ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ВОЛИДАЙН АНДАР ФАРЗАНД ПАРВАРИДАН ВА ОИНИ ОН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст. Дувум он, ки ба доягони меҳрубон супор ва ба вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодӣ кун. Ва он гоҳ Қуръон биёмузон, чунон ки ҳофизи Қуръон шавад. Чун бузург шавад, агар раият бошӣ, вайро пешае биёмузӣ ва агар аҳли силоҳ бошӣ, ба илми силоҳаш диҳӣ, то савориву силаҳшӯрӣ биёмузад ва бидонад, ки ба ҳар силоҳ чӣ бояд кард. Ва чун аз силоҳ омӯхтан фориғ гардӣ, бояд ки фарзандро шино биёмӯзӣ.

Чунон ки ман даҳсола шудам, моро ҳоҷибе буд Боманзар ҳоҷиб гуфтандӣ ва фурусият (саворӣ) неку донистӣ. Ва ходиме ҳабашӣ буд Райҳон ном, вай низ неку донистӣ.

Падарам маро бад-он ҳар ду супурд, то маро савориву найза бохтан ва зӯбин андохтану чавгон задан ва тобтоб андохтан ва каманд афкандан ва ҷумла ҳар чӣ дар боби фурусият ва руҷулият (мардӣ) буд, биёмӯхтам. Худованд фармон дод, то фардо ба нахчиргоҳ он чӣ омӯхтааст, бар Худованд арза кунад.

Амир гуфт:

– Нек ояд.

Рӯзи дигар бирафтам, ҳар чӣ донистаме бар падар арза кардам. Амир эшонро хилъат фармуд ва пас гуфт:

– Ин фарзанди маро он чи омӯхтаед, неку бидонистааст, валекин беҳтарин ҳунаре наёмӯхтааст.

Гуфтанд:

– Он чӣ ҳунар аст?

Амир гуфт:

– Ҳар чӣ вай донад аз маънии ҳунару фазл, ҳама он аст, ки ба вақти ҳоҷат агар вай натавонад кардан, мумкин бошад, ки касе аз баҳри вай бикунад. Он ҳунар, ки вайро бояд кардан аз баҳри хеш ва ҳеҷ кас аз баҳри вай натавонад кард, вайро наёмӯхтаед.

Эшон пурсиданд, ки он кадом ҳунар аст.

Амир гуфт:

– Шиноварӣ, ки аз баҳри вай ҷуз вай кас натавонад кард.

Ва ду маллоҳи ҷалд аз Обисгун (номи бандари калоне, ки дар ҷанубу шарқии баҳри Хазар дар наздикии Гургон воқеъ буд [1, С. 230]) биёвард ва маро бад-эшон супурд, то маро шино биёмухтанд ба кароҳият ва ба табъ. Аммо нек биёмӯхтам. Иттифоқ афтод, ки он сол ба ҳаҷ мерафтам, бар дари Мавсул (шаҳрест, ки дар Ироқ дар соҳили дарёи Даҷла ҷойгир аст [1, С. 230]) моро қатъ афтод, қофила бурданд ва араби бисёр буд ва мо бо эшон басанда набудем. Ҷумлатуламр ман бараҳна боз Мавсул омадам. Ҳеҷ чора надонистам, андар киштӣ нишастам ба Даҷла ва ба Бағдод рафтам ва он ҷо шуғл неку шуд ва Эзид таоло тавфиқи ҳаҷ дод. Ғаразам он аст, ки андар Даҷла пеш аз он ки ба Акбара (номи шаҳрест, ки дуртар аз Бағдод дар Ироқ воқеъ будааст [1, С. 230]) расанд, ҷое махуф аст, гирдобе саъб, ки маллоҳе доно бояд, ки он ҷо бигузарад, ки агар сарфи он надонад, ки чун бояд гузашт, киштӣ ҳалок шавад. Мо чанд кас дар киштӣ будем, бад-он ҷой расидем. Маллоҳ устод набуд, надонист, ки чун бояд рафт, киштӣ ба ғалат андар миёни он ҷойгоҳи бад бурд ва ғарқа гашт. Кариб бисту панҷ мард будем. Ману марде пири басрӣ ва ғуломе аз они ман зирак, ки Ковӣ ном буда, ба шино берун омадем ва дигар ҷумла ҳалок шуданд. Баъд аз он меҳри падар андар дили ман зиёдат шуд. Дар садақа додан аз баҳри падар ва тараҳҳум фиристодан зиёдат кардам. Бидонистам, ки он пир чунин рӯзеро аз пеш ҳамедид, ки маро шиноварӣ омӯхт ва ман надонистам.

