Таманниёти директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, Холиқзода Абдурраҳим бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Устодону шогирдон ва ҳамкорони гиромӣ, Шуморо ба муносибати ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки он дар таърих бо номи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт шудааст, аз номи худ ва Маркази исломшиносӣ самимона шодбош мегӯям. Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳар сол 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, на танҳо рӯйдоди муҳиму беназир барои тоҷикистониён, балки тавре таъқид мегардад, бо бисёр ҷиҳатҳои хосаш таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ба худ ҷалб намудааст. Он борҳо барои омӯзишу пайравӣ ва истифода дар ҳалли мухолифатҳо дар минтақаҳои гуногуни олам тавсия ёфтааст. Маврид ба таъқид аст, ки ин неъмати худодод бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматпешаи тоҷик ба даст омад. Зеро хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдор намудани истиқрори сулҳ, аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, муаррифии сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз иқдомҳои муҳими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар ин росто, моро зарур аст, ки ҳифзи онро ба ҷо орем ва нагузорем, ки бадхоҳе ба суботу амнияти кишвар халал ворид созад. Набояд фаромӯш намоем, ки танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро ҳифзу пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем. Хушбахтона, имрӯзҳо дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба назар мерасанд. Ҳамасола садҳо иншооти бузурги саноатӣ, энергетикӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва илмию пажӯҳишӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Диёри азизамонро аз дирӯз дида, имрӯз боз ҳам ободу шукуфонтар мебинем ва аз ин ифтихор дорему шукрона мегӯем. Дар ростои ҷашни Ваҳдати миллӣ итминон дорам, ки кормандони Маркази исломшиносӣ саҳми шоистаи худро дар таҳияи консепсияиҳои давлатӣ ва барномаҳои илмӣ - тадқиқотӣ доир ба рушди ҳаёти динии ҷомеа; муайян кардани алоқамандии мероси исломӣ бо фарҳанги миллӣ; муайян намудани мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир мегузоранд. Бори дигар ҷашни фархундаи Ваҳдати миллиро бароятон самимона шодбош мегӯям! Бигзор, Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша чунин зебо ва суботу амнияти комил дар он пойдор бошад. Парчами ваҳдатро баланд бардорем, ба Ватан содиқу вафодор бошем ва ҳар порчаи ин сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст дорем. Бо эҳтиром, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , доктори илмҳои ҳуқуқ, Холиқзода Абдурраҳим

Яндекс.Метрика