
Дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши ислом дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ (кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд), равона карда шудааст.[1] Сабаби асосии чунин таваҷҷӯҳ – афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт.[2] Сабаби асосии таҳкими мақоми ислом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур алалхусус дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд.[3] Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳо навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд.[4] Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом ва таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои мо муҳаққиқони диншиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, бо ин восита мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин, аз тариқи омӯзиши низомноки ин масъала чигунагии таносуби байни ахдоф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ - аз як тараф, ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон - аз тарафи дигар, муайян карда мешавад. Яъне, таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро таҳқиқ намуда, мо метавонем, дуруст муайян кунем, ки кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок мебошад. Ҳамчунин, натиҷаҳое ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кадани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.
Албатта, дар чаҳорчӯбаи як мақола фаро гирифтан ва таҳқиқ кардани таърих ва идеологияи тамоми созмонҳо ва ҳаракатҳои муосири диниву сиёсӣ аз имкон берун аст. Аз ҳамин сабаб, мо дар ин мақола, дар навбати аввал, ба таври мухтасар созмонҳо ва ҳаракатҳоеро аз назари таҳқиқ мегузаронем, ки онҳо барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар кишварҳои муосири минтақаи Осиёи Марказӣ як падидаи наву ноошно ва хатарнок мебошанд. Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистое бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд.
Умуман, таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногун ва комилан мутафовитро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад. Гурӯҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ, ба меъёрҳои шариат мутобиқ идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд.[5] Бояд эътироф кард, ки чунин вазъ, яъне бисёрҳизбии исломӣ, новобаста аз гуногунии барнома ва аҳдофи аҳзобу ҳаракатҳо, барои ташаккулёбӣ ва таҳкими ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломӣ воқеан ҳам таъсири мусбат мерасонад.
Аммо, чӣ тавре ки таъкид гардид, дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи бӯхронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро – омили нахустини бӯҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки ин омил ҳанӯз дар нахустин асри исломӣ, аниқтараш, пас аз реҳлати Паёмбари дини мубини ислом, дар давраи хулафои рошидин зуҳур намуда, баъдан торафт шиддат гирифтааст ва дар замони муосир низ яке аз монеаҳои асосии пешрафти кишварҳои исломӣ ба шумор меравад.
Дар ин мақола чанде аз созмонҳо ва ҳаракатҳои нисбатан фаъол ва густаришёфтаро ба таври мухтасар аз назар мегузаронем, ки ба масъалаи асосии мавриди назари мо – таҳаввули вазъи дину диндорӣ ва муносибати дин бо давлат дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ нақш бозидаанд.
Яке аз ин гуна ҳаракатҳо – Ҳизб ут-Таҳрир ал-Исломӣ (Ҳизби Озодии Исломӣ) мебошад. Ҳизби Таҳрир ташкилоти диниву сиёсии суннимазҳаб мебошад, ки онро соли 1953 дар Доруссалом қозӣ Тақиуддин ан-Набхонӣ таъсис додаст. Баъди вафоти Набхонӣ дар соли 1977, роҳбарии ин ҳаракат ба дӯши Абдулқадим Заллуми фаластинӣ гузошта шуд. Дар оинномаи Ҳизби Таҳрир ин ҳизб ҳамчун «ҳизби сиёсии татбиқкунандаи идеологияи исломӣ» муаррифӣ карда шудааст. Ҳадафи Ҳизби Таҳрир – мусоидат кардан ба бозгашти мусулмонон ба тарзи ҳаёти исломӣ ва бо роҳи ҷиҳод дар ҷаҳон густариш додани дини ислом мебошад. Ба ақидаи Набхонӣ ва пайравони ин ҳизб, тамоми соҳаҳо ва паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи исломӣ бояд тибқи меъёрҳо ва қонунҳои шариати исломӣ ташкил ва идора карда шаванд. Барои татбиқи амалии ин идея бошад, онҳо танҳо як роҳи имконпазирро нишон медиҳанд, ки ин роҳ – барпо кадани Халифат – давлати ягонаи теократӣ бо роҳи муттаҳид кардани ҳамаи кишварҳои исломӣ мебошад.[6] Дар варақаҳои таблиғотии Ҳизби Таҳрир ҳамаи давлатҳои муосире, ки дар миқёси ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳамчун давлатҳои ғайриисломӣ тавсиф карда шудаанд. Сабаби асосии ҳамаи бӯҳронҳо ва мушкилоти имрӯзаи уммати мусулмонро Ҳизби Таҳрир дар «адами ислом ҳам дар низоми ҳукуматдории давлатҳои муосир ва ҳам дар ҳаёти рӯзмарраи мусулмонон» мебинад. Яъне, ба ақидаи аъзоёни Ҳизби Таҳрир, мусулмонон имрӯз мубталои зулму ситами сиёсии кофирон қарор доранд ва бояд аз ин варта озод карда шаванд. Ақидаҳои мазкур дар як қатор асарҳои сарварон ва идеологҳои ин ҳаракат, мисли «Сохтори ислом», «Давлати исломӣ» ва «Хилофат»-и Набхонӣ, «Демократия – низоми бехудоён»-и Абдул Қаддум Заллум ва ҳоказо ироа шудаанд.