***

Пас, бояд, ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷо оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва натавон донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас, дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан. Ва ба вақти тааллум агар муаллимон ӯро бизананд, ӯро шафқат мабар ва бигузор, ки кӯдак илму адаб ва ҳунар ба чӯб омӯзад ва на ба табъи хеш. Аммо агар беадабӣ кунад ва ту аз вай дар хашм шавӣ, ба дасти хеш вайро мазан, ба муаллимонаш битарсон ва адаб эшонро фармой кардан, то кинаи ту дар дил нагирад. Аммо бо вай ба ҳайбат бош, то туро хор нагирад ва доим аз ту тарсон бошад. Ва дираму зар ва орзуе, ки вайро бошад, аз вай дареғ мадор бад-он қадар, ки битавонӣ, то аз баҳри сим марги ту нахоҳад аз ҷиҳати мерос ва бадном нашавад.

Ва ҳаққи фарзанд омӯхтан дон аз фарҳангу дониш. Ва агар фарзанде бад бувад, ту бар-он манигар, ҳаққи падарӣ ба ҷой овар, андар омӯхтани адаби вай тақсир макун. Ҳарчанд ки агар ҳеҷ мояи хирад надорад, агар ту адаб омӯзӣ ва агар наёмӯзӣ, рӯзгораш биёмӯзад.

Аммо шарти падарӣ нигоҳ дор, ки вай чунон зиндагонӣ кунад, ки фиристода бошад. Ва мардум чун аз одам мавҷуд шуд, хулқу сиришти ӯ бо ӯ буд. Аммо зи бехӯйӣ ва аҷзу заифӣ пайдо натавонад кардан. Ҳарчанд бузургтар мешавад, ҷисму рӯҳи ӯ кавитар мегардад ва феъли вай пайдотар мешавад аз неку бад то чун вай ба камол расад, одати вай низ ба камол расад. Тамоми рӯзбеҳиву рӯзбатарӣ пайдо шавад, валекин ту адабу ҳунар ва фарҳангро мероси хеш гардон ва ба вай бигузор, то ҳаққи вай гузорида бошӣ, ки фарзандонро меросе беҳ аз адаб нест ва фарзандони оммаро мероси беҳ аз пеша нест, ҳарчанд ки пеша на кори муҳташамон аст, ҳунар дигар асту пеша дигар. Аммо аз рӯйи ҳақиқат наздики ман пеша бузургтарин ҳунарест. Ва агар фарзандони муҳташамон сад пеша донанд, чун ба касб бикунанд, айбе нест, балки ҳунар аст, ҳар яке рӯзе ба кор ояд.

ҲИКОЯТ

Бидон, ки чун Гуштосп (мувофиқи ривоятҳои қадимӣ номи подшоҳи каёнӣ, писар ва ҷонишини Лӯҳросп ва падари Исфандиёр будааст, ки Зардушт дар замони ӯ гузаштааст [1, С. 230]) аз мақарри иззи хеш бияфтод ва он қисса дароз аст, аммо мақсуд аз он аст, ки вай ба Рум афтод, дар Қустантания рафт ва бо вай ҳеҷ набуд аз моли дунё. Айбаш омад нон хостан. Магар иттифоқ чунон афтода буд, ки ба кӯчакӣ дар саройи хеш оҳангаронро дида буд, ки корҳои оҳанина аз теғу корду риқоб ва даҳонаи лаҷом кардандӣ муҷовир. Магар дар толеи ӯ он афтода буд ин саноат, пайваста гирди оҳангарон мегаштӣ ва ҳамедидӣ ва ин саноат биёмӯхта буд.

