояд мавриди ҳукм қарор гиранд. Дар заминаи манфиатҳо бунёд ёфтани аҳкоми шаръӣ ҳамзамон маънои онро дорад, ки шариат бояд манфиатҳои аҳли ҷомеаро ифода намояд. Дар акси ҳол он зарурат ва ногузирии худро аз даст медиҳад. Пас, дин ва шариат бояд барои ҷомеа бошанд, на ҷомеа барои дин ва шариати он. Ҳамин тавр, Имом  Абӯҳанифа манофеи аҳли ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, ба таълимоти хеш хусусияти дунявӣ мебахшад. Аз дидгоҳи мазкури ӯ  чунин хулоса ҳосил мегардад, ки агар манофеи ҷомеа муайянкунанда бошанд, ва онҳо бо дигаргун гардидану  ба пешрафт ноил шудани ҷомеа тағйир ёбанд,  пас аҳкоми шаръии бар асоси манофеъ бунёдёбанда низ бояд тағйир ёбанд. Яъне, аҳкоми шаръӣ наметавонанд муддати дароз бетағйир боқӣ монанд. Чун масолеҳу асрор тағйир ёфт, аҳкоми шаръӣ низ бояд тағйир ёбанд. Ҳамин тариқ, Абӯҳанифа дар асоси масолеҳ ва асрор бунёд ёфтани аҳкоми шаръиро мантиқан ва таври муътамад асоснок менамояд, ки ин иқдоми ӯ аз хусусияти дунявӣ доштани таълимоти ӯ дарак медиҳад.  

Чӣ хеле ки дар боло таъкид гардид, мазҳаби Имом Абӯҳанифа аз дигар мазоҳиби исломӣ бо хусусияти равшани таҳаммулпазирӣ ва башардӯстонаи худ низ фарқ менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки барои дуздӣ шариати ислом ба буридани даст ҳукм менамояд. Барои Абӯҳанифа ҳаҷми моли дуздидашуда (нисоб)  ҳамчун меъёр, ки ба сабаби он амал дуздӣ маҳсуб меёбад, аз дигар имомҳо чор маротиба зиёдтар аст. Ё агар дар як амали дуздӣ чанд нафар шарик бошанд, дасти ҳеҷ нафари онҳо бурида намешавад. Дар назди Имом Аҳмад дасти ҳамаи онҳо бурида мешавад. 

 Масъалаи дигаре, ки ба ҷанбаи ақлонии таълимоти Абӯҳанифа далолат менамояд, ҳуқуқ ва соҳибихтиёрии зан аст. Дар назди Имом Шофеъӣ ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал зан, агар оқил ва болиғ ҳам бошад, дар мавриди никоҳ  соҳибихтиёр нест. Ихтиёри ӯ ба валии ӯ дода мешавад.  Валии вай бо зӯрӣ ба ҳар кас хоҳад, ӯро никоҳ менамояд ва зан ҳукуқи инкорро надорад. Дар назди Имом Абӯҳанифа бошад, зани болиға дар никоҳи худ сохибихтиёр аст. Агар қабл аз балоғаташ валияш ӯро ба ягон шахс никоҳ карда бошад, баъд аз балоғаташ вай метавонад никоҳи мазкурро бекор намояд ё бипазирад.  Ба ҳамин монанд Абӯҳанифа дар масъалаи шаҳодат додани занҳо низ  нисбат ба дигар имомҳо дурандешонатар рафтор намудааст. Назди Абӯҳанифа дар муомилот, чун никоҳ, талоқ, итқ ва ғайра ба шаҳодати занҳо чун шаҳодати мардҳо эътибор дода мешавад, дар ҳолате ки назди Имом Шофеъӣ шаҳодати занҳо дар ҳолате, ки теъдодашон аз чор кам бошад, қобили қабул нест.  

Идома дорад.

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика