Падидаи фарҳангии анъана дар тадқиқоти фалсафӣ-иҷтимоӣ

Қисми 3:
Дар таълимоти фалсафаи марксистӣ дарки усулан дигари анъана, моҳият ва хусусиятҳои амалияи он дар ҷамъият ифода ёфтааст. Он боз як нуқтаи муҳими методологиро барои ин тадқиқот ошкор мекунад: анъана ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баррасӣ мешавад, ки бо шароити мушаххаси иҷтимоӣ-таърихӣ вобаста аст. Аз ин тезис мавқеи асосии таълимоти марксистӣ дар бораи ҷамъият бармеояд: ба воситаи ташаккули шароити муайяни моддӣ урфу одатро бартараф кардан мумкин аст, вале на дар шакли радкунии мутлақи он, балки дар шакли гузаштан аз  як анъанае, ки аллакай аҳамияти худро гум кардааст, ба анъанаи дигар, ки онро талаботи чамъият муайян ва тавлид мекунад. Адабиёти фалсафии  солҳои 70-ум - ибтидои солҳои 80-уми давраи шўравӣ  мавқеъ ва нуқтаҳои назари К. Маркс оид ба анъана муфассал баён гардидаанд. Аммо кайд кардан лозим аст, ки асари ба кадри кифоя мукаммал, ки тамоми хусусиятҳои концепсияи назарияи Марксро кушода дихад, нуқтаҳои асосӣ ва ҷузъиёти тафсири материалистии анъанаро ба низом дароварад, дар илми фалсафӣ-иҷтимоии мо ҳанўз мавҳуд нест.
 
Масъалаи анъана дар консепсияи позитивистии тараққиёти эволютсионии ҷамъият (О. Конт, Г. Спенсер) - аз баҳои манфӣ ба он ҳамчун тормози тараққиёти ҷамъият то эътирофи зарурати раванди давомнокӣ, ки дар он анъана ҳамчун механизми такрористехсолкунии ҳамаи намудҳои фаъолияти ҷамъиятӣ амал мекунад, шарҳи аҳоиб гирифт. 
 
Дар осори Я. Вико ва И. Гердер дарк ва фаҳмиши назариявии падидаи анъана, муттасилӣ ва меросгирии он ба назар мерасад. Назарияи таърихгароии Г.Вико бо таҳдиди назар кардани анъанаҳо, барқарорсозии замони гузашта, ки аз призмаи инкишофи таърихии инсон дида мешавад, асос ёфтааст. И.Г. Гердер таҳти мафҳуми анъана он чизеро мефаҳмад, ки ҷамъият дар раванди муносибат ба сарвати аллакай ҳамъшуда ба одам медиҳад.
 
Хатти герменевтикӣ дар тафсири анъана дар охири асри XIX -ибтидои асри XX  аз ҷониби намояндагони мактаби фалсафаи ҳаёт, ки гузаштаро таҷрибаи маънавй ва хотираи маънавӣ медонистанд пешниҳод шуда буд. Таърихро онҳо ҳамчун огоҳии оммавӣ аз гузаштаи худ маънидод мекарданд, анъана бошад, ҳамчун шакли объективии истеҳсолоти маънавӣ тавсиф мешуд, ки гузаштаву имрӯзро мепайвандад ва ягонагии маънавию таърихиро пеш мебарад (В. Дилтей, Г. Зиммел). Инсон урфу одатҳоро азхуд карда, аз мавҷуди биологӣ ба мавҷуди иҳтимоӣ табдил меёбад, яъне бори дуюм таваллуд мешавад. В.Дилтей идеяҳои Ҳ.Вико, И.Гердер ва Ф.Шлейермахерро инкишоф дода, бар ин хулоса расидааст, ки гузашта ба инсон дар шакли таҷрибаи рӯҳонӣ ва хотира дода мешавад ва бозгашти ин хотира ҳисси ягонагиро дар шуури ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин рў, анъана, таҷрибаи мадании замони гузашта-айниятёбии (объективатсияи) эҳодиёти маънавӣ мебошад.
 
Герменевтика ҳамчун санъати тафсири падидаҳои маънавии фарҳанг барои В. Дилтей воситаи дарки намояндаҳои гузашта ва муосирии рӯҳи эҳодкори инсон буд. Масири герменевтикии тадқиқоти анъанаро X.Г. Гадамер идома дода, онро мафҳуми марказии фарҳанг, ҳамчун як воқеияти муосир ва мубрами фарҳангӣ тавсиф мекунад. X.Г. Гадамер барои асоснок кардани хислатҳои умумибашарии мавҷудияти инсон ба анъана рў овард. Вай аз он бармеояд, ки шуури таърихӣ бештар ба хусусиятҳои тағйирёбанда нигаронида шуда, хусусиятҳои устувор берун аз доираи биниши он мемонанд. Файласуф эътиқод дошт, ки анъана барандаи субот аст. Реша дар урфу одат, чунон ки Гадамер онро мебинад, на танҳо шарти онтологии фаҳмиш ҳамчун роҳи маърифати ҳастӣ, балки шарти бақои ҳастии иҷтимоӣ ҳам мебошад. Интиқоли таҷриба аз насл ба насл тавассути анъана, ба эътиқоди файласуф, “таърихӣ нест, балки имкони пойдории  мавҳудият" аст .
 