Он рӯз, ки ба Рум дармонда буд, бо оҳангарони Рум гуфт, ки мае ин санъат донам. Ӯро ба муздурӣ гирифтанд. Ва чандон ки он ҷо буд, аз он саноат зиндагонӣ мекард, ба кас ниёзаш набуд ва нафақот аз ин мекард, то он гоҳ ки ба ватани хеш расид. Баъд аз он бифармуд, ки ҳеҷ муҳташам фарзанди хешро аз саноат омӯхтан нанг надоранд, бисёр вақт бувад, ки қуввату шуҷоат суд надорад ва ҳар дониш, ки бидонӣ, рӯзе ба кор ояд. Ва баъд аз он дар Аҷам расм афтод, ки муҳташам набудӣ, ки фарзандро саноат наёмӯхтӣ, ҳарчанд ки бад-он ҳоҷат набудӣ ва он ба одат карданд.

***

Пас, ҳар чӣ битавонӣ омӯхтан, биёмӯз, ки манофеи он ба ту расад. Аммо агар писар болиғ гашт, бинигар андар вай, агар сари салоҳ дорад ва ба кадхудоиву зан доштан ва рӯзбеҳи машғул хоҳад будан, пас тадбири зан хостани ӯ кун, то он ҳақ низ гузорида бошӣ. Аммо, то битавонӣ, агар писарро зан диҳӣ ё духтарро ба шӯй диҳӣ, бо хешони хеш васлат макун. Зан аз бегонагон хоҳ. Бо қаробати хеш агар васлат кунӣ ва агар накунӣ, эшон худ гӯшту хуни туанд. Васл аз қабилаи дигар хоҳ, ки қабилаи хешро қабила карда бошӣ ва бегонаро хеш карда, то қувват ду гардад ва аз ду ҷониб туро муованат (мададгорӣ) бувад. Пас, агар донӣ, ки сари кадхудоиву рӯзбеҳӣ надорад, духтари кадхудоёну мусулмононро дар бало маяфкан, ки ҳар ду аз якдигар дар ранҷ бошанд. Бигузор, то чун бузург шавад, чунон ки хоҳад, кунад зиндагонӣ, то баъд аз марги ту ба ҳама ҳол чунон тавонад буд, ки фиристода бошад.

ФАСЛ

Агар фарзанд духтар бошад, ӯро ба доягони мастураи некупарвар бисупор ва чун бузург шавад, ба муаллима деҳ, то намозу рӯза ва он чӣ шарти шариат он аст, аз фароиз биомӯзад. Валекин дабирӣ маёмӯзаш ва чун бузург шуд, ҳар чи зудтар ҷаҳд кун, ки ба шавҳараш диҳӣ, ки духтар нобуда беҳ ва чун бувад, бо шӯй беҳ. Аммо то дар хонаи ту бошад, мудом бар вай ба раҳмат бош, ки духтаракон асири модару падар бошанд. Аммо писарро агар падар набошад, ба талаби кори хеш тавонад рафт ва хештанро тавонад дошт аз ҳар рӯй, ки бошад ва духтар бечора бувад.

Он чи дорӣ, аввал дар баҳри духтар кун ва шуғл вайро бисоз ва ӯро дар гардани касе кун, то аз ғами вай бираҳӣ. Аммо агар духтар дӯшиза бошад, талаб домоди дӯшиза, то зан дил дар шӯй бибандад ва шӯй низ дар зан доштан бикӯшад ва аз ҷонибайн (ҳар ду тараф) созгорӣ бошад.

