Ҷавонон қувваи бузург, ояндаи давлату миллат, неруи ояндасозу умеди калонсолон, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Насли наврасу ҷавонро мебояд, зери ин шиорҳои умедворона қадам ниҳода кору фаъолият намоянд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар мавқеи ҷавонон хеле назаррас аст. Ин қишри ҷомеа дорои афкори наву тоза, неруи муҳими таҳрикдиҳандаи иқтисод мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Махсусан, Пешвои миллат ба нерўи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон ба масоили ҷавонон диққати махсус дода, ҷавононро хитоб намуда, онҳоро барои ҳифзи Ватан, амнияти давлат, донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир тарғиб мекунанд ва ба онҳо чӣ будани неъмати ваҳдату истиқлолиятро баён месозанд, инчунин онҳоро аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳанд, ки ин далолат ба ғамхор будани Пешвои миллат ба мардуми тоҷик, хусусан насли наврас ва ҷавонон мекунад.
Ҷаноби Олӣ – Пешвои миллат ифтихор аз он ҷавононе доранд, ки дар пешрафт ва муаррифии давлати тоҷикон иштирок ва саҳмгузор мебошанд. Аз ҷумла, дар паёми телевизионӣ ба ифтихори Рўзи ҷавонон ба ҷавонони миллат чунин муроҷиат карда, гуфта буданд: «Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд»
Пешвои миллат ҳифзу ободонии кишвар ва ба наслҳои оянда ҳамчун мерос гузоштани Ватани азизамонро масъулияти бузурги ҳар фарди ҷомеа ва бахусус ҷавонони баномуси миллат хондааст. Аз ин ҷост, ки Ҷаноби Олӣ дар робита бо суханони мазкур чунин қайд намуданд: «Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд».
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик дар солҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад. Ин неъмати бузургест, ки барои миллати тоҷик мушарраф гаштааст. Пешвои миллат дар суханрониҳояшон ба ҳифзу нигаҳдорӣ ва қадрдонии ин неъмати бебаҳо такрор ба такрор таъкид менамоянд. Аз ҷумла, ба ин мазмун ба ҷавонони тоҷик чунин хитоб карданд: «…Ба шумо, ҷавонони азиз муроҷиат менамоям, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред».
Мо ҷавонон бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки Пешвои миллат ба азму иродаи мо ва рисолати бузург – ҳифзи Ватан аз ҳама гуна хатарҳо ва шукри обу хоки диёр бовар дошта, ба ҷавонони иродаманду бошараф муроҷиат карда, гуфта буданд: «Ман ба азму иродаи шумо ва тамоми ҷавонони мамлакат бовар дорам ва медонам, ки аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф сарбаландона мебароед».
Ногуфта намонад, ки дастгирӣ ва мусоидати Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар пайваста буда, нишонаҳои он дар самтҳои алоҳидаи фаъолият ба мушоҳида мерасад, ба хусус дар роҳи таҳсили ҷавонон дар дохилу хориҷи кишвар. Пешвои миллат дар суханронӣ бо донишҷўёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд ва дар симои онҳо ба тамоми ҷавонони миллати тоҷик чунин хитоб намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди тамоми душвориҳо, кӯшиш дорад, ки нисбат ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намояд, барои таҳсил ва кору зиндагии онҳо шароити мусоид ба вуҷуд орад. Зеро ояндаи неку обод, обрӯю нуфузи кишвару давлат ба шумо, ҷавонон, сахт вобаста аст».
Чунончи аз ин ишораҳо бармеояд, ки Сарвари давлат ба ҷавонони тоҷик хеле таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхории беандоза дорад. Дар баробари ин ғамхориҳои пайваста ва меҳр, ки аз ҷониби Пешвои миллат нисбати ҷавонони диёр раво дида шудааст, инчунин бо таъкид Пешвои миллат ҷавононро аз оқибатҳои нохуши ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳушдор додааст, зеро ҳама гуна хатарҳо ва равандҳои манфие, ки сар мезананд, нахуст ба насли наврас ва ҷавонон сироят мекунад. Ин нуктаи ниҳоят муҳимро Пешвои миллат хирадмандона дарк намуда, дар суханрониҳояшон ҷавононро аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои нохўши он ҳушдор ва таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар суханронӣ бахшида ба Рўзи Дониш ба ин маънӣ ба ҷавонон чунин ишора намуданд: «…Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем».
Дар робита ба ин суханҳо Пешвои миллат дар суханронии ба ифтихори Рўзи ваҳдати миллӣ низ чунин қайд карда буданд: «Аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ доштани мардуми кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа вазифаи оливу виҷдонии ҳар як фарди ватандӯст махсусан, шумо ҷавонони ояндасоз, мебошад».
Президенти ғамхори кишвар ҷавононро аз ин ҳам дида хатарҳои ҷиддитар огоҳ кардааст ва ба онҳо омилҳои муҳимтарини пешгирикунандаро тавсия додааст. Аз ҷумла, дар суханронӣ ба ифтихори ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма ба ҷавонон чунин муроҷиат намуданд: «Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба солимӣ ва осоишу оромии инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои гуногуни сирояткунанда ба монандӣ: каронавирус, нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои номатлуб гаравидани ҷавонон таҳдид мекунанд, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарини пешгирикунанда мебошад».
Ҷаҳони муосир зери таҳдидҳои равандҳои манфии глобалии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва яке аз ин омилҳо аз ҷониби гурўҳҳои бегонаи манфиатҷў ба доми худ даровардани ҷавонон мебошад. Пешвои миллат ин омили манфиро хеле хуб дарк карда, чунин гуфта буданд: «Мо бояд коре кунем, ки ҷавонони мо гирифтори доми фиреби гурӯҳҳои бегонаи манфиатҷӯй нагарданд».
Боиси хушнудӣ ва сарбаландиву ифтихори мо ҷавонон аст, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат ҷавононро давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат гуфтанд ва соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карданд.
Инҳо қатрае аз ишораҳои ғамхоронаи Пешвои миллат ба ҷавонони баномусу бошарафи тоҷик буданд, ки арза доштем ва ин гуна суханони ҳакимонаву орифона ва хирадмандонаву пандомез дар ҳама суханрониҳои Пешвои миллат баҳри роҳнамоии насли наврас ва ҷавонон мушоҳида мегардад.
Хулоса, метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхору мададгори ҷавонон мебошанд.
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