НАҚШИ “АЛ-ҚОНУН”-И АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ

1040 сол муқаддам дар деҳаи Афшанаи Бухоро тифле ба дунё омад, ки баъдтар бо осори мондагори илмии хеш номи худро на танҳо дар байни ҳамзамонон, балки давоми садсолаҳо дар таърихи инсоният ҳамчун як нобиғаи нотакрор маълуму машҳур гардонд.

Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик барои ҷаҳониён мероси гаронбаҳо ва арзишмандеро дар тамоми давраҳои таърих бар ҷой гузошта, дар пешрафти кулли соҳаҳои илми дунё нақши бориз доранд.

Ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Миллати тамаддунофари тоҷик бо донишу хиради азалии фарзандони фарзонаи худ сахтиву талхиҳои таърихро паси сар намуда, то имрӯз омада расидааст”. Тамоми адабиёти илмии ҷаҳонӣ нақши тамаддунофаринии халқи тоҷикро эътироф намуда, ҳар паҳлуи онро ба таҳқиқ кашидааст.

Яке аз чунин шахсиятҳои маъруф, ки барои тамоми оламиён хизмат намуда, номи худро дар саҳфаи таърихи ҷаҳон бар ҷой гузоштааст ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино мебошад.

Бешубҳа, нуктаи таъкидии болозикри Пешвои муаззами миллат ба Абуалӣ ибни Сино низ марбут аст. Ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар охири садаи X ва ибтидои қарни XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тиб саҳми босазое гузоштааст.

Пири ҳакимони Машриқзамин Буалӣ Сино, ки дар кишварҳои Ғарб баъдтар бо номи Авитсена машҳур гашт, дар давоми умри 57-солааш аз худ дар илмҳои гуногун 450 асари нодир боқӣ гузошт. Эътирофи дониши бисёрсоҳаи ӯ дар марқадаш, ки дар шаҳри Ҳамадони Эрон воқеъ аст, равшан инъикос ёфтааст. Дувоздаҳ сутуни марқад рамзи дувоздаҳ соҳаи илми он замон буда, Абуалӣ ибни Сино дар ҳар кадоми онҳо асарҳои нодир офаридааст.

Ибни Сино дар дунё аз пурмаҳсултарин олимон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 - солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом ёфтааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абуалӣ ибни Сино он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд.

Ҳамчунин, китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.

Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буд, дарси мадрасаҳо бо ин забон мегузашт. Аз рӯи тадқиқ ва ҳисоби донишмандони муосир шумораи асарҳои Абуалӣ ибни Сино, ки то ҳол маълум шудааст, ба 450 адад мерасад.

Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Хушбахтона, як миқдор шеърҳои тоҷикии Абуалӣ низ ба замони мо расидаанд.

Осори Сино аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Асари «Китобу-л-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил в-ал-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобу-ш-шифо» дар 18 ҷилд, «Лисону-л-араб» дар 10 ҷилд, дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд.

Кулли ин осор дар инкишоф ва такмили илмҳои мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла, китоби “Ал-Қонун”, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, то кунун ба забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, ибрӣ, форсӣ ва урду тарҷума шудааст.

“Ал-Қонун” тақрибан 800 сол дар Ғарб як китоби арзишманд ва асосии тиббӣ буд.

«Ал - Қонун» дар 5 китоб таълиф ёфтааст.
Китоби якум ба назарияи тиб бахшида шуда, аз 4 қисм иборат аст. Дар он пайдарпай мафҳумҳои тиб, бемориҳо, нигоҳдории тандурустӣ ва роҳҳои муолиҷа дида баромада шудаанд.

Дар китоби 2-юм таълимоти Абуалӣ ибни Сино оид ба тадқиқу санҷиши 811 навъ доруҳои сода, тарзи тайёр кардану хосияти онҳо, дорушиносӣ, тарзи истифодаи доруҳо, қоидаҳои ҷамъоварӣ ва озмоиши онҳо гирд оварда шудаанд.

