Барои халқи тоҷик таърих яке аз омилҳои муттаҳидкунанда ва инчунин муаррифкунандаи халқи тоҷикон ба ҷаҳониён мебошад, ки омӯзиши фарҳангӣ бостонии тоҷик моро ба гузаштаи пуршараф шинос мекунад, ба ваҳдати миллӣ ва халқӣ даъват мекунад, таҳаммулпазириро меомӯзад, хоҳиши зиндагӣ кардан дар ояндаи дурахшон ва ғайраро меомӯзад. Мероси фарҳангиву таърихии халқи тоҷик шаҳодат аз давлатӣ қадимаву соҳиб тамаддуну бо фарҳангӣ тоҷикон далолат медиҳад. Халқи тоҷик тавонист фарҳангу ниёгони худро дар давоми ҳодисаҳои таърихӣ, забткориҳои арабҳо, зулму ситам аз тарафи муғул ҳифз нигоҳ дорад.
Воситаи муассиртарини муттаҳидсозии халқи тоҷик муаррифии фарҳанги тоҷикони бостонӣ метавонад, асарҳои барҷастаи хирадмандони халқи тоҷик бошад, ба монанди: ”Осор-ул-боқия”-и А. Берунӣ, “Наврӯзнома”-и У. Хайём, “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ ва ғайра бошанд.
Сарфи назар аз таърих, ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои илмии халқҳои ориёизобон “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ дурахшонтарин аст, ки дар он тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ, мероси фарҳанги халқи тоҷик дарҷ гардидааст. Абурайҳони Берунӣ дорои худшиносии бузурги миллӣ буд,ки академик И. Ю. Крачковский онро нодида нагирифтааст: “Дар асари Берунӣ “Осор-ул-боқия” хусусияти хоси Беруни барои ояндаи равшан баназар мерасад, бевосита худшиносии Берунӣ дар мадди аввал меистад” [120с]. Маросимҳо ва урфу одатҳо, идҳо расму оинҳо муфассал дар осори Берунӣ оварда шудаанд, ки шаҳодат аз фарҳанги қадим доштани тоҷикон медиҳад.
Дар бораи фарҳанг ва арҷуманд нигоҳ доштани иду маросимҳои мо -Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат - Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: “Фарҳанг унсури муҳимтарини ҳастӣ ва бақои миллат, муаррифгари дастовардҳои арзишманди моддиву маънавӣ ва муайянкунандаи мақом ва ҷойгоҳи миллат дар арсаи байналмиллалист [2].
Яке аз идҳои қадимаи халқи тоҷик ин иди наврӯз баҳисоб меравад. Маънои калимаи наврӯз яъне ҷашн ва вожаи ҷашн дар фарҳанги мардуми тоҷику форс ба маънои рӯзи шодмонӣ истифода мешавад. Усулан ҳар рӯзе, ки дар он ёдбуде аз хушӣ ва шодмоние барои гурӯҳе аз мардум бошад, аз замони тавлиди Наврӯз боз ҷашн номида мешавад. Ҷашн аз вожаи ясн гирифта шудааст. Ин вожа дар забони паҳлавӣ ба сурати “язшен” ва ба маънои ситоиш ва парастиш истифода мешудааст. Наврӯз, ки аз решаи калимаи паҳлавии “нукруч” ё “нук” гирифта шудааст, маънои “Рӯзи нав”-ро медод. Зеро “нук” дар забони паҳлавӣ ба маънои тоза ва зидди кӯҳна истифода мешудааст. “Рӯз” ё “руч” бошад, ба маънои вақт ва замон (аз тулӯъ то ғуруби Офтоб) омада будааст. Ба ҳар ҳол Наврӯз калимаи мураккаб аст, ки аз вожаҳои “нукруч” ё “нук” ба миён омада, ба мафҳуми “Рӯзи нав” истифода мебаранд.
Чунин шуморида мешавад, ки Иди Наврузӣ дар Эрони Қадим пайдо шуда, ба парастиши Офтоб ва номи паёмбари афсонавӣ Зардушт алоқаманд аст. Мувофиқи ривоятҳои асотирӣ дар ин рӯз воқеаҳои зиёди афсонавӣ ба амал омадаанд: “Зардушт ҳамчун худо интихоб карда мешавад, то ки ба мардум бахту саодат ато фармояд. Заминаҳои пайдоиши Зардуштия, дар нимаи аввали ҳазораи пеш аз милод дар ҳаёти мардуми ориёнажод тағйироте ба вуҷуд омадаанд, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо таъсири зиёде бахшидаанд. Аз ҷумлаи ин тағийрот гузариш аз ҳаёти бадавӣ ба шаҳрӣ, аз кӯчманчию чорводорӣ ба ҳаёти муқимию кишоварзӣ, пайдоиши давлатҳои бузурги салтанатӣ (шоҳигарӣ), рушди бесобиқаи иқтисодӣ ва иқтидори сиёсӣ ва ғайра мебошанд. Вақте ориёиҳо ба минтақаҳои васеи Эрон, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон кӯч карданд, дар ин сарзамини васеъ ба ҷуз чорводорӣ ба кишоварзӣ бештар машғул шуданд. Кишоварзӣ ба соҳаи асосии хоҷагидории онҳо мубаддал гардид.
