Одамият чист? Худро дур аз шар доштан...

⚠️Бузург ўст, ки чун сояи абр бар замин,
Чунон равад, ки дили мўрро наёзорад!
✍️Соиби Табрезӣ.

⚠️Касе, ки ошиқи худбину худнамо бошад,
Ҳамеша бар дари маъшуқ чун гадо бошад!
✍️Зебуннисо.

⚠️Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав!
✍️Саъдии Шерозӣ.

⚠️Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!
✍️Мирсаид Алии Ҳамадонӣ.

⚠️Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасти забони худ маёзор!
✍️Носири Хусрав.

⚠️Ҳеҷ бадномӣ одамиро беш,
Нест аз ҷаҳлу аз зулми хеш.
Хашму шаҳват хисоли ҳайвонист,
Илму ҳикмат ҷамоли инсонист!
✍️Саноии Ғазнавӣ

⚠️Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан!
✍️Тошхуҷа Асирӣ!

⚠️Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг!
✍️Абўшакури Балхӣ.

⚠️То умр бувад, дар ҳаваси рўи ту бошам,
Гар хок шавам, хоки сари кўи ту бошам.
Дидани дидори ҷонон давлате бошад азим,
Аз худо хоҳад Ҳилолӣ давлати дидорро!
✍️Бадриддин Ҳилолӣ.

Дусад бор агар мисс ба оташ дарун,
Гузорӣ, аз ў зар наёяд бурун.
Ба ноозмуда мадеҳ дил нахуст,
Ки ланги ситода намояд дуруст!
✍️Асадии Тўсӣ.

⚠️Ҳамсафар бо ахтарон будан хуш аст,
Дар сафар як дам наёсудан хуш аст!
✍️Муҳаммад Иқбол.

⚠️Маёзор мўре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

⚠️Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

⚠️Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксират аст,
Лек ба ҷоҳ андаке нози харӣ мекунад!
✍️Абдулқодири Бедил.

⚠️Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст!
✍️Абдулқодири Бедил.

⚠️Зиндагӣ дар гардан афтода аст, Бедил, чора чист?
Шод бояд зистан, ношод бояд зистан!
✍️Абдулқодири Бедил.

⚠️Эҳтироми халқ, Бедил, дар либос афтодааст,
В-арна якранг аст хун дар пайкари товусу зоғ!
✍️Абдулқодири Бедил.

⚠️Ба эҳсону карам дилҳо ба даст ор,
К-аз ин беҳтар набошад дар ҷаҳон кор!
✍️Фаридуддин Аттор.

⚠️Бо мунофиқ ҳар кӣ ҳамраҳ мешавад,
Манзили ў дар таги чаҳ мешавад!
✍️Фаридуддин Аттор.

Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс
27/10/2022с

Яндекс.Метрика