Низоми давлати исломӣ тибқи ақидаи Набхонӣ аз ниҳодҳои зерин иборат аст: халифа (сарвари давлат), ёвари ваколатдор (худмухтор), ёвари иҷроишгар, амири ҷиҳод (сарлашкар), волиён, иртиш, мақомоти қазоӣ (судӣ), мақомоти маъмурӣ, шӯрои халқӣ.
Мутобиқи барномаи Ҳизби Таҳрир, татбиқи идеяҳои мазкур дар cе давра ё марҳила анҷом мепазирад. Дар марҳилаи якум бояд ядрои Ҳизби Таҳрир ташкил ёбад ва сафи ин ҳизб аз ҳисоби ҷалби ашхосе, ки ба аҳдоф, вазифаҳо ва усули муборизаи ин ҳизб боварии том доранд, зиёд карда шавад. Дар марҳилаи дуввум корҳои таблиғотӣ дар байни оммаи васеи мусулмонон сурат мегиранд. Марҳилаи сеям бошад, баъди таъсис додани давлати исломӣ оғоз меёбад. Дар ин давра вазифаи асосии Ҳизби Таҳрир – татбиқ ва таҳкими мақоми ислом ва шариати исломӣ дар сиёсати байналмилалӣ ва саросари ҷаҳон мебошад. Бояд зикр кард, ки дар ҳуҷҷатҳои Ҳизби Таҳрир мӯхлати таъсис додани Халифат нишон дода нашудааст.[7]
Ҳизби Таҳрир ҳанӯз то солҳои навадуми асри сипаришуда дар Миср, Урдун, Тунис, Кувайт, Фаластин, Туркия ва як қатор кишварҳои Аврупои Ғарбӣ шӯъбаҳои худро дошт, ки дар он кишварҳо фаъолона корҳои таблиғотӣ мебурданд.
Дигар ҳаракати бунёдгароёна ва дарҷаҳони исломӣ хеле густурда – Салафия мебошад. Дар тамоми давраи мавҷудияти ин ҳаракат ба он бештар диндорон ва олимоне шомил мешуданд, ки онҳо ҷонибдори рӯ овардан ба исломи ибтидоӣ ва тарзи зиндагии роиҷ дар замони салаф, яъне замони хулафои рошидин буданд. Салафиён ҳамаи унсурҳо, навгониҳо, расму ойинҳоеро,ки баъд аз он замон дар ҳаёт ва фарҳанги ҷомеаи исломӣ пайдо шудаанд, аз истифодаи усули таъвил дар тафсири Қуръон сар карда то унсур ва падидаҳои наверо,ки натиҷаи равобити фарҳангӣбайни олами ислом ва Ғарб мебошанд - ҳамаи инро бидъат мешуморанд ва комилан рад мекунанд.[8]
Вожаи салаф («пешина», «пешгузашта») дар маънои асливу маъмулии худ ҳангоме мавриди истифода қарор мегирад, ки агар зарурият барои нишон додани таносуби байни ду ё зиёда давраҳои таърихӣ пайдо шавад. Дар чунин маврид вожаи салаф давраеро ифода мекунад, ки аз дигар давраҳои мавриди назар қаблан ҷараён доштааст. Аз ҷумлаи намояндагони асримиёнагии ин ҳаракат Ибни Ҳанбал, Шофеӣ ва Ибни Таймияро ном бурдан мумкин аст.
