Панде аз "Бӯстон"-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ

ҲИКОЯТИ ТИФЛЕ, КИ ДАНДОН БАРОВАРД Кӯдаке дандон баровард. Падараш дид, ки бачааш дандондор шудааст, ба фикр фурӯ рафт ва ба худаш гуфт: -"Ман барои ин кӯдак, ки дандон баровардааст, аз куҷо нону таом таҳия кунам? Агар ӯро ба ҳоли худаш вогузорам, ин ҳам аз рӯйи инсоф ва мардонагӣ нест". Занаш аз ӯ пурсид, ки эй мард, аз ин ки писарат дандон баровардааст, хурсанд нестӣ ва баръакс ҳайронӣ? Мард гуфт:-"Ҳайрони нону хӯрокаш мондаам". Зан бо шунидани ин ҳарф мардонавор гуфт:- "Эй мард, ба макри шайтон гӯш мадеҳ, касе, ки ба вай дандон додааст, нон ҳам медиҳад". Оре, Худованди ризқу рӯзӣ қодиру тавоност ва рӯзии вайро хоҳад дод ва ту ин қадар ғамгину дилсӯхта мабош. Зоте, ки офаринандаи кӯдак дар шикам аст, ӯ худ нависандаи умр ва ризқ ҳам ҳаст. Хоҷае, ки аз бозор ғулом мехарад, ӯро ғамхорӣ мекунад ва хуб нигаҳдорӣ менамояд. Пас чӣ гуна Худованд, ки ғуломро офаридааст, ин корро накунад? Ту ба он андоза, ки як ғулом ба хоҷааш такя мекунад, ба Худованд такя намекунӣ?

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика