Нигоҳи нав ба масъалаи шинохти Худо дар заминаи як ҳадис

Масъалаи шинохти Худо дар сатҳҳои мухталифу шаклҳои гуногун қариб дар таълимоти тамоми динҳо вуҷуд дорад. Масъалаи мазкур дар таърихи  афкори исломӣ ҳамеша мавқеи муҳимро ишғол менамуд. Бояд иқрор намуд, ки авҷи рушди маърифати Худо дар таълимоти исломӣ ба садаҳои VIII- X рост меояд. Дар ин давра баҳсу муҳокимаҳои воқеан ҳам шадид  ва тулонӣ байни  аҳли иътизол ва Имом Ашъарӣ сурат мегирифт. Бояд таъкид намуд, ки давраи мазкурро метавон давраи нисбатан озодфикрии динӣ дар таърихи рушди фарҳанги исломӣ арзёбӣ намуд. Аҳли фикру андеша озодона баръакси замони имрӯза, яъне қарни XXI,  мансубияти ин ё он сифатро ба Худои ислом ё эътироф менамуданд ё инкор менамуданд. Сабаби асосии баҳсҳо маърифати зоти Худо ва таносуби он бо воқеият буд. Яъне, аҳли иътизол дар он хусус баҳс мекарданд, ки чӣ тавр Худо метавонад холиқи бад бошад, дар ҳолате ки чунин сифат бо табиати Ӯ созгор нест. Яъне, Худо табиатан одил аст, аз ин рӯ, вай чӣ тавр бадиро худ офарида, боз ба ивазаш ҷазо медиҳад. 
Баъдтар баҳсҳо дар бораи Худо дар шакли муносибати вай ба олам доир мегардид. Баҳсҳои мазкур аслан дар байни мутакаллимон ва пайравони фалсафаи машшоъ сурат гирифтааст. 
Баҳсҳо дар бораи шинохти Худо баъд аз ташаккули ҷараёнҳои ифротии ваҳҳобия ва салафия боз ҳам шадидтару пурмоҷаро гардидааст. Агарчанде ин ду ҷараён моҳиятан як таълимотро пайгирӣ менамоянд, бо вуҷуди ин салафия ҳамчун шакли таҷдидшуда ва муосири ваҳҳобия дар шинохти Худо навгонию «ихтироъ» - ҳои зиёдро ворид намуда истодааст. Ин ду ҷараён, пеш аз ҳама, Худоро ҷисм маҳсуб дониста, ба ӯ узвҳои инсониро ба таври воқеӣ мансуб медонанд. Ибни Таймия, яке аз назарияпардозони маъруфи асримиёнагии ду ҷараёни мазкур бар он ақида буд, ки Худо чун ман аз осмон фуруд меояд. Дар шароити рушди боавҷи илму технологияи муосир, махсусан беш аз пеш дақиқ гардидани сохтори кайҳону тавсеа ёфтани илми инсонӣ ба фазои дигар сайёраҳо чунин таълимотҳо чӣ тавр ва то ба кадом андоза асоснок мегарданд, номаълум аст.  Аммо як чиз мусаллам аст, ки дар заминаи таълимоти шинохти «дуруст» - и Худо ин ҷараёнҳо тавонистанд бисёре аз урфу одатҳои қадимаи халқҳоро, ки ифодакунандаи вижагиҳои фарҳангии мардум  буданду дар тӯли таърихи ҳазорсола ташаккул ёфта буданд, нест намоянд.  
Салафиҳо бошад, «ихтироъкорӣ» - ро дар самти шинохти Худо идома бахшида, имрӯз ба мавзӯъ хусусияти сиёсӣ бахшида истодаанд. Онҳо ҳукми «Нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ» - ро шарҳ додаистода, даъво менамоянд, ки танҳо Худо соҳибамр асту аҳли башар соҳибамр нест. Аз ин рӯ, набояд амри башарӣ мавриди пайравӣ қарор гирад. Дар ҳамин замина ин гурӯҳ қонунҳои башариро низ мавриди эътибор надониста, ба сарпечӣ аз он даъват менамоянд. 