Дар адабитёти ғарбӣ ва маводи васоити ахбори умум барои ифодаи идеологияи Салафия истилоҳҳои «суннатгароӣ» («традитсионализм»), «бунёдгароӣ» («фундаментализм») ва «наҳзатгароӣ» («возрожденчество») истифода бурда мешаванд. [9] Салафиҳо ирфону тасаввуф, зиёрати мазорҳо ва оромгоҳҳои уламо ва машоихи бузург, таҷлили рӯзи мавлуди Паёмбар ва дигар расму анъанаҳоро, ки дар ҳаёти ҷомеаи исломӣ дар тӯли садсолаҳо идома доранд, кори нодуруст ва хилофи суннату шариати замони хулафои рошидин мешуморанд. Онҳо мӯътақиданд, ки мусулмонон аз лиҳози сиёсӣ бояд як миллати ягона ва тақсимнашавандаро ташкил диҳанд. Онҳо ғояи ваҳдат ва якпорчагии сиёсии тамоми миллатҳои мусулмонро таблиғ мекунанд, ки тибқи он бояд ҳамаи миллатҳо ва ҳалқиятҳои мусулмон бо ҳам муттаҳид шуда, як давлати муваҳҳид ва абарқудрати исломиро барпо намоянд.
Таълимоти асоии Салафия – эътиқод ба офаридгори ягона мебошад. Салафиҳо поксозии ислом аз ҳар гуна унсурҳои аз нуқтаи назарашон бидъатнамо ва барои ислом бегонаро, ки бо вижагиҳои фарҳангиву этникии халқиятҳои мусулмон алоқаманд мебошанд, вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд.[10]
Дар замони муосир, ҳарчанде ки байни ҳаракатҳои Салафия ва Ихвон ал-муслимин баъзе ихтилофоти назариву усулӣ вуҷуд доранд, боз ҳам ғояи мазкур ин ду ҳаракатро бо ҳам муттаҳид мекунад.
Ҳаракати дигари диниву сиёсӣ, ки дар замони муосир доманаи фаъолияти таблиғотии он дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон, азҷумла дар Британия, Фаронса ва кишварҳои пасошӯравӣ густариш ёфтааст, Ҷамоати Таблиғ мебошад. Ин ҳаракат соли 1927 дар Меват - як маҳаллаи воқеъ дар наздикии шаҳри Деҳлӣ аз ҷониби шайхи машҳури тариқати девбандӣ Мавлоно Муҳаммад Илёси Кандеҳлавӣ (1885-1944) таъсис дода шудааст.
Тибқи маълумотҳо, дар ибтидои асри XX мубаллиғони дини ҳиндуия ба мақсади зиёд кардани шумораи пайравони ин дин дар байни аҳолии мусулмони Ҳиндустон фаъолияти васеи миссионериро ба роҳ монда буданд ва мусулмонони зиёдеро ба дини худ ҷалб карданд. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи Ҷамоати Таблиғдар давраи ташаккулёбии ин ҳаракат аз муборизаи идеологӣ алайҳи ҳиндуия ва алайҳи фаъолияти миссионериву зиддиисломии мубаллиғони дини мазкур иборат буд.
Ба ин мақсад, бо ибтикори Муҳаммад Илёси Кандеҳлавӣ дар шаҳру навоҳии мусулмоннишини Ҳиндустон мактабу мадрасаҳои исломӣ таъсис дода шуданд. Дар ин мадрасаҳо курси кӯтоҳмуддати таълим ва тарбияи мубаллиғони динӣ ба роҳ монда шуда буд. Донишҷӯён баъди хатми мадраса ба ҷамоатҳои даҳнафара гуруҳбандӣ карда шуда, барои анҷом додани корҳои таблиғотӣ ба шаҳру рустоҳои гуногуни мамлакат сафар мекарданд. Ин гуна мусофирати гурӯҳи метавонист якчанд рӯз ё чандин моҳ тӯл кашад. Мубаллиғон бо усули «аз як дар ба дари дигар» амал мекарданд. Албатта, курси кӯтоҳмуддат ба донишҷӯён дониши чандон ҳам амиқ ва ҳаматарафаи динӣ намедод. Дар дарсҳо бештар оятҳое ва ҳадисҳое таълим дода мешуданд, ки дар онҳо афзалиятифазоил ва иҷрои амали нек нисбат ба касби улуми динӣ ва масоили фиқҳӣ собит ва таъкид карда мешуд. Чунин усул ба Муҳаммад Илёс ва ҳамсафони ӯ имконият дод, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ шумораи аъзо ва тарафдорони Ҷамоати Таблиғро аз ҳисоби ҷавононе, ки курси кӯтоҳмуддати омӯзиш ва касби заруритарин донишу таҷрибаҳои илмиву амалии диниро хатм карда буданд, хеле зиёд намоянд. Ҳанӯз замони дар қайди ҳаёт будани Муҳаммад Илёс Ҷамоати Таблиғ дар саросари кишвари Ҳинд интишор ёфт.[11]
