РИЗҚ

- Марди камбизоате бо модар ва зани худ зиндагӣ менамуд. Ӯ хизматгори марди дорое буд ва самимона кор менамуд. Боре ӯ ба кор дер омад.
Марди доро ба худ гуфт:
"Ман бояд ба ӯ маблағи иловагӣ диҳам, зеро фикр мекунам аз музди каме ки барош медиҳам имруз ба кор дер омад. Албатта, ӯ танҳо ба умеди зиёд кардани маошаш имруз дер кард, зеро медонад, ки ман ба ӯ ниёз дорам".
Воқеан, рӯзи дуввум марди бой маоши марди фақирро дод, аммо ду баробар зиёд.
Марди фақир ҳангоми гирифтани маош ба хуҷаини худ сухане нагуфт ва напурсид, чаро маошамро зиёд кардӣ.
Рузе марди фақир ба кор наомад. Марди бой бисёр хашмгин шуд ва гуфт: "Ман маоше, ки зиёд кардам, ба ӯ ҳолло хелле кам хоҳам кард."
Ҳангоми гирифтани маош марди бой ба фақир маблағи ночиз дод. Коргар дар бораи коҳиши музди меҳнати худ сухане накард ҳатто эътироз ҳам нанамуд.
Марди бой аз ҳаракати коргари худ ҳайрон шуд ва аз ӯ пурсид:
- Чаро вақте ман маошатро боло бурдам чизе нагуфтӣ, вақте ҳоло ба ту маблағи ночиз додам ҳолло ҳам чизе нагуфӣ. Ҳатто напурсиди чаро ман чунин кардам!!!
Коргар гуфт:
- Вақте ки ман бори аввал ба кор дер омадам, Аллоҳ ба ман фарзанд дод. Вақте ки аз Шумо музди меҳнати худро гирифтам аз афзоиши маоши худ ҳангоми гирифтан тааҷҷуб накардам, ман ба худ гуфтам; ки ин ризқи фарзанди ман аст. Вақте рузе ба кор наомадам модари ман аз дунё рафт, ва ҳангоме ки Шумо ҳоло музди меҳнатамро ночиз додед ман ба худ ҳоло гуфтам, ки ин рисқи модари ман буд, ки рафт...

- Ризқ ҳам як моликият аст, яъне моликияти фардӣ... касе на онро бурида метавонад ва на гирифта метавонад...

Ғами рузи махур Бедил мазан авроқи дафтарро,
Ки пеш аз тифл Холиқ пур кунад пистони модарро.

Бознашр аз саҳифаи Олами табиат

Яндекс.Метрика