Комилан равшан аст, ки «ихтироъкориҳо» - гурӯҳҳои ифротии мазкур ҳеҷ рабте бо мазмуни калимаи тавҳид надоранд. Зеро дар калимаи «Тавҳид» сароҳатан иброз шудааст, ки ҳеҷ маъбуд, яъне ибодатшавандае ба ҷуз Аллоҳ нест. Аммо «ихтироъкорҳо» - и исломӣ аз ихтироъкориҳои мардуми Чину Ҷопон ва Аврупою Амрико илҳом гирифта, барои собит сохтани худ ҳамчун уламо дар назди қавми худ ба таҳрифи таълимоти исломӣ даст задаанд. Барои ақли рушднокарда фаҳмост, ки чунин равишу биниш ва шарҳу баён пурра хусусияти супоришӣ дорад. Яъне, хоинони миллату дин ба хотири молу пул на танҳо тақдири миллату давлати худ, балки принсипи асосии таълимоти дини исломро низ ба хоҷагони хориҷии худ, ки аз ивазшавии низому раҳбарият ва қафопартойии раванди рушд дар кишварҳои исломии дар итоатнабуда манфиатдор мебошанд, ба фурӯш гузоштаанд. Бадбахтии иддае аз мардуми мусулмон дар он ифода меёбад, ки онҳо ба гиряҳои сохтаи ин мунофиқону хоинони миллату дин бовар карда, ба онҳо пайравӣ низ мекунанд.    
Аз нигоҳи ин ҷониб дар шинохт ва маърифати Худо бояд ҳукми аҳодис ва оятҳоеро ба роҳбарӣ бояд гирифт, ки дурустии он аҳком тавассути таҷриба собит мегардад. Яъне, агар ҳадисҳою оятҳо дар ин ё он шакле зот, сифот ё табиати Худоро муаррифӣ карда бошанд ва ин хислати муаррифишуда дар ҳаёт тавассути таҷриба исбот шавад, пас чунин мавқею биниш ба ҳақиқат наздик мебошаду ғайри он зери шубҳа қарор дорад. Дар робита ба мавзӯи матраҳшаванда мехостам ба мазмуни ҳадиси мазкур таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад: «Аз Ҷобир разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар фармуданд: «Ҳар дардеро дармоне дорад. Агар дармон дуруст бошад, ба изни Аллоҳ бемор шифо меёбад» Муслим – 2204.
Ҳадиси мазкур зоҳиран содда ба назар расида, гӯё ҳеҷ андешаи ҷолиберо шомил нест. Аммо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба муҳтавои ҳадис хонандаро ба андешаи ҷолибе водор менамояд. Пеш аз ҳама саволе пайдо мешавад, ки байни дурустии дармон ва изни (хоҳиш, иҷозат)  - и Худо чӣ робитае вуҷуд дорад? Магар Худо қудрат надорад,  ки дардро бидуни дармон, ҳадди ақал дармони дуруст шифо бахшад? Агар дармон дуруст бошад, пас барои изни Худо чӣ зарурат аст? Барои шифои дард магар ҳам дармони дуруст ва ҳам изни Худо шарт мебошанд? Кадоме аз онҳо муқаддамтар ва асоситар маҳсуб меёбад?
Ҷавоби дуруст ба саволҳои гузошташуда бешак барои шинохти воқеъбинона ва дурусти Худо кӯмаки зиёд менамояд. Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мантиқи андешаҳои баёншуда моро ба чунин хулосаи дуруст хоҳад овард, ки шарти асосии шифоёбии дард дармони дуруст аст, на изни Худо. Макони ҷойгиршавии пайвандаки шартии «агар»  ҳамчун шарти иҷрои амал асосӣ ва муқаддам будани дармони дурустро дар таносуби зикршуда таъкид менамояд. Ба қавли дигар, агар дармон нодуруст бошад, бемор шифо намеёбад. Дар ин робитаи ҳаводис «изн» - и Худо асосӣ нест, баръакс вай тобеи шарт – дармони дуруст аст. Яъне, дармони дуруст дар раванди таъмини шифо  муқаддам буда, нақши асосӣ ва ҳалкунандаро мебозад. 