Минбаъд, доираи аҳдоф ва вазифаҳои Ҷамоати Таблиғ вусъат ёфта, баъди таъсис ёфтани Ҷумҳурии Исломии Покистон штаб-квартираи ин ташкилоти фаромиллии диниву сиёсӣ ба Покистон қучонида шуд. Дар замони ҷорӣ Ҷамоати Таблиғ ба як ҳаракати иртиҷоӣ ва бунёдгаро табдил ёфта, вижагиҳои асосии идеологияи онро таҳаммулнопазирӣ, тассуби мазҳабӣ, инкори ҳама гуна динҳо ва расму ойинҳои ғайриисломӣ, манъи ширкати занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дигар идеяҳои хурофоттомез ташкил медиҳанд. Мубаллиғони ва аъзои Ҷамоати Таблиғ мӯътақиданд, ки дини ислом бояд бо тамоми динҳои дигар комилан оштинопазир бошадва онҳоро аз саҳнаи ҳаёти башарӣ бадар кунад.
Баъди вафоти Мавлоно Муҳаммад Илёси Кандеҳлавӣ роҳбарии Ҷамоати Таблиғро писари ӯ Мавлоно Муҳаммад Юсуф (1917-1965) ба зимма гирифт. Аз соли 1965 то соли 1995 ин ҳаракатро Мавлоно баъд аз вафоти Муҳаммад Юсуф ИнъомуллоҳҲасан роҳбарӣ мекард. Муҳаммад Юсуф ва ИнъомуллоҳҲасан тавонистанд тавассути такмили идеология, аҳдоф ва доираи вазифаҳои ин ҳаракат ҳудуди ҷуғрофиёӣ ва иҷтимоии густриши онро аз тариқи интиқол додани фаъолияти таблиғотӣ дар кишварҳо ва манотиқи дигари ҷаҳон боз ҳам густриш дода, дараҷаи таъсирбахшии идеяҳоеро, ки аз тарафи мубаллиғонаш дар ҷаҳон таблиғ ва интишор дода мешуданд, боз ҳам афзун намоянд. Дар тамоми муддати роҳбарии ин ду нафари номбурда вазифаи асосии Ҷамоати Таблиғ интишор додани дини ислом дар кишварҳои гайриисломӣ, таблиғи ислом дар байни мардуми номусулмон ва аз тариқи қабул кардани онҳо ба қатори пайравони дини ислом афзун кардани шумораи мусулмонон иборат буд.[12]
Ҳанӯз аз охири солҳои 60-уми асри гузашта, Ҷамоати Таблиғ дар бисёр мамолики Аврупои Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ, дар саросари қораи Осиё, ҳатто дар Ҷопон ва дигар кишварҳое, ки қаблан дар он кишварҳо ягон нафар шаҳрванди мусулмон намезист, фаъолияти муташаккилонаи таблиғотӣ мебурд. Баъди густариши босуръати фаъолияти ин ҳаракат дар кишварҳо ва минтақаҳои маъмулан ғайриисломӣ, дар солҳои 70-уми асри гузашта ба ин ҳаракат ду ҳаракати дигари хусусияти иртиҷоӣ ва экстремистона дошта – ҳаракати ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ ва ҳаракати девбандия дар Осиёи Ҷанубӣ ба ҳамкорӣ пардохтанд. Натиҷаи амалии чунин ҳамкориро, ки ҳанӯз соли 1962, ҳамзамон бо таъсис ёфтани Лигаи умумиҷаҳонии исломӣ оғоз ёфта ва то имрӯз идома дорад, дар дастгирии васеи молиявии фаъолияти Ҷамоати Таблиғ ва ҳаракати девбандия аз ҳисоби маблағҳои пулии Арабистони Саудӣ бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Ғарази аслии ҳамкории ваҳобиёни Арабистони Саудӣ бо Ҷамоати Таблиғ – бо ин восита густриш додани доираи нуфузи Арабистони Саудӣ ва мақоми ин кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ваҳҳобиён, ки маъмулан ҳеҷ яке аз дигар мазҳабҳо ва мактабҳои исломиро эътироф намекунанд, маҳз бо ҳамин ният бо Ҷамоати Таблиғ ҳамкорӣ намуда, ба он кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Дар замони ҷорӣ Ҷамоати Таблиғ таҳти таъсири идеологии ваҳҳобия қарор дошта, фаъолияти он тибқи машваратҳо ва дастурҳои роҳбарияти салафиён барномарезӣ ва татбиқ қарда мешавад.
