Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Аёз ном ғуломе дошт, ки дар аввал чӯпон буд.
Вақте дар дарбори Султон Маҳмуд кор мекард, ба василаи садоқати фавқулоддаи худ ба хоҷааш ва ақли расояш то ба мансаби вазирӣ расид.
Ӯ ҳамеша чоруқу пӯстини даврони камбағаливу ғуломии худро ба девори як хонааш, ки дар канори ҳавлӣ буд, овехта монда буд.
Ҳар рӯз субҳ ба он хона даромада, аз бадбахтиву тангдастии худ ёд меоварду баъд ба дарбор мерафт. Ў дари ин хонаро доим қулф мезад.
Дарбориёни ҳасадхӯр, ки Аёзро бад медиданд, хаёл карданд, ки ӯ дар ин хона ганҷу сарваташро пинҳон карда, ба ҳеҷ кас нишон намедиҳад. Ба шоҳ хабар доданд, ки Аёз тиллоҳои дарборро дар хонааш ҷамъ ва пинҳон мекунад.
Султон хуб медонист, ки Аёз марди вафодору фидокор аст. Бо вуҷуди ин: - Вақти дар дарбор будани Аёз ба хонаи ӯ равед ва ҳама тиллову пулҳоеро, ки ба даст овардед, барои худ гиред, мегӯяд. Қариб бист нафар дарбориён фурсати муносиб ёфта ба хонаи Аёз мераванд ва бошитобу ҳирс қулфро шикаста, вориди хона мешаванд. Саросари хонаро тагурӯ мекунанд, аммо ғайр аз як ҷуфт чоруқи кӯҳна ва як либоси кӯҳнаи порашуда чизи дигаре намеёбанд.
Вақте ки пеши шоҳ меоянд, шоҳ мепурсад: - Чаро дасти холӣ омадед? Тиллову пулҳо куҷост? Онҳо сарҳои худро хам карда, маъзаратхоҳӣ мекунанд. Султон мегӯяд: - Ман Аёзро хуб мешиносм. Ӯ марди ростгӯву росткор аст. Ҳар рӯз вориди хона гардида, чоруқ ва пӯстини кӯҳнаи худро мебинад, то ба мақому мартабаи хеш мағрур нашавад ва гузаштаашро фаромӯш накунад.....(?)
Гирдоварандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