
Имрӯз, 04/03/2024с дар Маркази исломшмносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими СИПОСНОМАИ қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури директори Маркази исломшиносӣ баргузор гардид.
Дар маросим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим аз ҳамкориҳои судманди Маркази исломшиносӣ бо вазорату идораҳо, ба вижа, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа ва дигар марказҳои тадқиқотӣ ёддовар шуда, миннатдории самимии худро бобати ҳамкориҳои мутақобила бо Раёсати қушунҳои корҳои дохилии ВКД ба Абдуллоҳи Қодирӣ ва Наҷотзода Мутеъуллоҳ баён намуд.
Дар фарҷом Сипосномаи қисми ҳарбии 5453 и Раёсати қушунҳои корҳои дохилии ВКД тавассути директори Марказ ба Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ ва корманди Марказ Наҷотзода Мутеъуллоҳ тақдим карда шуд.
А.Қодирӣ