Китоби 3-юм калонтарин буда, ба тасвири бемориҳои алоҳида ва муолиҷаи онҳо бахшида шудааст. Зимнан, ҳар қисм муқаддимаи анатомӣ-топографӣ дорад.

Китоби 4-ум ба ҷарроҳӣ, муолиҷаи баромадагиҳо ва таълимоти умумӣ оид ба буҳрони бемориҳо бахшида шудааст. Дар он, инчунин, оид ба саратонҳо, бемориҳои фасоднок ва бемориҳои сироятӣ маълумот дода шудааст.
Китоби 5-ум тасвири доруҳои мураккаб, инчунин, заҳрҳо ва позаҳрҳоро дар бар мегирад.
Аз 2600 воситаи доругӣ, ки дар «Қонуни тиб» оварда шудааст, 1400-тои он пайдоиши рустанигӣ доранд.

Рустаниҳои барои муолиҷа пешниҳоднамудаи Абуалӣ ибни Сино гуногунранг буда, баъдтар аксари онҳо ба фармакологияи илмӣ ворид карда шудаанд..

Ҳакими бузург барои табиб 3 воситаи асосии муолиҷаро муайян кардааст: сухан, гиёҳ ва теғ.
Дар таърихи тиб дар баробари дарёфти усулҳои муолиҷаи бемориҳои гуногун саҳми Ибни Сино дар пешгирии бемориҳо низ махсус зикр гардидааст. Вай ишора менамояд, ки «аз ҳама асосӣ барои нигоҳдории саломатӣ машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ, риояи реҷаи хӯрок ва хоб мебошад».

Абуалӣ ибни Сино вобаста ба мушоҳидаҳои бисёрсола ва омӯзиши осори олимони қадим назарияи худро оид ба омилҳои сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ кор карда баромада, тавсияҳоро барои огоҳондани одамон аз ин сироятҳо пешниҳод намудааст.

Дар таърихи илми тиб бори аввал ӯ аз мавҷудияти ҷонзодҳои ноаён, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд, маълумот додааст. Баъди 800 сол биологи машҳур Луи Пастер ин пешгӯии олими номиро дар таҷрибаи амалӣ тасдиқ намуд.

Ибни Сино пешниҳод менамояд, ки бояд на беморӣ, балки бемор табобат карда шавад ва дар ин росто вайроншавиҳое, ки дар ҷисм пайдо мегарданд, дар алоқамандӣ ба муҳити атроф дида баромада шаванд, зеро самараи аз ҳама муфиди табобатӣ дар ҳолати муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди муҳити атроф ба даст меояд. Олими машҳур ҳаво, характери маҳал ва фасли солро омилҳои асосии этиологӣ меҳисобид. Чунин самти омӯзиш ба ӯ имкон медод, ки чораҳои пешгирии бисёр бемориҳо дарёфт шаванд. Вобаста ба ҳар фасли сол ӯ сифат ва миқдори хӯрокиҳоро кор карда баромадааст.

Барои нигоҳдории саломатӣ Ибни Сино 7 омилро муҳим мешуморад: мувозинати мизоҷ, интихоби ғизо, тозакунии ҷисм аз чизҳои зиёдатӣ, пешгирии фарбеҳӣ, тозакунии он чизе, ки ба воситаи бинӣ ба ҷисм ворид мегардад, либоси тозаю озода, мувозинати ҳаракатҳои ҷисмонию рӯҳӣ. Ҳамаи ин ба тасаввуроти имрӯза оид ба тарзи ҳаёти солим мутобиқат менамоянд.

Ғизои фоидабахшро Абуалӣ ибни Сино яке аз омилҳои муҳими нигоҳдории саломатӣ ҳисобида, реҷаи ғизоро вобаста ба фаслҳои гарм ва сарди сол, синни одамон, инчунин гуногунрангии ғизо муайян намудааст. Чунин гуфтаи ҳакими бузург то имрӯз ниҳоят муфид мебошад, ки одам бояд хӯрокро ҳамчун дору қабул намояд ва ҳангоми табобат бояд реҷаи муайяни ғизоро риоя кунад.