Тафаккури пештара ва динҳои бисёрхудоӣ, динҳои табии ориёиҳо, ба ҳаёти муқимию давлатҳои бузурги бинокардаашон чандон мувофиқат надошт. Ин ҳодиса дар таърихи инсоният фақат хоси эрониёни бостон нест, ин як сайри таърихие аст, ки бисёре аз халқҳо онро тай кардаанд, фақат дар паҳнои таърих яке зудтар ва дигар баъдтар. Дар асрҳои 8-7 эрониҳо табадуллоти маънавиеро интизор буданд, ки ниёзҳои онҳоро дар ин давра қаноатманд созад, чи дар низоми моликият, чи дар тамаддун. Албатта, ин тағйирот дар ҳама ҷо якнавохт набуд. Ориёиҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон вобаста ба зиндагии қабилавӣ берун шуда, ба умумияти дигари иҷтимоӣ- халқ ворид шуданд, аммо ориёиҳо ба Ҳинд ворид шуда, боз муддате сохти қабилавии худро нигоҳ доштанд. Баъд онҳо ба парастиши бисёрхудоӣ рӯ оварданд, маҳз дар ҳамин саҳна Зардушт омада, мардумро ба дини тавҳидӣ даъват мекард, бисёрхудоиро аз зиндагии мардум берун кард ва яктопарастиро асоси таълимоти худ қарор медод. Ҳадафи Зардуштия хушбахт кардани мардум буд. Ҷашну маросимҳо бошад, барои хурсандкардани мардум ҷашн гирифта мешуд. Дар ҳамон вақтҳо низ иди наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешуд” [7]. Шоҳи асотирӣ Таҳмурас “девҳои бадкин ва одамони бе раҳму шафқатро ба зиндон мепартояд” ва “Гуштосп бошад, шоҳдухтар Каетун ва Ҷомосп оини Маздаясноро қабул мекунанд”. Тавлидёбии Наврузро низ ба номи шоҳи афсонавӣ Ҷамшед алоқаманд мекунанд, ки дар ин рӯз шӯълаҳои офтоб ба ӯ нурпошӣ мекунанд.
Сарчашмаи қадимтарине, ки дар он ҷашнгирии Навруз ёдоварӣ мешавад, китоби муқаддаси дини зардуштӣ “Авесто” мебошад. Тибиқи таълимоти “Авесто”, инсонҳо бояд ҳар баҳор ба вуҷуд омадани ҳаётро дар рӯи заминро қайд кунанд, ки он “дар шаш шакл” (осмон, об, замин, растаниҳо, ҳайвонот ва инсон) тавлид ёфтааст.
Ҳарчанд дар тӯли таърихи Эрони бостон, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Опонгон, Яздон ва ҷашну маросимҳои дигар ҳамеша бошукӯҳ баргузор мешуданд, лекин ҷашни Наврӯз ягона ҷашнест, ки дар тӯли таърихи дуру дароз ҳамвора аҳамияти худро ҳифз карда ва ҳамеша мондагор будааст. Хосияти фаромиллиятӣ ва фародинии Наврӯз, яке аз далоили аслии истиқомат ва ҳамагонӣ будани он дар байни мардумони мухталиф аст. Маълумотҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ то ба мо омада расидаанд. Масалан, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири бузурги форсу тоҷик, маншаъи иди Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед, сарсилсилаи подшоҳони пешдодӣ нисбат дода, дар “Шоҳнома” ин андешаро чунин баён мекунад. Ҷамшед ҳафтсад сол ҳукмронӣ карда будааст. Вай дусад соли аввали давраи подшоҳии худро ба чор марҳалаи баробар тақсим кард. Дар панҷоҳ соли аввал ба мардум истеҳсолу гӯдохтани фулузот ва аз онҳо сохтани аслиҳаи ҷангиро омӯзиш дод. Дар панҷоҳ соли дуввум ба мардум ҳунари дузандагию бофандагӣ, порчаҳои мухталифу таҳияи либосро ёд дод. Дар панҷоҳ соли сеюум ҷомеаро ба чаҳор табақа – руҳониён, низомиён, кишоварзон ва савдогарон тақсим намуд, ки ҳар кадом дар шуғли худ соҳибтахассус шуд. Дар панҷоҳ соли чорум ободонӣ ва ривоҷи илму фарҳангро дар кишвар ба вуҷуд овард.
Пас аз поён расидани давраҳои зикршуда Ҷамшед ҳамчун шоҳ тоҷгузорӣ мешавад. Дар рӯзи оғози ҳукумати худ ӯ дастур дод, ки ин рӯзро ҳарсола ба унвони “Рӯзи нав” ҷашн гиранд. Аммо дар ҳуҷҷатҳои қарнҳои пеш аз мелоди ба мо расида дар бораи Наврӯз чизе гуфта нашудааст. Бисёре аз муҳаққиқони имрӯза бар он ақидаанд, ки гӯё яке аз далоили сохта шудани маҷмааи бузурги порсӣ — Тахти Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯз тавассути шоҳони Ҳахоманишӣ будааст.
Адабиёти истифодашуда:
1.Саид Нуриддин Саид, Аҳмадов Саид, Нурулҳақов Қамар, Назаров Рустам. “Диншиносӣ”. Душанбе: Маориф, 2019-484 с.
2.Ҳамдам Муминзода. “Зардушт ва оини ӯ. Иборат аз ду қисм. Душанбе, 1993 c.
3.З. Зиёева. “Наврӯз ҳувияти миллист”.
4.А. Берунӣ. Осор –ул-боқия, с. 1990, “Ирфон”, с. 285.
Фотимаи Ш – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