Роҷеъ ба чигунагии сохтори ташкилии Ҷамоати Таблиғ андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Бархе муҳаққиқон тасдиқ мекунанд, ки сохтори ин ҳаракат тибқи усули баробарӣ ва ширкати оммавии аъзои он ҳам дар фаъолияти идорӣ ва ҳам дар фаъолияти иҷроӣ–таблиғотӣ созмон ёфтааст. Аммо, омӯзиши дақиқтари ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки Ҷамоати Таблиғ як сохтори табақотӣ ва харизматикӣ дорад. Дар раъси ин ташкилот роҳбари олӣ – амир қарор гирифтааст, ки ҳар як амру фармони ӯ бояд бечунучаро иҷро карда шавад. Дар зина ё табақаи дуввуми сохтори табақотии Ҷамоати Таблиғ шӯрои он ҷой гирифтааст. Баъд аз шӯро, мутаносибан, аз боло ба поён, табақоти дигар – шӯъбаҳои маҳаллии Ҷамоати Таблиғ дар кишварҳои хориҷа ҷойгир шудаанд, ки фаъолияти ҳар кадоми онҳо тавассути роҳбарии амирони маҳаллӣ идора карда мешавад. Шубаҳои хориҷии Ҷамоати Таблиғ бештар дар масҷидҳо ба фаъолияти таблиғотӣ машғул мешаванд.
То инҷо мо бо таърихи пайдоишу густариши бархе аз созмонҳо ва ҳаракататҳои сиёсии навбаромад ва ғайрисуннатӣ ва идеологияи онҳо ба таври мухтасар шинос шудем. Акнун чигунаги муносибати давлати Тоҷикистонро бо онҳо аз назар мегузаронем.
Созмонҳо ва ҳаракатҳое, ки зикр кардем, барои мардуми мусулмони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои собиқ шуравии манотиқи Осиёи Миёна ва Қафқоз бегона ва ноошно мебошанд. Дар замони шӯравӣ барои пайдоищи чунин ҳаракатҳо заминае вуҷуд надошт. Танҳо баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани як навъ халои ғоявӣ дар фазои пасошӯравӣ, бархе аз созмонҳо ва ҳаракатҳои муосири динӣ, мисли Ихвон-ул-муслимин, Салафия, Ҳизби Таҳрир, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва монанди онҳо даҳҳо фирқаҳову ҷараёнҳои дигари исломӣ, насронӣ, буддоӣ, яҳудӣ ва ғайра, ки ҳар кадом ғаразҳо ва нақшаҳои барои арзишҳо милливу давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва ё мухолифро думболагирӣ мекарданд, аз вазъи муташанниҷи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои пасошӯравӣ истифода намуда, кӯшиданд то барои густриши доманаи фаъолияти худ дар минақаи мазкур ҷойгоҳ ва такягоҳе пайдо намоянд. Метавон гуфт, дар оғози давраи истиқлолият, омилҳое вуҷуд доштанд, ки барои густариши бемамониати бархе аз ҳаракатҳои иртиҷоиву экстремистии диниву сиёсӣ, азҷумла Ҳизби Тахрир, Салафия ва Ҷамоати Таблиғ ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамуданд. Муборизаи сиёсии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои гуногун, ки дар ҳар яки ин кишварҳо ба назар мерасид, инчунин мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва зарурияти ҳалли бетаъхири онҳо ҳукуматҳои миллии кишварҳои минтақаро ба худ машғул дошта, ба онҳо барои пешгирӣ кардани таъсири омилҳои беруна ба вазъи геополитикии минтақа имкон намедод. Ана ҳамин вазъият барои аз кишварҳои хориҷӣ ба минтақа ворид шудани ҳар гуна созмон ва ҳаракатҳои диниву сиёсӣ, мисли Ҳизби Таҳрир, Салафия ва Ҷамоати Ансоруллоҳ ва то як муддати муайян ба фаъолияти иртиҷоиву экстремистӣ машғул шудани онҳо имконият фароҳам овард.
