ТАЪСИРИ АШЪОРИ МАЛАКУТИИ ХОҶА ҲОФИЗ ДАР АНДЕШАҲОИ АЛЛОМА ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз ҷумлаи мутафаккирони поёни асри XlX ва аввали асри XX -и Машриқзамин ба шумор рафта, дар таърихи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳ ва мақоми шомиху баландеро сазовор мебошад. Истеъдоди фавқулодда ва осори гаронбаҳои у дар тамаддун ва фарҳанги исломӣ нақши боризе дорад. Вай бо ашъори шӯрангезаш, ки бо ду забон; урду ва форсии тоҷикӣ суруда шудаанд, рӯҳи моҷароҷӯёнаю озодихоҳонаи Носири Хусрав, Мавлоно Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдиро дар замири шарқиён зинда кард.

Муҳаммад Иқбол ҳанӯз аз даврони бачагӣ бо бузургони илму адаби форсӣ ошноӣ ва ба ашъори ноби онҳо дилгармӣ дошт, монанди устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Аттор, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон.

Яке аз суханварони маъруф ва воломақоми форсии тоҷикӣ, ки аллома ба ашъори ӯ таваҷҷуҳи хоса дошт, ин лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ будааст. Истиқбол ва таъсирпазириҳои зиёди суханвари сонӣ бар устоди ғазали форсӣ густурда мебошад, ки ин мулоҳизаронӣ бар мабнои сеҳри қалами аллома Иқбол аст. Чун ин ҷо сухан аз Хоҷа Ҳофиз ва аллома Иқбол аст, бемаврид намешуморем, ки ба ашъори Иқбол, ки нишонгари иштиёқи зойидулвасфи вай нисбат ба ҳар ғазал, байт ба байт ва мисраъ ба мисраи Хоҷа аз худ буруз медиҳад, истинод намоем. Ва ин каломи шевои Иқбол аст, ки таъкид бар истиқболу пайравӣ аз Ҳофиз дорад. Хоҷа Ҳофиз мегӯяд:
Ай фурӯғи моҳи ҳусн, аз рӯйи хандони шумо,
Обрӯйи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо.

Иқбол мегӯяд:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Ай ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Мувофиқи маълумотҳои муҳаққиқон Сайид Мирҳусайн, муаллим ва мураббии бузурги ӯ мебошад, ки ба Иқболи Лоҳурӣ забони форсӣ омӯхт ва ӯро бо ашъори шоирони бузурги форсигӯй, аз ҷумла Хоҷа Хофиз ошно сохт.

Хулоса, метавон гуфт, ки ашъори ноб ва малакутии Хоҷа Ҳофиз дар афкору андешаҳои Иқболи Лоҳурӣ таъсири фаровоне доштаанд!

Яндекс.Метрика