Муҳим: тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатӣ ё доимӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон истиқомат доранд расонида мешавад, ки аз 27 январи соли 2023 Ҳукумати Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тағйиру иловаҳо ворид кард.
Тибқи тағйиру иловаҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон 90 рӯзи тақвимӣ (се моҳ) дар давоми ҳар 180 рӯзи тақвимӣ (шаш моҳ) будубош намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони Тоҷикистон аз уҳдадории бақайдгирӣ дар мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қазоқистон дар давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод мебошанд. Дар сурати будубоши зиёда аз 30 шабонарӯз шаҳрвандони Тоҷикистон худро бояд дар политсияи муҳоҷирати Қазоқистон ба қайд гузоранд. Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳлати на зиёда аз 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монда мешавад.
Маҳдудиятҳои нав ба шаҳрвандоне, ки тибқи тартиби муқарраршуда иҷозатномаи иқомати муваққатӣ гирифтаанд, татбиқ намегардад.
Тағиротҳои нав аз 27 январи соли 2023 қувваи эътибор пайдо мекунанд.
__________________________________________
Важно: внесение изменений и дополнений в Правила въезда и пребывания иммигрантов в Республике Казахстан
До сведения граждан Республики Таджикистан временно или постоянно проживающие в Республике Казахстан доводятся, что Правительством Казахстана с 27 января 2023 года внесены изменения и дополнения в Правила въезда и пребывания иностранных граждан.
Согласно новым поправкам граждане Таджикистана могут находиться на территории Республики Казахстан 90 календарных дней (трех месяцев) в течение каждого периода 180 календарных дней (шести месяцев).
Напоминаем, что согласно межправительственному соглашению о порядке пребывания граждан Республики Таджикистан на территории Республики Казахстан и граждан Республики Казахстан на территории Республики Таджикистан, граждане Таджикистана освобождаются от обязанности регистрации в компетентных органах Республики Казахстан в течение 30 суток с
даты въезда. В случае пребывания свыше 30 суток, граждане Таджикистана обязаны зарегистрироваться в миграционной полиции Казахстана. Регистрация граждан Таджикистана производится на срок, не превышающий 90 суток с момента въезда в Республику Казахстан.
Новые ограничения не распространяются на граждан, получивших в установленном порядке разрешение на временное проживание.
Новые поправки вступают в силу с 27 января 2023 года.
манбаъ: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато
Қазоқистон, ш.Алмаато
Тоҷикони Қазоқистон | 19.01.2023