Дар Тоҷикистон аз миёни ин ҳаракатаҳо алалхусус Салафия густариш ёфта буд. Авалин тазоҳуротҳои пайравони ақоиди салафӣ дар кишвари мо соли 2000-ум ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳаракат алалхусус дар солҳои 2005-2008 вусъат пайдо намуда, дар он солҳо дар бархе аз масҷидҳои Душанбе ва шаҳру навоҳии кишвар маросими намоз бо усули салафиён анҷом дода мешуд. Салафия воқеан ҳам омиле буд, ки ваҳдати сиёсӣ, миллӣ ва динии ҷомеа, маҷрои осоиштаи равандҳои демократии дар кишварро зери хатар мегузошт.
Хушбахтона, ҳушёрии сиёсӣ ва заковати баланди давлатҳои миллии кишварҳои минтақа нақшаҳои ғаразноки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро барбод дод. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, баъди паси сар шудани низоъҳо ва истиқрори сулҳу амният, бо ибтикори ҳукумати кишвар ва дастгирии мардуми шарифи тоҷик, чораҳои қонуние андешида ва татбиқ карда шуданд, ки барои ҳаракатҳо ва тамоюлоти ифротиву эктремистӣ дар кишвари мо ҷое боқӣ намегузоранд.
Азҷумла, бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001-ум, фаъолияти Ҳизби Таҳрир[13] соли 2006 фаъолияти Ҷамоати Таблиғ, соли 2008 фаъолияти ҳаракати Салафия дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда шудааст.[14] Моҳи январи соли 2010 бо қарори Суди Олии кишвар роҳбари шӯъбаи тоҷикистонии ҳаракати Салафия Сироҷиддин Абдураҳмонов ба мӯхлати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.[15]
Ҳамин тариқ, ба шарофати андешидани чораҳои қонунӣ ва фаврӣ, пеши роҳои густриши ин созмонҳо ва ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ дар кишвар гирифта шуд.
Минбаъд, барои ҳалли мусбати масъала, пеш аз ҳама ташхиси муносибати усулии давлат бо дин ва ташкилотҳои динӣ, муқаррар кардани ҷойгоҳи ҳуқуқиву қонунии онҳо дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон зарур мебошад. Ин гуна муносибати усулӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва қонунҳое, ки самтҳои алоҳидаи ин ҳолатҳо ва муносибатҳоро ба танзим медароранд, муайян шудааст. Дар асноди зикршуда асосҳои қонунӣ ва ҳуқуқии мақоми дин ва ташкилотҳои динӣ дар ҷомеаи тоҷик, муносибат ва ҳамкории аҳли дин ва аъзои ташкилотҳои динӣ бо мақомоти расмии давлатӣ муқаррар карда шудаанд.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, баъдан ба он 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, меъёрҳои конститутсионие, мавҷуд мебошанд,[16] ки муносибати давлатро ба дин ва диндорон муайян намудаанд. Мувофиқи ҳукми Конститутсия, Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Азҷумла, Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқ медиҳад, ки муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд Мутобиқи моддаи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, вале мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.[17]
Ҳамчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби хусусияти динӣ доштаро дода, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро барои онҳо кафолат медиҳад. Дар баробари ин, Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, таблиғот ва ташвиқотеро, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, қотеона манъ намудааст.[18]
Ҳуқуқу озодиҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон, аз он ҷумла ба диндорон додааст, маҳдуднопазир буда, ҳатто дар давраи вазъияти фавқулъодда маҳдуд карда намешаванд.[19]
Санади дигари муҳиме, ки муносибати давлатро ба дин ва ташкилотҳои динӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муайян мекунад, «Қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» мебошад, ки 1 декабри соли 1994 қабул шуда, баъдан солҳои 1997, 1999 ва 2011 ба он тағйирот ворид гардида буд. Қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим менамояд, ки аз Конститутсия бармеоянд. Дар мавриди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дин ва ташкилотҳои динӣ гуфтан мумкин аст, ки ба қонунҳои баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ умумияте дида мешавад. Ба ҳар ҳол бо вуҷуди ҷиҳатҳои умумӣ инчунин ҷиҳатҳое ҳастанд, ки қонунгузориҳои ин кишварҳоро фарқ мекунонанд. Аз ҷумла, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ҳизби хусусияти динӣ дошта ва фаъолияти миссионерӣ иҷозат дода шудааст, ки ин дар қонунгузории дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дучор намегардад. Дар як қисм масъалаҳои дигари ба дин дахлдошта низ дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озодиҳои бештар дода шудаанд. Аз ҳамин ҷиҳатҳо мувофиқи баҳои коршиносон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дин хеле демократӣ мебошад ва дар баъзе маврид нисбати қонунҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ озодиҳои бештар ва муносибати васеъи демократиро фароҳам сохтааст.