ҲИКОЯТ

Чунон шунидам, ки Шаҳрбону (духтари охирин намояндаи сулолаи Сосониён Яздигурди III, ки соли 637 ҳангоми истилои арабҳо кушта шудааст [1, С. 230]) духтаре буд хурд. Шаҳрбонуро асир бурданд аз Аҷам ба Араб. Амирулмуъминин Умар (р) (халифаи дуюми рошидин, ки аз соли 634 то 644 ҳукумронӣ намудааст [1, С. 230]) фаро расид, фармуд, ки вайро бифурӯшанд. Чун вайро дар байъ бурданд, Амирулмуъминин Алӣ (р) (халифаи чоруми рошидин, ки солҳои 656-661 хилофат кардааст, домоди Муҳаммад [1, С. 230]) фаро расид ва ин хабар бидод аз расул (с) «Лайса-л-байъу ало Абнои-л-мулуки» («Хариду фурӯши шоҳзодагон раво нест» [1, С. 230]). Чун хабар бидод, байъ аз Шаҳрбону бархост ва ӯро ба хонаи Салмони Форсӣ (яке аз саҳобагони (ҳамсуҳбатони) машҳури Муҳаммад, ки дар Исфаҳон таваллуд ёфта, сипас ба мамлакатҳои араб рафта, дини исломро қабул кардааст [1, С. 230]) бинишонданд, то ба шӯй диҳанд.

Чун ҳикояти шӯй бар вай арза карданд, Шаҳрбону гуфт:

– То мардро набинам, зани ӯ набошам. Вайро дар манзарае нишонданд ва содоти (саййидони) Араброву Яманро бар вай бигузарониданд, то он кас, ки ӯро ихтиёр афтад, зани ӯ бошад. Ва Салмон пеши ӯ бинишаст ва он қавмро таъриф мекард, ки ин фалон асту он баҳмон аст. Ва ӯ ҳар касро нақл мекард то Умар бигузашт. Шаҳрбону гуфт:

– Ин кист?

Салмон гуфт:

– Умар аст.

Шаҳрбону гуфт:

– Марде бузург аст, аммо пир аст.

Чун Алӣ бигузашт, Шаҳрбону гуфт:

– Ин кист?

Салмон гуфт:

– Алӣ аст...

Шаҳрбону гуфт:

– Марде бузургвор аст. Валекин фардо ман андар он ҷаҳон бар рӯйи Фотимаи Заҳро (духтари Муҳаммад аз зани калониаш Хадича, зани Алӣ. Аз сабаби сафедпӯст буданаш ӯро заҳро мегуфтанд [1, С. 230]) натавонам нигарист ва шарм дорам ва аз ин ҷиҳат нахоҳам.

Чун Ҳасан ибни Алӣ (Ҳасан ва Ҳусейн – писарони Алӣ [1, С. 230]) бигузашт, чун ҳоли ӯро донист, гуфт:

– Лойиқи ман аст, вале бисёрникоҳ аст, нахоҳам.

Чун Ҳусейни Алӣ (Ҳасан ва Ҳусейн – писарони Алӣ [1, С. 230]) бигузашт, ӯ бипурсид ва бидонисту гуфт:

– Ӯ дархӯри ман аст. Шавҳари ман ӯ бояд, ки бувад. Духтари дӯшизаро шӯйи дӯшиза бояд, ки бувад. Ман шӯй накардаам ва ӯ зан накардааст.

***

Ва аммо домоди некурӯй гузин ва духтар ба марди зиштрӯй мадеҳ, ки духтар дил бар шӯйи зиштрӯй надиҳад, турову шавҳарро бадномӣ ояд. Бояд ки домод хубрӯй ва покдин ва босалоҳ ва бо кадхудойӣ бувад. Нафақоти духтари хеш донӣ, ки аз куҷо ва аз чӣ ҳосил кунад. Аммо бояд ки домоди ту аз ту фурӯтар бувад ҳам ба неъмату ҳам ба ҳашмат, то вай ба ту фахр кунад ва на ту ба вай, то духтар дар роҳат зияд.

Чун чунин аст, андаке гуфтам, аз вай бештар чизе талаб макун, духтарфурӯш мабош, ки домод худ муруввати хеш бинагзорад ва мардумӣ ба ҷое наравад. Ту, он чӣ дорӣ, бадал кун ва духтар дар гардани вай банд ва бираҳон худро аз ин меҳнати азим. Ва дӯстро ҳамин панд деҳ, то бар ин ҷумла ӯ низ биравад [1, С. 103-110].

 

Адабиёт:

1.Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова.– Душанбе: Маориф, 2016. – 240 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика