Ривоят

Як донишманд падар чор писар дошт. Падар барои он ки ба онҳо дарси ҳаёт омӯзад, ки тасмими шитобкорона қабул накунанд ва рӯякӣ набошанд, падар онҳоро ба дидани дарахти бузурге дар водии дур фиристод.
Писари калонӣ зимистон, дуюмаш дар баҳор, сеюмаш тобистон ва хурдӣ дар тирамоҳ рафт.
Вақте ки ҳама дарахтро диданд, падарашон аз онҳо пурсид:
«Биёед, ҳар яки шумо дарахтеро, ки дидед, як-як тавсиф кунед», гуфт ӯ.
Писари калонӣ:
— Дарахт хеле хунук ва хушк аст, — гуфт у.
Баъдӣ:
— Дарахт барги сабз дорад, — гуфт у.
Сеюм:
— Дарахтро гулхои хушбуй фаро гирифтаанд, — гуфт у.
Ва хурдтарин:
— Дарахт бисёр мева дорад, — гуфт у.
Падаре, ки ин суханонро шунид:
"Ҳар яки шумо рост гуфтед. Зеро ки шумо дар фаслҳои гуногун рафтаед. Аммо бидонед, ки як дарахтро танҳо аз рӯи як мавсим доварӣ кардан мумкин нест.
Агар дар фасли зимистон ба намуди зоҳирии он такя карда, «Дарахт танҳо хушк аст» гӯӣ, сабзии онро дар баҳор, зебогии онро дар тобистон ва меваҳои ширинашро дар тирамоҳ инкор мекунӣ.
Ҳамчунин дар бораи шахс аз як ҳолат, аз як зовия, аз рӯи гуфтаҳои як нафар баҳо надиҳед. Ҳама паҳлӯҳои ӯро омӯзед ва баъд хулоса бароред", - гуфт падар.
Аз Хазинаи маърифат

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика