Истилоҳи «Ван Дао» (хитоӣ: «роҳи ҳокими комил», «роҳи шоҳи ҳақиқӣ») мафҳуми афкори сиёсии анъанавии чинӣ, асосан хоси таълимоти Конфутсий буда, идеали идоракунии давлатиро ифода мекунад. Бори аввал дар «Шу изид» зикр шудааст. Иероглифи «Ван», ки ба биноми «Ван Дао» дохил шудааст, унвони ҳокими олиро дар Чини қадим (то охири асри III пеш аз милод) ифода мекунад.
Контури иероглиф - се хати уфуқӣ, ки бо хати амудӣ пайвастаанд, инчунин метавонад ҳамчун иероглифи «ту» («замин», «хок»), ки дар боло бо хати уфуқӣ маҳдуд карда шудааст тафсир шавад ва ғояи пайваст кардани Осмон (мабдаи олии илоҳӣ ё фаротабиӣ) бо Замин (мабдаи табиӣ), инчунин ғояи муроқиба (медитатсия)-и байни ин ду мабдаъро ифода кунад. Маъмулан, дар таърихнигории анъанавии чинӣ, асосан дар мактаби конфутсия, «Ван Дао» ҳамчун «роҳи дурусти ҳокимони пешин» тафсир шудааст. Аммо дар таълимоти легистҳо (Қонунгароён), ки дар «Шин сзюн шу» ифода ёфтааст, истилоҳи «Ван Дао» ба таври баръакс ё мухолифи тафсири Конфутсий таъбир шудааст.
Дар ин сарчашма «Ван Дао» маънои «роҳи ҳукмронӣ дар Империяи Зери Осмон», бо ёрии тадбирҳои нигаронидашуда мустаҳкам намудани давлат ва ҳокимияти ягонаи шоҳиро ифода мекунад.Дар «Мен – си» (асрҳои IV - III пеш аз милод) ба «ҳокими комил, ё шоҳи ҳақиқӣ» (Ван) «шоҳи худкома, яккаҳукмрон (гегемон) ва мустабид (деспот)» (Ба) мухолиф аст. «Ба» - ин унвони пурқудраттарини ҳокимони салтанатҳои қадимии Чин дар асрхои VIII –V пеш аз милод буд. Ван (шоҳи ҳақиқӣ ва одилу комил) «аз қувваи нек» (зен) истифода мебарад ва принсипи гуманизм (ҳет)- ро ба эътибор гирифта ба он афзалият медиҳад», аммо ба (шоҳи мустабид ва худкома) «қувваи бадӣ – ҷабру зўровариро истифода мебарад ва ба принсипи гуманизм беэътиноӣ мекунад».
Дар «Сюн-тзу» Ван ва ба ҳамчун ифодакунандаҳои принсипҳои гуногун, вале ба таври якхела зарурии идоракунӣ баромад мекунанд: Ван дар идоракунӣ нақши «ли» — одобу ахлоқ, фазилат, истеъдоду малакаро баланд мебардорад», «вазифаи идоракуниро аз татбиқи адолат иборат медонад», бо ҳамин роҳ «принсипи гуманизмро амалӣ мгардонад»; Ба «эътибору волоияти Қонун ва риояву эҳтироми принсипи башардўстиро тасдиқ намуда», бо ҳамин усул ба «танзиму идоракунии [муносибатҳои] байни (мардум), таҳкими Қудрати худ ва пурра ба даст гирифтани зимоми ҳокимияти давлатӣ ноил мешавад».
Дар рисолаи ҳуқуқии «Хан Фей-су» роҳи ягонаи ҳокими ҷобиру мустабид (Ван Ба жи дао ) шарҳ дода шудааст, ки принсипҳои идоракунии бо тарбияи ахоқию маънавӣ асосёфтаи Конфутсийро рад мекунад: шоҳи хирадманд асосан ба Қудрат такя мекунад, дар идоракунии давлат меъёрҳои ахлоқӣ ва одобу фазилатро не, балки қонунро истифода мебарад».
Дар афкори сиёсии асримиёнагии Чин мафҳуми «Ба Дао» («роҳи ҳокими мутабид») асосан ҳамчун антоними «Ван Дао» истифода мешуд, аммо худи мафҳуми «Ван Дао» ғояҳои бо меъёрҳои ахлоқӣ синтезшудаи ҳуқуқиро дар бар мегирифт.
Шоев Зиёвиддин, н.и.ф., мудири шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