Баъд аз дарёфти таносуби ду ҳолат – дармони дурусту изни Худо моро зарур мегардад, ки дар ҳадиси мазкур мантиқи дуруст низ дарёфт шавад.  Моҳияти мантиқи мазкур дар он ифода меёбад, ки   агар барои шифоёбӣ на изни Худо, балки дардмони дуруст асосӣ бошад, чуноне ки ҳодисаи шифоёбии миллионҳо бемор дар шифохонаҳо ҳақиқати онро собит менамояд, пас чунин  қонуният зимни шарҳу тавзеҳ  ва тавсиф ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ низ бояд мавриди татбиқ қарор гирад. Матлабро содатар баён намуда, ҳатто метавонем изҳор намоем, ки изн (хоҳишу ирода) - и Худо ҳеҷ гоҳ мухолифи қонунҳои табиат  ё ҳукми ақл нест, набуд ва намешавад. 
Пас, метавон гуфт, ки Худо танҳо чиз ва ё ҳолатеро ихтиёр ё ирода мекунад, ки  хилофи мантиқ ё ҳукми ақл набошад.  Яъне, иродаи Худо дар робитаи зич бо қонунҳои табиат, ҷамъият  ва ҳукми ақл қарор дошта, дар созгорӣ бо онҳо аз худ дарак медиҳад.    
Қобили зикр аст, ки мантиқи ҳадиси зикршуда дар хусуси амалкарди Худо дар ин ё он ҳолат, ки тавасстуи он Худро ба инсон муаррифӣ менамояд,  бо ҳукми оятҳои зерин низ тақвият меёбад: «Ва аз он ки одамиро ҷуз он  чи амал кардаст, [чизе] нарасад; ва аз он ки саъйи ӯ дида хоҳад шуд» (сураи «Наҷм», оятҳои 38-39); «Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд (Сураи «Раъд», ояти 11).  Мувофиқи маънои ҳукми ояти якум Худо ба инсон ақлу ҳуш дода, ӯро дар иҷрои амал соҳибихтиёр кардааст. Пас, агар инсон дар зиндагӣ роҳи нодурустро интихоб намуд ё сустфаъолиятӣ зоҳир намуд, худ гунаҳгор аст, на Худо. Ба қавли дигар, ҳар он чиро кошт, ҳамонро ҷамъ меоварад. Бояд гуфт, ки маънои ҳукми ояти дуюм ба маънои ҳукми ояти якум наздик аст. Агар дар ҳолати якум субъекти амал фард бошад, дар ҳолати дуюм субйекти амал гурӯҳи иҷтимоӣ аст. Дурустараш маънои ҳукми ояти дуюм ба маънои ҳукми ҳадиси овардашуда бештар қарин аст. Зеро дар ҳар ду мисоли овардашуда – ҳам ҳолати ҳадису ҳам ояти дуюм баённамуда Худо ширкат менамояд, лекин дар шакли ғайрифаъол ва бештар тобеи субйекти амал.  Агар дар оятҳои 38-39 аз сураи «Наҷм» Худо дар ҳар гуна амалкард ба инсон озодии мутлақ дода, ӯро барои натиҷаи амал масъул ҳисобида бошад, пас дар ҳолати ҳадиси овардашудаю ояти 11 аз сураи «Раъд» Худо худ дар канор наистода, балки хоҳишу изни худро тобеи хоҳишу иродаи субйекти амал кардааст.  
Дар заминаи маънои ҳукми ҳадису оятҳои овардашуда метавон ба чунин хулоса расид, ки хоҳишу иродаи Худо ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ, мухолифи мантиқ  ва ғайриоқилона вуҷуд дошта наметавонад. Агар вай ҳаст, пас, вай мувофиқи мантиқ, ҳукми ақл ва қонунҳои табиату ҷамъият аз худ дарак медиҳад. Чун чунин равишу фаҳмиш бо ҳаводиси сершумори табиию ҷамъиятӣ собит мегардад, вай ягона роҳи нисбатан дуруст дар шинохти Худо маҳсуб меёбад.  
 
Абдухалилзода К.А.    
Яндекс.Метрика