Ба ақидаи ӯ, ба саломатии одам макони зисти вай низ таъсир мерасонад ва дар ин маврид мегӯяд: «Касе, ки ҷойи истиқомат интихоб менамояд, бояд донад, ки хоки он чӣ гуна аст, заминаш паст аст ё баланд, атрофаш кушода аст ё пӯшида, оби он маҳал чӣ гуна аст».
Олим чунин мешуморад, ки дар нигоҳдории ҳолати солимии одам фаъолнокии ҷисмонӣ нақши муҳим дорад. Агар одам ба таври муътадил ва саривақтӣ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул гардад, ба ягон навъи табобат муҳтоҷ намегардад, вале машқҳои тамринӣ бояд ба ҳар одам мувофиқ бошанд.

Оид ба инкишофи бемориҳо андеша ронда, Абуалӣ ибни Сино ба нақши системаи асаб ишора менамояд ва онро дар алоқаи мутақобила бо муҳити атроф мебинад. Чунин амалҳо, ба монанди хирад, ҳаракати фаъол, хоб ва қавирӯҳӣ, характери вокуниши ҷавобӣ ба омилҳои беруна (гармӣ, сардӣ ва ғайра) - ро ба дигаргуниҳои мизоҷ вобаста меҳисобад. Мизоҷ 4 навъ мешавад - гарм, хунук, хушк ва тар. Донишҳои оид ба мизоҷ доштаашро Абуалӣ ибни Сино ба мақсади безараркунонии хосиятҳои заҳрнокии доруҳо истифода мебурд.

Пешниҳодҳои табиби бузург оид ба тарбия, инкишоф ва муолиҷаи кӯдакон ба муаррихони тиб имкон додааст, ки ӯро яке аз асосгузорони педиатрия ҳисобанд. Дар «Ал - Қонун» гуфта мешавад, ки барои доно, ҷасур, ҳалим ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим инкишоф ёфтани кӯдак бояд ӯ тарбияи ҳаматарафа гирад. Ҳакими бузург, пеш аз ҳама, хусусиятҳои хоси сохтори анатомӣ ва функсияҳои физиологии ҷисми кӯдакро муайян кардааст. Ӯ ба инкишофи дохилибатнии ҷанин аҳамияти махсус дода, ба он ишора менамояд, ки дар давраи инкишофи дохилибатнӣ мумкин аст бо сабабҳои гуногун вайроншавиҳои физиологии кӯдаки оянда рух диҳанд.

Ибни Сино давраҳои ҳаётии умри одамро ба таври худ пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, давраи инкишоф ва навҷавониро то 30-солагӣ ҷудо кардааст, ки он дар навбати худ боз ба се давра тақсим мешавад: якум - тифлӣ, ки ҷисми кӯдак ҳанӯз барои бархостан ва ҳаракат кардан омода нест. Дуюм - бачагӣ, ки баъди бархостан ва ҳаракат кардан дандонҳо ҳанӯз пурра наафтодаанд ва пурра насабзидаанд. Сеюм, давраи сабзиш ва наврасӣ унвон гирифтааст. Табиб вобаста ба ин тақсимот инкишофи бемориҳои гуногуни кӯдаконро баррасӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки ба тарбияи кӯдак бобҳои махсуси «Ал - Қонун» бахшида шудаанд. Дар мавриди ғизодиҳии кӯдаки ширмак Ибни Сино шири модарро ба ғизое баробар ҳисобидааст, ки кӯдак ҳанӯз дар батни модар, яъне то ба дунё омадан қабул мекард ва таъкид менамояд, ки макидани синаи модар навзодро аз ҳама гуна азиятҳо раҳо менамояд. Ҳангоми нокифоя будани шири модар тавсия медиҳад, ки бояд ё ғизои модар беҳтар ё дояи ширдеҳ кироя карда шавад. Бо пайдоиши дандонҳои аввалин ғизои зичтар - нон бо об ва ширро тавсия медиҳад.