Ҳамаи ин чорабиниҳо барои пешгирии омилҳои хатарноки диниву сиёсии хориҷӣ ва танзиму ба маҷрои мӯътадил равона сохтани ҳаёти динӣ дар кишвар мусоидат менамоянд.
ШОЕВ ЗИЁВИДДИН – номзади илмҳои фалсафӣ, мудири Шӯъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Порезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон
[1] Хукмишоев З. Д. Роль ислама в политических процессах общества: на материалах Таджикистана. Автореферат диссертации на соискании ученой степени кандидата политических наук. Душанбе, 2007; Султанов Т. Б. Роль исламского фактора в мировой политике и международных отношениях. Диссертация. кандидата философских наук. Махачкала, 2007; Курбанов М.Г. К общим проблемам соотношения ислама и политики в становлении гражданского общества в Дагестане // Взаимодействие государства и религиозных объединений: современное состояние и перспективы. Материалы Северокавказской науч.- практич. конф. (Махачкала, 15 октября 2003 года). Махачкала: Юпитер, 2004. 792 с. (С. 381 - 385); Роль Ислама в современной политике: мнение зарубежных экспертов\ http:/ /www.islam.ru/ content/politika/rol-islama-v-sovremenoy-politike-mnenie-zarubejnih-ekspertov.
[2] Бабкин В.Е. Политический ислам в Северной Африке. Автореферат диссертация доктора политических наук. М., 2001. –С.22.
[3] Семедов С. А. Политический ислам в современном мире. Автореферат диссертации доктора философских наук. М., 2009. –С. 37.
[4] Малашенко А. Исламская альтернатива и исламистский проект. М.: Московский центр Карнеги «Вес мир», 2006. –С.69.
[5]Баркер А.Новые религиозные движения. СПб, 1997 \ http:// krotov. info/ history/ 20/ 1990/ berker_ 03.htm.
[6]Автушенко М.Н. К вопросу об идеологии и политических целях «Хизб ут-тахрир»\ http://www.pglu.ru/science/researches/nii-panin/vestnik/v1/Avtushenko_M_....
[7] Роль Ислама в современной политике: мнение зарубежных экспертов\ http:/ /www.islam.ru/ content/politika/rol-islama-v-sovremenoy-politike-mnenie-zarubejnih-ekspertov
[8] Запрещенные исламские организации\http://islamnews.tj/banned.html.
[9] Ниг.: Баглиев М.Л. Экстремистские группировки как политические институты \ http: //www. superinf.ru/ view_ helpstud. php?id=2223.
[10] Али-заде Айдын. Исторические и мировоззренческие основы салафизма в Исламе\ http://www.upelsinka.com/Russian/religion_islam_7.htm
[11] Орлов Ф.Н., Юрлова Е.С. История Индии. XX в. М., 2010 г. –С. 235-236.
[12] Осман Али Абдалла. Влияние исламских политических партий и движений на демократический процесс в арабских странах Африки. Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата политических наук. СПб, 2002. –С. 17.
[13] Запрещенные исламские организации\http://islamnews.tj/banned.html.
[14] Запрещенные исламские организации\http://islamnews.tj/banned.html.
[15] Лидер таджикских салафитов осужден на 7 лет \ http://www.islamnews.ru/news-22298.html.
[16] Ниг.: Моддаҳои 1,5,6,8,17,26,28,30 ва 47 Сарқонуни ҶТ.
[17] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе: Шарқи озод, 2000.-С.8.
[18] Роҳнамои ба расмият даровардани масҷидҳо. Душанбе: Деваштич, 2008.-С.3.
[19] Ниг.: Моддаи 47, Конститутсияи ҶТ.