Анъана нуқтаи бархурди озодӣ ва таърих, эҳодкории бардавоми  субъекти феълӣ мебошад. Муроҷиат ба урфу одатҳоро тамоюли шадид ҷиҳати дарк ва асоснок кардани хислатҳои аслии универсалии ҳастии инсонӣ ва фарҳанги инсонӣ, ки дар шакли нисбӣ қобили қабул нестанд, тақозо мекунад. Азбаски таваҳҳўҳи инсонӣ ҳамеша то ин ё он дараҳа  ба тағйироти таърихӣ ҳалб карда мешавад, дар ин раванд муттасилии анъана барои пешгирии вайроншавии шуури таърихӣ мусоидат мекунад.
 
Шомилшавии аслии инсон ба муҳити забонӣ ва умумияти таърихӣ решаи онтологии анъанаро дар ҳастии инсон баён мекунад. Дар баробари ин, тафсири анъана, ки уфуқи диди таърихӣ додааст, аз ҷониби Гадамер дар кашф ва эҳоди маънои нави анъана дар раванди амалӣ гардондани он баррасӣ мешавад. Ба олами анъана ғарқ шудани шахсият маънои мусбати субъективияти инсониро, ки дар моҳияти эҳодии фаъолият ва фарҳанги инсон мавҳуд аст, ошкор мекунад. Ин гуна тафсирҳо боиси ноустувор шудани мазмуни хоси анъана мегарданд, ки онро танҳо бо назардошти субъективияти инсон, моҳияти эҳодии фаъолияти инсон омўхтан мумкин аст . Дар асри XX яке аз шакли дарки анъана назарияи модернизатсия буд, ки дар он чунин хислатҳои муҳими анъана, аз қабили робита ва вобастагии анъана ва навоварӣ (Л. ва С.Рудольф, Ф. Риге), мутобиқатии дохилии анъана ва қобилияти худтакмилёбии он муайян карда шудаанд (С. Эйзенштадт). Дар назарияи мазкур, ки сарчашмаи он ба осори М. Вебер, Э. Дюркгейм, О Конт, К. Маркс, Г. Спенсер, Ф. Теннис мерасад, категорияи анъана куҳнатарин шаклҳои ҳаёти этникии то замони муосир маҳфузмондаро ифода мекунад. Дар баробари инкишофи илм як қатор тадқиқотҳои махсуси минтақавӣ оид ба ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ (К. Гиртс, М. Сингер, М. Леви, Д. Левин, Ф. Риггс, Г. Алмонд, Д. Аптер ва ғайра) нашр шуданд, ки дар партави онҳо фаҳмишҳо ва ақидаҳои пештар ҳукмрон тағйир ёфтанд. Дар пажӯҳишҳои мазкур собит карда шудааст, ки анъана ба замона мухолиф нест ва барои навсозӣ монеъ намешавад. Дар осори Б. Малиновский дидгоҳи нав дар мавриди анъана ҳамчун арзиши дастаҷамъӣ, ки барои ҳувияти куллии ин ё он ҷамъият асос ёфтааст ва бо ҳар қимат нигоҳ дошта мешавад, асоснок шудааст. 
 
Мутафаккироне чун А. Тойнби, П. Сорокин, А. Кробер низ урфу одатро ҳамчун ҳувият ҳисоб кардаанд, вале онро на ҳамчун воқеияти онтологӣ, балки ҳамчун модели шартии методологӣ ва гносеологӣ мефаҳмиданд. Нақши анъана дар ҳаёти ҳар як ҷомеаи инсонӣ, моҳияти он ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар осори Б. Хоселитс, Э. Шилз, С. Эйзенштадт, Г. Элмонд, ки ҳамчун асарҳои классикӣ эътироф шудаанд, кушода шудааст. Дар асри XX шумораи таълифот оид ба масъалаи анъанаҳо зиёд шуда, конфронсу мубоҳисаҳо барпо гардиданд, консепсияҳо ва тафсирҳои зиёди мафҳум ва моҳияти анъана пайдо шуданд, ки дар самтҳои гуногун коркард шудаанд. Ҳамаи онҳо арзиши эвристикӣ доранд ва гуногунии равишҳо аз мураккабӣ ва серҷанбагии ин мафҳум шаҳодат медиҳанд.
 
Идома дорад…
Мушовири директори Марказ                                                                                  А.Мирзозода
Яндекс.Метрика