Синои бузург таъкид менамояд, ки кӯдакро аз синаи модар тадриҷан ва бе таъсироти манфӣ ҷудо кардан лозим аст. Давомнокии муҳлати синамаконии мувофиқ барои кӯдак дар «Ал - Қонун» 2 сол аст. Абуалӣ ибни Сино як қатор ҳолатҳои патологӣ ва муолиҷаи кӯдакони ширмакро нишон додааст. Аз рӯи гуфтаҳои табиб ташхис бояд ба нишондодҳои воқеӣ такя намояд - пурсиш, натиҷаи муоина, муайянкунии набз, намӣ ё хушкии пӯст ва ғайра.

Ҳамчун таҳқиқотчӣ Ибни Сино ҳамеша мекӯшид, ки сабабҳои бемориҳоро маълум намояд ва вобаста ба ин муолиҷаро таъйин кунад. Ҳангоми дилхоҳ бемориҳои кӯдакон табиби бузург тавсия медод, ки миқдори воситаҳои доругӣ мутаносибан ба вазни кӯдак таъйин карда шаванд.

Ибни Сино аввалин шуда дар «Ал - Қонун» нишонаҳои бемории кирми рӯдаи кӯдаконро нишон додааст. Вай ишора менамояд, ки дар шиками кӯдакон баъзан кирмҳое пайдо мешаванд, ки онҳоро ноором месозанд. Қисми бештари онҳо дар қисмати мақъад ҷойгир мебошанд. Ҳангоми пайдоиши кирмҳои дароз дар кӯдакон бо миқдори ками обҷӯши явшон муолиҷа мекард ва ҳангоми нӯшонидани кӯдак вазни ӯро ҳатман ба эътибор мегирифт.

Фақат соли 1830 олимони аврупоӣ Калер ва Алмс тибқи гуфтаҳои Ибни Сино аз қисмҳои зеризаминии явшон моддаи сантонинро ҷудо намуданд, ки барои нобудкунии кирмҳои рӯда самараи хуб медиҳад.

Теъдоди воситаҳои табобатии таъ-йиннамудаи Ибни Сино ниҳоят бузург аст. Аз ин хотир, дар «Ал - Қонун» ӯ оид ба қоидаҳои истифодабарии доруҳои гуногун ба таври муфассал маълумот додааст. Вай аз табиб тақозо мекунад, ки вақти таъйин намудани ин ва ё он дору бояд равшан донад, ки чаро чизи дигар не, балки маҳз ҳамин доруро ба бемор тавсия медиҳад. Дар ин маврид табиби бузург риояи вояи истифодаи доруи табобатиро шарти асосии муолиҷа меҳисобад.

Ибни Сино риояи реҷаи қабули доруро низ ҳатмӣ ҳисобида, усулҳо ва мавқеи ворид намудани онҳоро равшану возеҳ баён намудааст. Дар баробари ин, таъкид менамояд, ки табиб бояд дар тамоми муҳлати муолиҷа беморро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад, зеро баъди қабули дору дар ҷисми бемор тағйироти гуногуни биохимиявию функсионалӣ ба вуҷуд меоянд ва барои пешгирии оқибатҳои нохуш сари вақт бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Умуман, афкори бебаҳои илмӣ ва ғояҳои нотакрори ҳакими бузург Абуалӣ ибни Сино, ки дар «Ал - Қонун» баён ёфтаанд, то имрӯз ба инсоният дар рафъи мушкилоти зиёд ҷиҳати нигоҳдории тандурустии одамон хизмат менамоянд.

Дар кишвари азизи мо - Тоҷикистон барои гиромидошти мутафаккир Абуалӣ ибни Сино Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино – ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967) таъсис дода шудааст. Акси Ибни Сино дар пули миллии кишвар инъикос ёфтааст ва номи ӯ ба майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузошта шудааст, пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтаанд.

Калонтарин махзани хиради ворисони ҳақиқии Сино - муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи пуршарафи Абуалӣ ибни Синоро дорад.

Саранҷом, иди касбии кормандони соҳаи тибби кишвар рӯзи 18 август, яъне дар зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад, ки нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин фарзанди фарзонаи миллат аст.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор

Бознашр аз гурӯҳи آل سامان

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика